Варзиш – кафили саломатӣ

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр мекунанд: “Ҳукумати мамлакат варзишро ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад”.

Дар самти баланд бардоштани маҳорати варзишии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид ба онҳо дар шаҳри Хуҷанд МД Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ дари худро боз кардааст, ки оид ба фаъолияти ин муассисаи варзишӣ суҳбате доштем бо муовини директор Мухтор Шерғозиев оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли сипаришуда, ки чунин посухамон дод:

-  Дар 12 моҳи  соли 2023 бо мақсади ташвиқ ва тарғиби варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон муассисаи мо мусобиқаҳои зиёди варзишии мактабӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва ҳам байналмилалӣ ташкил ва гузаронид. Чунончӣ аз санаи 18 то 19-уми феврали соли 2023 мусобиқаи дохилимактабӣ байни наврасон ва ҷавонон бахшида ба Артиши миллӣ баргузор шуд, ки дар он 25 варзишгар ширкат намуданд. Боз ҳам 7-8-уми сентябр бахшида ба Истиқлолияти давлатӣ мусобиқа гузаронидем, ки  варзишгарони мо иштироки фаъолона доштанд.

Месазад иброз дошт, ки санаҳои 15-18-уми май дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи кушоди варзишӣ баргузор шуд ва 35 нафар варзишгар ширкат намуда аз онҳо Дилшоди Б, М.Ҷӯраева,Т. Раҳимова ҷойҳои якум ва Абдумалик Ғаниев, Иброҳим Ғафуров, А.Нурмухамедов, Ш.Турсунова мавқеи дуюмро ба даст оварданд. Санаи 13 то 18 июн дар шаҳри Астана мусобиқаи байналмилалии Гран-Прикс-Астана баргузор гардид, ки дар он варзишгар М.Азимова иштирок намуд. Дар шаҳри Санкт-Петербург дар мусобиқа се нафар иштирок доштанд. Метавон бо фараҳмандӣ иброз дошт, ки аз муассисаи мо дар ҷамъомади таълимӣ, ки аз 21 то 25-уми август дар шаҳри Вонжуи Ҷумҳурии Корея шуда гузашт, ду нафар варзишгар С.Салимов ва А.Ғаниева ширкат намуда, мавқеи намоёнро ба даст оварданд. Аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ низ варзишгарони мо дар канор нестанд ва дар якумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ, ки аз санаҳои 14 то 17-уми ноябр барои дарёфти “Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ширкати фаъолона доштанд.

Умуман, метавон гуфт, ки дар давоми соли сипаришуда  92 нафар варзишгари мо дар чор чорабинии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ширкати фаъолона нишон додаанд.

Мо, қишри пешбарандаи ҷомеаро зарур аст, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ҷиҳати сазовор шудан ба боварӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат аз тамоми имкониятҳо истифода барем. Саъй намоем, то муаррифгари арзандаи миллату давлат бошем, ҷиҳати тарғиби ғояҳои давлати демократӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонони кишвар, ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии таъсири ақидаҳои ифротӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсӣ ва тарбияи ҷисмонии мардум масъулият эҳсос кунем,-гуфт муовини директор.

Насим Мухторов,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh