КОМЁБИИ МУШТЗАНИ ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР ХОРИҶИ КИШВАР
- Details
- Published on Monday, 23 January 2023 14:56
Асрор Воҳидов муштазани 27 солаи маъруфи тоҷик дар мусобиқаи ҳирфаии RСС Boxing Promotions, ки таърихи 11 – уми декабри соли гузашта дар шаҳри Екатеринбурги Русия барпо шуд, рақибаш Армен Атаевро мағлуб кард. Ин охирон ғалабаи варзишгари маъруф дар соли сипарӣ аст. Аслан, ӯ яке аз муштзанҳои умедбахши кишвар буда, чанд сол қабл расонаҳои ватанӣ унвони “Муштзани шикастнадида” – ро рабташ медоданд. Воқеан, вай дар аксари мусобиқаҳои ҳирфаӣ бо вазни 52 56 кг ҳунару маҳорат нишон дода, ғалаба кардааст. Мо бо Асрор Воҳидов перомуни, чӣ гуна худро дар риштаи муштзанӣ озмудан ва ширкат дар мусобиқаҳои ҳирфаӣ суҳбат кардем.
Асрор Воҳидов зодаи шаҳри Исфара аст. Замоне, ки ҳамагӣ 16 сол дошт, ба дастоварди бузурге ноил шуд ва роҳи ояндааш маълум гардид. Ӯ соли 2011 дар мусобиқаи бокси ҳаваскорӣ байни наврасон, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуда буд, иштирок кард. Дар ин сабқат пирӯз шуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуда буд.
Ҳамзамон, созмони байналмилалии бокси ҳаваскорӣ (AIBA) ӯро беҳтарин муштзани ҷавони ҷаҳон дар соли 2011 эълон карда буд. Аз замони мактабхонӣ ба андозае дониш, нишону ҷомҳо ва дӯстию рафоқат монду бас. Дигар ҳама гузашт. Дубора боз ба сӯи мактаб намеравем. Акнун мо талабаи мактаби миёна нестем, талабаи мактаби ҳаёт ва корем. Ман хурсандам, ки вақти қиматро беҳуда сарф накарда, ба варзиши бокс машғул шудам. Агар дар риштаи бокс машқ намекардам, шояд имрӯзи худро надоштам, бо эҳсос гуфт варзишгар.
Шояд аксарият надонанд, ки Асрор аз хурдӣ мухлиси футбол буд. Дар дил орзу дошт, ки футболбоз мешавад. Аммо сарнавишт нишон дод, ки роҳи ӯ дигар аст. Бародари калонияш дар намуди варзиши бокс машқ мекард. Ҳамин тариқ, Асрор ҳам дар пайравӣ ба бародар вуруди майдони бокс шуд ва то имрӯз дар ин самт заҳмат мекашад. Вақте каме худро шинохтам, хеле кӯшидам, то мисли бародарам муштзан шавам ва аз мусобиқаҳо нишону ҷомҳо ба хона орам. Аввалин мусобиқаам дар шаҳраки Шӯроби Исфара барпо гардида буд. Он вақт дар вазни 23 килограмм сабқат карда, ҷои аввалро соҳибӣ карда будам. Нахустин мусобиқае, ки дар хориҷи кишвар иштирок кардам, дар шаҳри Оши Ҷумҳурии Қирғизистон буд. Он ҷо дар вазни 32 килограмм сабқат карда, ҷои аввалро гирифта будам. Ҳамон рӯз дар дил орзу кардам, ки довар пас аз ҳар мусобиқа дасти маро боло мебардорад. Шукр мекунам, ки сар карда аз ҳамон рӯзҳо то кунун ба варзиши бокс машғулам. Устоди ман Додобек Фатҳуллоев, Мирҳаким Сабуров ва Владимир Видов мебошанд, бо ифтихор афзуд Асрор Воҳидов. Асрор Воҳидов ба олами муҳорибаҳои касбии бокс аз соли 2016 ворид шуд.
Дар зарфи 6 сол ба натиҷаҳои назаррас ноил шуд. Варзишгар дар бокси ҳирфаӣ 12 маротиба қувваозмоӣ анҷом дода, фақат дар якеи он мағлуб шудааст. Аммо вай ба ин назар аст, ки одами зинда ҳеҷ вақт аз дастовардҳои худ набояд розӣ бошад. Ҳаёт идома дорад, пас талошҳо бояд давом ёбад. Замоне, ки қаҳрамони мо ба бокси касбӣ машғул шуд, имкон пайдо кард, ки аз Федератсияи бокси касбии Русия иҷозатномаи фаъолият бигирад. Лекин дар ҳар майдон Парчами Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Дар як рӯз ду маротиба машқ мекунам. Тамринҳоро ҳар саҳар ва ҳар бегоҳ бе фосила мегузаронам. Аксар вақт тамринҳо дар осоишгоҳи маъруфи “Зумрад” бо устод Фатҳуллои Фатҳуллобек мегузарад. Дар шаҳри Санкт – Петербург низ машқ мекунам, ҳар боре ки агар дар Русия мусобиқае дар назар бошад.
Дар ин шаҳри Русия устодони ман Мирҳаким Сабуров ва Владимир Видов мебошанд. Аслан, бокс ин ба монанди бозии шоҳмот аст. Ҳар як роҳ метавонад, ба ғалаба барад, ё мағлуб кунад. Барои ҳамин мекӯшам, ки мулоҳизакор бошам ва роҳи дурустро интихоб кунам, иброз дошт варзишгар. Қаҳрамони мо пас аз ҳар сабқат бозиро такрор ба такрор тамошо мекунад. Ҳар бори тамошо як камбудиро ошкор месозад. Пасон сайъ менамояд, то дар мусобиқаи оянда хатоҳои содиркардаашро такрор накунад. Асрор аз сабқате, ки чанде пеш бо муштзани рус Армен Атаев дошт, ёдовар шуд. Ҳар лаҳза дар майдони бокс нақши бузурге дорад. Агар муштзан лаҳзае беаҳамиятӣ кунад, ё таваҷҷуҳаш ба тарафе банд шавад, танбеҳи ҳарифро муфтро мехӯрад.
Барои ҳамин то охирин лаҳзаи танаффус чашмро аз рақиб набояд канд. Барои ман 8 давре, ки дар ин муҳориба давом кард, он қадар душвор набуд. Лекин бояд иқрор шуд, ки рақибам Армен Атаев низ аз ҷиҳати ҷисмонӣ хеле боқувват аст. Ба зарбаҳо хуб тоб меорад ва ҷавоб медиҳад. Бароям ғалаба осон набуд. Пеш аз сабқат майдондорӣ ва техникаи ҳарифам Арменро хеле омӯхтам. Чанде аз наворҳои муҳорибаҳояшро тамошо карда, барои худ маълум кардам, ки чӣ хатоҳо дорад.
Маҳз дар майдони бокс фаҳмидам, ки сифати хубу омӯзанда ҳам дорад, яъне Армен бачаи хеле тобовару пурбардор будааст. Ин чизро вақте фаҳмидам, ки баъди якчанд “нокдаун” ҳам ба по хест ва муштзаниро давом доданӣ мешуд. Агар рафиқи дигаре мебуд, шояд бозӣ баъди “нокдаун” ба охир мерасид. Барои мусобиқаи хуб ба Армен ва гурӯҳаш сипос мегӯям, изҳор кард муштзани тоҷик. Мирҳаким Сабуров мураббии қаҳрамони мо дар Русия аст. Вай дар бораи охирон муҳорибаи Асрор Воҳидов ҳарф зада гуфт, ки дар он шогирдаш натиҷаи хуб нишон дод. Онҳо барои ин сабқат расо 1 моҳу 10 рӯз омодагии ҷиддӣ дидаанд. Асрор Воҳидов ҷавони хушодоб аст. Ҳангоми машқ кардан байни ӯ ва дигарон ягон камбудӣ, нофаҳмӣ ва гапгурезӣ рух намедиҳад. Вай чиро мехоҳад, медонад, яъне ҳадафҳои устувор дорад. Дар хусуси сабқате, ки 11 – уми декабри соли 2022 доштем, гуфтаниям, ки ҳарифи шогирдам низ хеле варзишгари ҳирфаӣ буд.
Баъди адои муваффақонаи он ба Асрор имкон даст дод, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ мақомашро 10 зина боло бардорад. Феълан, ӯ дар ҷаҳон зиннаи 141 – умро ишғол кардааст. Бояд гӯям, ки моҳи феврали соли 2023 мусобиқаи дигаре, ки дар Аврупо доир мешавад, иштирок мекунем. Агар натиҷаи хуб нишон диҳем, боз зинаҳои болотарро ишғол хоҳем кард, боварӣ дорад мураббӣ Мирҳаким Сабуров. Асрор Воҳидов ба ин фикр аст, ки агар муштзан машқи бонизом ва шароити мусоид барои онро надошта бошад, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба натиҷаҳои хуб намерасад. Ӯ аз он хушнуд аст, ки дар шароити мусоид имкони машқи ботартиб карданро дорост.
Варзишгар ба мураббияш – Мирҳаким Сабуров ва ба сарпарастонаш клуби варзишии “Ҳоҷӣ Шариф”, сарвари осоишгоҳи “Зумрад”, Абдулмуъмин Ҳалимов барои кӯмаку дастгирии холисона сипос мегӯяд. Яке аз нақшаҳои бузурги ӯ амалӣ кардани орзуи кӯдакияш аст, яъне дар бокси касбӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сазовор шудан мебошад.
Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”