ХИЁНАТИ НАВИ НАҲЗАТИҲО Ё ЧАРО ОНҲО АЗ БЕҲБУДИ МУНОСИБАТҲОИ ЭРОН ВА ТОҶИКИСТОН ЧУНИН МЕТАРСАНД? ХИЁНАТИ НАВБАТИИ НАҲЗАТИЁН ЧИСТ?

Ҳафтаҳои охир муҳокимаи васеи вазъияти муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мавзуи муҳимтарини суҳбатҳои сиёсӣ ва барномаҳои иттилоотии гурўҳҳои ба ном мухолифи давлати Тоҷикистон, махсусан пайравони боқимондаи ҳизби ифротгарою террористии наҳзат табдил шудааст. Онҳо ба тамоми қувва ва имкониятҳои худашон ва ҷалб намудани «коршиносон» кўшиш мекунанд, ки сабабу моҳияти ин тағйиротро дарк намоянд ва ё онро ба таври худашон шарҳ диҳанд.

 

Аммо шарҳу муносибати наҳзатиён ба ин мавзўъ баъзе ҳақиқатҳоро ошкор менамояд, ки ҳатто ҳайратоваранд. Муҳимтарин чизе, ки дар мавқеъгирии наҳзатиён дар ин масъала ба назар мерасад, хиёнат аст. Хиёнат ба халқ, ватан, миллат ва давлати худ. Бе ягон шарму ҳаё бар зидди давлату миллати худ мавқеъ гирифтан.

Мо борҳо дар мақолаҳо ва таҳлилҳои шахсӣ ва якҷояи худамон бо мутахассисон қайд карда будем, ки ин гурўҳи ифротӣ мафҳуми ватану миллат ва ватандўстию нангу номуси миллиро намедонад. Ин муқаддасот барои наҳзатиён бегона ҳастанд ва ин борҳо исбот шудааст. Тавре Пешвои муаззами миллатамон борҳо фармудаанд, «терроризм ватану миллат надорад». Бале, ин ибора дар мисоли фаъолияти наҳзатиён бори дигар исбот шуд, зеро онҳо танҳо дар як моҳи охир ду бор бегонагии худашон ба ин ватану ин миллат ва хиёнаткор будани худро нишон доданд.

Хиёнати якуми наҳзатиён дар ин моҳ мавқеи зиддимиллӣ ва зиддиватании онҳо дар баҳсҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон буд, ки онро ҳамаи миллат нағз дар ёд дорад. Дар он рўзҳо на танҳо тоҷикон, балки худи қирғизҳо ҳам ҳайрон монданд, ки Тоҷикистон «оппозитсия»-е доштааст, ки дар низои байни ду давлат бар зидди ватану миллати худ истода, тарафи давлати бегонаро мегирифтааст. Ин гуна оппозитсияи ватанфурўш барои қирғизҳо дар ҳақиқат ҳам як бозёфти бузург шуд. Аз ин сабаб шабакаҳои телевизонии Қирғизистон бо як овоз ҳамчун далели асосии «ҳақ будани қирғизҳо» бо тантана эълон карданд, ки «ана, оппозитсияи тоҷик тарафи қирғизҳоро гирифт!» Ба ибораҳои худашон, онҳо дар симои «опозитсияи тоҷик» барои худ дар ҷанги иттилоотии зидди Тоҷикистон як «шарики боэътимод» ёфтанд.

Албатта, қирғизҳо ин хиёнати наҳзатиёнро дар муборизаи иттилоотӣ бар зидди тоҷикон ба таври васеъ истифода карданд, аммо дар асл онҳо ҳам ба ин гурўҳе, ки дар лаҳзаҳои душвор бар зидди давлату ватани худ мавқеъ гирифт, нафрат эълон карданд. Шарҳу маводҳои интернетӣ нишон медиҳад, ки тамоми минтақа бар наҳзатиён нафрат хонд.

Ҳатто тоҷикони муқими давлатҳои хориҷа ба наҳзатиён лаънат хонданд, ки мақолаи пур аз дарду нафрати олими тоҷики муқими Қазоқистон Саломуддин Мирзораҳматов бо номи «Лаънаткардаи халқ» (яъне, раиси наҳзатиёну паймониён) мавқеи тамоми тоҷикони ватандўсти дар хориҷа бударо нишон медиҳад. Тоҷикони муқими Афғонистон, ки қадри давлату истиқлолиятро беҳтар аз мо медонанд, низ даҳҳо шарҳу мавод навиштанд ва таъкид карданд, ки ин хиёнати наҳзатиён бар давлату ватан нобахшиданист.

Баръакси ин, мухолифони давлати Қирғизистон дар ин низоъ нишон доданд, ки опозитсияи воқеӣ ва ватандўст бояд чи гуна бошад. Дар ин рўзҳо қувваҳои сиёсии қирғиз бо ҳам муттаҳид шуданд, аз мавқеи давлаташон ҳимоя карданд. Аз ҷумла, ҳатто президенти собиқи Қирғизистон Аскар Акаев, ки дар натиҷаи табаддулот аз қудрати президентӣ сарнагун карда шуда, ба Россия гурехта аст, дар ин рўзи барои ватанаш муракаб изҳорот дода, мавқеи давлати Қирғизистонро ба таври қатъӣ дастгирӣ кард. Аз назари таърихҳо ва ҳуҷҷатҳо А. Акаев бештар аз ҳама медонист, ки дар ин масъала мавқеи ҳукумати имрўзаи Қирғизистон дуруст нест, аммо дар масъалаи ватандорӣ ў вазифаи шаҳрвандӣ ва миллии худ донист, ки дар лаҳзаи мушкил давлаташро бе чуну чаро дастгирӣ кунад.

Зиёда аз ин, ҳатто президенти дигари фирории Қирғизистон Қурбонбек Боқиев, ки ў ҳам дар натиҷаи табаддулот аз қудрат дур карда шуда буд ва дар Белорусия паноҳанда мебошад, на танҳо ба ҳимояи давлаташ изҳоротҳои қатъӣ дод, балки барои ҳарбиёни қирғиз маблағ ва ёрӣ фиристод.

Ин ду президенти сарнагуншуда зоҳиран бояд бар зидди ҳукумати имрўзаи кишварашон, ки онҳоро ба ҳукми абад маҳкум кардааст, баромад мекарданд. Аммо ҳисси ватандўстӣ ва дарки миллию шаҳрвандии онҳо аз баҳсу манфиати сиёсӣ болотар истод. Вале наҳзатиён омода буданд, ки дар сафи нерўҳои қирғиз истода, ба муқобили давлат ва ватани худ ҷанг кунанд. Онҳо дар ҷанги иттилоотӣ ин коро ошкоро карданд, шубҳае нест, ки дар ҷанги заминӣ ҳам чунин мекунанд. Дар баробари ватан силоҳ мегиранд. Зеро барои онҳо на ватану давлат, балки ноором кардани кишвар, заиф кардани ҳукумат ва ба даст овардани қудрат лозим аст.

Инак, дар ин рўзҳо хиёнати дуюми наҳзатиёнро мебинем, ки дар атрофи масъалаи беҳбуди робитаҳои Тоҷикистон бо Эрон мушоҳида мешавад. Онҳо ба ҷойи он, ки аз беҳбуд ёфтани робитаҳои давлату ватанашон бо як кишвар хушҳол шаванд, ҳамакаса мотам гирифтаанд, ки чаро чунин шуд. Онҳо баъзе мақомоти эрониро ҳатто маҳкум карда истодаанд, ки чаро бо Тоҷикистон робита барқарор мекунед? Онҳо ба ҷойи ифтихор ва хушҳолӣ, мақомоти эрониро танқид мекунанд, ки чаро вазирони тоҷикро дар сатҳи баланди давлатӣ пешвоз мегиред? Бале, танҳо наҳзатиён, танҳо душмани ватану миллат метавонад чунин кунад.

Наҳзатиён кўшиш доранд, ки ин тағйироти муносибатҳоро ҳамчун «шикасти Тоҷикистон» ва «ғалабаи Эрон» шарҳ диҳанд, ки фақат як қувваи хоин метавонад чунин мавқеъ гирад. Онҳо бо завқ аз ин фаҳмиши беасоси худ фарёд мезананд, ки «офаринатон, оқоён!». Онҳо дар ҳамин масъала низ кўшиш доранд, ки «як бало карда» ҳукумати Тоҷикистонро танқиду сиёҳ кунанд.

«Коршиносон»-и наҳзатӣ гоҳе иддао мекунанд, ки гўё «Эрон аз Тоҷикистон метарсидааст» ё «давлати Эрон аз Тоҷикистон муттаҳам аст» ва гоҳи дигар мегўянд, ки «Тоҷикистон хатои худро фаҳмидааст» ё «Тоҷикистон таслим шудааст» ва ғ. Аммо маълум аст, ки тамоми ин «версияҳо» на танҳо бепоя, балки соддалавҳона ва бесаводона мебошанд. Шахсе, ки каме аз сиёсат огоҳӣ дошта бошад, дарк мекунад, ки ин хулосаҳои «таҳлилгарон»-и наҳзатӣ то чӣ андоза шармовару бесалоҳиятона мебошанд.

ПРОБЛЕМАИ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН ЧӢ БУД? ОЁ ОН ҲАЛ ШУДААСТ?

Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон ва Эрон ҳамчун ду кишвари дўст ва ҳамфарҳангу ҳамзабон аз давраи аввали истиқлолияти Тоҷикистон робитаҳои табиӣ ва хуб доштанд. Ҳатто дар давраи мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ ин робитаҳо қатъ нашудаанд. Муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амниятӣ, байналхалқӣ ва ғайра то соли 2015 хеле хуб буданд.

Пас аз соли 2015 низ Тоҷикистон нисбат ба Эрон ҳеҷ мушкили усулие надошт. Ягона талаби Тоҷикистон аз ҷониби Эрон ин буд, ки баъзе доираҳои махсуси сиёсӣ ва динии Эрон дастгирии сиёсӣ, молиявӣ ва низомии гурўҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон, ба таври мушаххас ТЭТ ҳизби наҳзати исломиро бас кунанд. Гарчи аз радиои «Озодӣ» сар карда то коршиносони «озод» дар бораи «сабабҳои сард шудани робитаҳои Тоҷикистон ва Эрон» афсонаҳо мебофанд, аммо поён додан ба ҳимояи гурўҳҳои ифротӣ талаби ягона ва қатъии Тоҷикистон аз ин кишвари дўст буд.

Тактика ё сиёсати Тоҷикистон барои ҳалли ин проблема чӣ буд? Ҷониби Тоҷикистон дар тўли 5 соли охир дар мавқеи қатъии худ истода, барои исботи асоснокии даъвои худ ба таври муназзам тамоми ҳуҷҷату мавод ва факту рақамҳои заруриро дар бораи дастгирӣ ёфтани бевоситаи наҳзатиён ва ифротиёни тоҷик аз тарафи баъзе доираҳои махсуси ҳарбӣ ва идеологии Эрон ба мақомоти дахлдори ин давлат пешниҳод кард. Дар ду соли охир дар ҳар вохўрӣ бо сафир, вазирон ва ҳатто бо президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тарафи Тоҷикистон папкаҳои пур аз ҳуҷҷатҳо, аксу наворҳо ва факту рақамҳо барои исботи ҷой доштани ҳимояи баъзе доираҳои муайяни эронӣ аз наҳзатиён ба дасти меҳмонони эронӣ супорида мешуд. Ҷониби Тоҷикистон ба нодиртарин чора рафта, барои баргузории мулоқотҳои чандинсоатаи мақомоти он кишвар бо худи наҳзатиёни дар ҳудуди Эрон таълимоти махсус дидаю дар Тоҷикистон боздоштшуда фароҳам овард.

Филмҳои ҳуҷҷатии «Хиёнат» (бахшҳои 1,2,3,4,5), «Зархаридон», «Бешарафон» ва ғайра танҳо қатрае аз баҳр буданд, ки фақат барои нишон додани хақиқати мавқеи Тоҷикистон дар ихтиёри ҷомеа гузошта шуданд. Вагарна дар ин давра ҳаҷми даҳҳо баробар бештари маълумотҳои дақиқ ба худи мақомоти ин кишвар ва мақомоти кишварҳои дўст ва шарик расонида шуданд.

Дар натиҷа, ҳам мақомоти тамоми сатҳи Эронӣ ва ҳам мақомоти дахлдори кишварҳои минтақа ва шарикон ва абарқудратҳои бонуфўз низ пурра огоҳ гашанд, ки моҳияти эътироз ва талаби ҷониби Тоҷикистон нисбат ба ин мақомоти Эрон чист. Дар ин папкаҳо ҳатто нусхаи билетҳои парвозҳои наҳзатиён ба Теҳрон, санади хариди билетҳояшон дар хатҳои гуногуни парвоз, нусхаи харҷу гузоришҳои молиявии онҳо, стенаграммаи суҳбатҳои онҳо бо доираҳои ҳимояткунанда вуҷуд доштанд. Ин ҳақиқат дигар на барои роҳбарияти Эрон ва на барои роҳбарияти Русия ва Чин ҳеҷ ҷойи шубҳа надошт. Ин кишварҳо низ дар робитаҳояшон бо Эрон ба дуруст будани мавқеи Тоҷикистон дар ин масъала таъкид мекарданд.

Аксари коршиносоне, ки аз нобаробарии имкониятҳои ду ҷониб огоҳанд, таъкид мекунанд, ки бо анҷоми чунин кори мураккабу босаброна ва хаста нашуда марҳила ба марҳила бо ҳазорон факту далел исбот намудани ҳақиқати ҳол, ҳимояи манфиатҳои худ ва талаб намудани ҳаққи ҳалоли худ як маҳорати бузурги дипломатияи тоҷик ва махсусан, корнамоии ҷиддии мақомоти қудратию амниятии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Агар дар ин масъала ҷое дар бораи «ғалаба»-и касе сухан равад, бе шубҳа ғалаба маҳз дар ҳамин ҷо буд.

Бинобар ин, ҷониби Эрон бо камоли ҷасорат ва масъулиятшиносӣ дар назди манфиатҳои калонтари худ ва дар назди шарикони минтақавӣ ва байналхалқии худ «интихоби худро кард». Яъне Эрон робита бо давлату миллати Тоҷикистон ва ҳифзи муносибатҳои шарикӣ бо ҳампаймонони минтақавии худро нисбат ба робита бо як гурўҳи бетаъсиру беоянда муҳимтар донист. Эрон ҳамчун давлат манфиатҳои воқеитари миллию давлатии худро интихоб кард. Узвият дар СҲШ танҳо яке аз ин манфиатҳои калону стратегии Эрон буд, ки акнун роҳро барои он ҳамвортар кард. Ин ҳолати табиист ва бояд чунин мешуд.

Дар натиҷа, ду ҷониб ду созишномаи амниятие ба имзо расонданд, ки дар навъи худ биёр беназиранд. Тибқи ин созишномаҳо, ки якумӣ моҳи июни соли 2019 ва дуюмӣ моҳи июни соли 2021 ба имзо раисданд, ҷониби Эрон аз дастгирии сиёсию молиявии гурўҳҳои ифротӣ, ҷой додани мухолифини давлати Тоҷикистон дар ҳудуди худ ва ғ. расман даст кашид. Ҳар ду тараф пурра дарк мекунанд, ки дар ин созишномаҳои амниятӣ зери ибораи «гурўҳи ифротӣ» маҳз ТЭТ ҳизби наҳзат дар назар дошта шудааст.

Ин, ки бо хоҳиши яке аз ҷонибҳо матни ин созишномаҳо феълан махфӣ нигоҳ дошта мешавад, он ҳам дар муносибатҳои байнидавлатӣ як кори маъмулист. Муҳим ин аст, ки ин санадҳо амалӣ гарданд.

Пас, талаби ягонаи ҷониби Тоҷикистон аз кишвари дўсти Эрон низ фақат ҳамин буд. Зеро дар робитаи ду кишвар ба ҷуз ин мавзўъ, мушкилоти ҷиддии дигар вуҷуд надошт, ки боиси сардии амиқи муносибатҳо шавад. Ҳоло ки ин мавзўъ бартараф шуд ва ин кишвар аз дастгирии гурўҳҳои ифротии мухолифи давлати Тоҷикистон даст кашид, барқарории муносибатҳо бо Эрон як кори табиист. Ин ҷо ҳеҷ ҳоҷат ба афсонабофию «таҳлил» нест. Моҳияти ихтилоф ва ҳалли масъала ҳамин буд.

ЧАРО НАҲЗАТИЁН АЗ ИН ТАҒИРОТ МЕТАРСАНД?

«Таҳлилҳо» ва «шарҳҳо»-и бешумори шабакаю сомонаҳои наҳзатиён ва ҳампаймонони онҳо дар бораи беҳбуди муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон нишон медиҳад, ки дар сафи ин даъвогарони сиёсат ҳатто ягон нафаре, ки одитарин қонунҳои сиёсат ва муносибатҳои байналхалқиро сарфаҳм равад, вуҷуд надорад. Онҳо аз дарки сабабҳои воқеии беҳбуд ёфтани муносибатҳои ин ду кишвар пурра оҷиз монда, ба эҳтимолдиҳӣ ва бофтани афсонаю фолбиниҳо машғуланд.

Дар бораи «коршиносон»-и наҳзатӣ бояд гуфт, ки онҳо аз набудани коршинос дар байнашон дар барномаҳои ҳамдигар ночор барои ҳамдигар нақши коршиносро иҷро мекунанд. Аз ин чор нафар муллобачаи нохонда аввал яке дар барномаи худ баранда ва дигаронаш «коршинос» мешаванд ва боз дар барномаи дигарашон «коршинос» баранда мешаваду баранда «коршинос» мегардад. Ин намоиши мазҳака ҳар рўз идома меёбад.

Барномаю «таҳлил»-ҳои наҳзатиҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз беҳбуд ёфтани муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон сахт ба воҳима афтода, ҳисобашонро пурра гум кардаанд. Онҳо ба тарсу ҳарос афтодаанд, ки мабодо робитаҳои ду кишвар якбора хуб шаваду онҳо аз ҳимояи ҷониби Эрон маҳрум шаванд. Дар ин ҳолати эҳсосотӣ онҳо гоҳо ба ҳукумати Тоҷикистон ҳамлаи лафзӣ мекунанд ва гоҳо мақомоти Эронро танқид мекунанд. Гоҳо ба онҳо ҳушдор медиҳанду гоҳо машварат медиҳанд, ки бо Тоҷикистон дўстӣ накунанд.

Хусусан, онҳо ба охир расидани давраи кории ҳукумати президенти Эрон Ҳасани Рўҳониро ба назар гирифта, мақомоти онро барои фишор наовардан ба Тоҷикистон ва барои гўё нарм кардани муносибатҳо бо Тоҷикистон танқид мекунанд. Онҳо медонанд, ки ин масъулони ҳукуматӣ ба наздикӣ аз мақмашон мераванд. Аз ин рў, наҳзатиён худро ба доираҳои тундрави Эрон ширинтар мекунанд, то ҳимояи онҳоро ҳифз кунанд.

Ҳамчунин, барномаҳои пайдарпайи наҳзатиён нишон медиҳад, ки тамоми умеди онҳо ба ғалабаи доираҳои тундрав дар интихоботи наздики президентӣ дар Эрон ва ба сари қудрат омадани ҳукумати нав дар ин кишвар аст. Онҳо умед доранд, ки дар интихобот ягон номзади наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон ва охундҳои Қум ғалаба кунад ва ҳукумати нав тавофуқҳо байни ҳукумати Тоҷикистон ва Эронро дар бораи муборизаи муштарак бо гурўҳҳои ифротгаро ва террористӣ, яъне наҳзатиёнро бекор кунад. Яъне, умед доранд, ки боз дар ҳукумати Эрон доираҳое оянд, ки наҳзатиёнро аз назари сиёсию молиявӣ дастгирӣ кунанд.

Аз ин нуктаҳои зикршуда ду хулосаи ниҳоят муҳим мебарояд.

Аввалан, чунин ташвиши наҳзатиён дар ин масъала ва чунин тарсу ваҳми онҳо аз беҳбудёбии муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон бори дигар нишон медиҳад, ки онҳо ба кадом марказҳо вобаста буда, аз куҷо пуштибонӣ мегиранд. Ин ҳақиқат то имрўз ҳам маълум буд, аммо ташвишу таҳлукаи шадиди наҳзатиён инро бори дигар пурра исбот намуд.

Дуюм, «таҳлил»-ҳои наҳзатиён нишон дод, ки онҳо сохтори давлатӣ ва сиёсати Эронро умуман сарфаҳм намераванд. Онҳо гумон доранд, ки ин тағйирот дар муносибатҳои кишварҳо бе мувофиқати роҳбарони олии ду кишвар шуда бошад. Онҳо дар барномаҳояшон фарёд мезананд, ки чаро мақомоти Эрон вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистонро чунин гарм пешвоз гирифтаанд? Онҳо хабар надоранд, ки магар бе розигӣ ва ҳамоҳангӣ бо роҳбари олии Эрон вазирони қудратии як давлатро ба Эрон даъват карда, чунин барномаи васеъ кардан мумкин аст?

Онҳо фарёд мезананд, ки чаро мақомоти Эрон бо вазоратҳои қудратии Тоҷикистон шартномаи амниятӣ имзо кардаанд? Онҳо хабар надоранд, ки магар бе розигӣ ва ҳамоҳангӣ бо роҳбари олии Эрон чунин шартномаҳои амниятӣ имзо мешаванд?

Онҳо мехоҳанд вазъиятро чунин шарҳ диҳанд, ки гўё вазирони ду кишвар худашон худсарона чунин робитаҳо барқарор карда ва чунин шартномаҳо имзо карда бошанд, аммо роҳбарияти Эрон гўё хабар надорад. Офарин бар фаҳмиши «коршиносон»-и наҳзатӣ. Ин як соддагии сиёсӣ ва бехабарии наҳзатиёнро нишон медиҳад.

Наҳзатиён аз бесаводии мутлақи сиёсияшон ҳатто гумон доранд, ки сафари вазири мудофиа ва вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ба Эрон маҳз пас аз ҳодисаҳо дар марз бо Қирғизистон ташкил шудааст ва мақсади Тоҷикистон аз ин сафарҳо маҳз ҷалб кардани кумаки Эрон бар зидди Қирғистон мебошад. Ин гумони хандаовари худро онҳо дар номаашон такрор мекунанд. Аммо ин соддалавҳон намедонанд, ки сафари ин вазирони калидии мамлакат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон қариб ним сол пештар ба нақша гирифта шуда, ҷузъиёт ва барномаҳои он ва матни қарордодҳо дар тўли моҳҳо омода ва мувофиқа карда шудаанд. Аз ҷумла, сафари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сафари ҷавобии ҷониби Тоҷикистон ба сафари расмии вазири корҳои дохилаи Эрон ба Тоҷикистон буд, ки бо даъвати ҷониби Эрон сурат гирифта, моҳҳо пеш аз низои марзӣ бо Қирғизистон барномарешуда буд…

Дар охир бояд гуфт, ки бале, шояд чунин эҳтимол ҳам бошад, ки дар интихоботи навбатии президентӣ дар Эрон доираҳои дигари сиёсӣ ба қудрат расида, баъзе сиёсату шартномаҳои амниятии ҳосилшуда дар ин масъаларо бознигарӣ кунанд. Ё шояд ҷониби Эрон дар оянда дар иҷрои ин тавофуқҳо содиқона амал накунад. Аммо ин ҳолатҳо ҳам ҳаргиз ҳақиқати исботшударо инкор намекунанд. Ин ҳолатҳо, аз ҷумла хиёнати наҳзатиҳо ва моҳияти зидди давлату миллату ватан доштани онҳоро инкор намекунанд. Зеро хиёнати онҳо борҳо исбот шудааст ва онҳо бо ҳамин хиёнатҳояшон дар таърихи ватан ва минтақа сабт шудаанд.

Устоди кафедраи Улуми Қуръонӣ ва ҳадиси ДИТ: Каримов И.

 

 

Add comment


Security code
Refresh