Маълумоти пешакӣ оид ба оқибатҳои омадани сел

Дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пайи санаи 11 майи соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ сел омад,

ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид. Мувофиқи маълумотҳои пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд ба ҳалокат расиданд. Дар шаҳри Кулоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили автомашина будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба дарёфт карда шуд. Дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар шаҳрванд, ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расидааст. Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар вазорату идораҳо комиссия оид ба арзёбии ҳаҷми зарар ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои баамаломада, таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.

Add comment


Security code
Refresh