Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
23.12.2022, шаҳри Душанбе
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.
Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Мехоҳам Шуморо ба муносибати бо муваффақият қабул шудани Қатъномаи А/77/443, таҳти унвони “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки бо ташаббуси ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 153 кишвари ҷаҳон пешбарӣ шудааст, табрик намоям.
Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дар доираи боздиди корӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз собиқадори соҳаи кишоварзӣ Абдувоҳид Салимовро аёдат намуда, ба номбурда кӯмакҳои моддӣ расонид. Абдувоҳид Салимов 76 сол дошта, солҳои зиёд дар хоҷагии қишлоқ кор кардааст.
Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Спитамен
Нимаи дуюми рӯзи 21 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Спитамен собиқадорони меҳнатро аёдат кард.
Раиси вилоят нахуст ба манзили сокини ҷамоати Истиқлоли ноҳия омада, аз ҳоли собиқадори соҳаи тандурустӣ Ҳасанбой Каримов хабар гирифт. Тавре иттилоъ дода шуд, Ҳасанбой Каримов солҳои зиёд барои ҳифзи солимии ҷомеа заҳмат кашида, 20 сол дар вазифаи сардухтур фаъолият бурдааст.
Боздиди Раиси вилоят аз гармхонаҳои сокинон дар ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов
21 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов бо фаъолияти гармхонаҳо шинос гардид.
Дар ноҳияҳои Спитамену Ҷаббор Расулов ташкили гармхонаҳои хурд дар заминҳои наздиҳавлигӣ маъмул буда, сокинони меҳнатқарини ин ноҳияҳо дар ҳавлӣ ва заминҳои наздиҳавлигии худ теъдоди зиёди гармхонаҳоро ташкил намуда, ҳосили хуб ба даст меоранд. Кишоварзони чашмикордони ноҳияҳо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, аз гармхонаҳо то 3-4 ҳосил мерӯёнанд.
Матолиби бештар...
- Маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2022”
- Маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои «Донишҷӯи сол – 2022» ва «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят»
- Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти ширкати ««B.A Holding»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон
- Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум