Ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Раиси вилоят

Дар толори хурди Муассисаи давлатии «Кохи Рўдакӣ»-и маркази вилоят ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси вилоят ва ҳамзамон Раиси Шўро Абдураҳмон Қодирӣ ифтитоҳ намуда, нахуст рўзномаи ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва аъзои нави Шўроро муаррифӣ кард.

 Раиси Шўрои машваратӣ Абдураҳмон Қодирӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар раванди ҷомеаи муосир ҳарф зада, таъкид дошт, ки дар 11 моҳи соли равон ба вилоят ба маблағи наздик 230 миллион сомонӣ сармоя ворид гардидааст, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 2,6 маротиба зиёд аст.

Ҳамзамон, дар баробари баррасии масъалаҳои марбут ба мавзўъ, бобати самаранок истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар вилоят, ки дорои имкониятҳои хоса аст, таъкид дошт.

Дар ҷаласа устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Абдуаҳад Ёқубов дар мавзўи «Вазъ ва дурнамои истифодабарии энергия дар вилояти Суғд» суханронӣ намуда, зикр дошт, ки вилоят дорои захираҳои бузурги манбаъҳои энергияи барқӣ мебошад.

Зикр гардид, ки бо истифодаи технологияҳои навин алҳол дар якчанд корхонаву муассисаҳо аз манбаъҳои муфиди энергия, аз ҷумла дар осоишгоҳи «Баҳористон», истироҳатгоҳи ҷавонону наврасони «Шоҳин»-и шаҳри Қайроққум аз қувваи шамол ва офтоб ҳамчун манбаи истеҳсоли энергияи барқӣ истифода мебаранд.

Дар ин раванд зарур аст, ки корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ, аз қабили Корхонаҳои муштараки «Зарафшон», «Анзоб», «Адрасмон» ва ғайра бобати истифода аз технологияҳои навини ҷаҳонӣ бобати истифодабарии энергияҳои алтернативӣ, аз ҷумла аз офтобу шамол корбарӣ намоянд.

Ба Шўрои шаҳрсозии вилоят низ тавсия гардид, дар бунёди иншооти бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, биноҳои баландошёна аз ин таҷриба, ки дар баъзе мамолики ҷаҳон тавсеа ёфтааст, истифода кунанд.

Дар кори ҷаласа инчунин директори ҶДММ «Тиниал» Зафар Охунов, директори генералии ташкилоти қарздиҳии «Имон - интернешнл» Санавбар Шарифова, аъзоёни Шўрои машваратии вилоятӣ Ҷамшед Қаюмов, Сайдулло Ҳошимов оид ба масъалаҳои истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар вилоят фикру андешаҳои судманд ва таклифҳои қобили таваҷҷўҳро пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи шашуми Шўрои машваратии назди Раиси вилояти Суғд оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ нақшаи чорабиниҳои минбаъда тасдиқ гардид ва дар ҷаласаи минбаъдаи Шўрои машваратӣ ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳаи тандурустӣ, вазъи соҳа, бахусус рушди бахши хусусӣ ва сатҳи хизматрасонӣ дар соҳаи тандурустии вилоят мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Хабарнигори «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh