КЕНҶАЕВА МАВЛУДА ҲОДИЕВНА
- Details
- Published on Wednesday, 25 December 2013 17:39
18-уми январи соли 1950 дар деҳаи Қистакӯзи ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст.
Рӯзноманигор, узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон. Мактаби миёнаи №4-уми деҳаи Қистакӯзро соли 1966 хатм карда, ба шӯъбаи журна-листикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуд ва онро соли 1971 ба итмом расонд. 5 сол дар рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод”, чанд муддат дар китобхонаи деҳаи Қистакӯз кор кард. 2 соли минбаъда корманди Нашриёти давлатии «Ирфон» (шаҳри Душанбе) буд.
Солҳои 1977-84 муҳаррири Сарредаксияи тарғибу ташвиқи Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон, солҳои 1984-1990 мухбири калони маҷаллаи ҷумҳуриявии «Фирӯза» буд. Соли 1990 муовини раиси Иттиҳоди занони Тоҷикистон интихоб шуд. Соли 1993 сарвари корхонаи «Хистеварз»-и назди ҳамин иттиҳод таъин гардид. Солҳои 1997-2001 муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Хуҷанд»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд.
Аз соли 2001 мудири бахши робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсии шӯъбаи масоили иҷтимоию фарҳангӣ ва муносибатҳои байналхалқии Ҳукумати вилояти Суғд буд. Алҳол дар ташкилоти ғайридавлатӣ фаъолият мебарад. Муаллифи китоби «Муаллимони қаҳрамон» (ҳаммуаллиф бо М.Бозорбоева) аст.