НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАСИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК

Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд санаҳои 19 - 20 – уми сентябри соли равон 9 – умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” оид ба дзюдо баргузор гардид. Дар ин мусобиқа варзишгарони кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд. Рақобатҳо аз рӯи 7 вазн ‐57 ва ‐63кг миёни бонувон, ‐66, ‐81, ‐90, ‐100 ва +100 килограмм – миёни мардон сурат гирифт.

Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо аз рӯи чаҳор вазн сурат гирифтанд. Зери вазни ‐57 килограмм ва - 63 килограмм бонувон ва зери вазни ‐66 кг ва ‐81 килограмм мардон барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ сабқат карданд. 31 варзишгари вазни то 66 килограмм барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ мубориза бурданд. Нишони тиллои ин вазнро дзюдочии тоҷик Муллораҷаб Халифаев соҳиб шуд.

Дар вазни то 81 килограмм бошад, барои ба даст овардани медали тиллои мусобиқа 28 варзишгар байни ҳам сабқат намуданд. Дар натиҷа Ҳамроз Раҷабов маҳорати баланд нишон дода, мақоми аввали мусобиқаро аз они худ намуд.

Ҳамчунин, дар ин вазн Меҳдӣ Фатҳӣ аз Эрон зинаи дуюм, Рамазони Аллабердиеви ӯзбекистонӣ ва Раҳматуллобек Фарҳодов аз Тоҷикистон зинаҳои сеюмро касб намуданд.

Дар ин рӯз миёни бонувон низ рақобатҳо доир гардид, ки дар натиҷа се бону варзишгари тоҷик Шоҳида Қаландарова, ҷойи аввал, Аҳлия Мӯминова зинаи дуюм ва Фазилат Гулбоева мақоми сеюми мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдоро соҳиб шуданд.

Дар дуюмин рӯзи мусобиқа варзишгарони вазнҳои ‐90 килограмм, ‐100 килограмм ва +100 килограмм бо ҳам рақобат намуданд. Дар вазни то 90 килограмм варзишгарон барои ба даст овардани нишонҳои фахрии мусобиқа талош варзиданд. Дар натиҷа ишони тиллои ин вазнро варзишкари бомаҳорати тоҷик Ҳақназар Назаров соҳиб шуд.

Дар вазни то 100 килограмм бошад, 19 варзишгар байни ҳам нерусанҷӣ намуданд. Дар ин вазн ягона варзишгари хориҷӣ унвони қаҳрамониро соҳиб гардид. Ин варзишгари 21 солаи кишвари Қазоқистон Бекарис Садукас мебошад.

Дар рӯзи ҷамъбасти мусобиқа, ки санаи 20 уми сентябри соли равон баргузор гардид, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ иштирок намуда, зимни суханронии худ меҳмонон ва иштирокчиёни мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гўштини дзюдоро ба сарзамини қадиму ҳамешаҷавон ва меҳмоннавози Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ташаббус ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш аҳамияти хоса дода шуда, дар ин самт як қатор иқдомҳо роҳандозӣ шуда истодаанд.

Ҳамчунин, илова намуд, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рушд намуда, дар як муддати кӯтоҳ дар шаҳри Хуҷанд иншооти варзишӣ сохта мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамчунин, варзишгарони кившари мо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, парчами кишвари моро боло мебардоранд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин мусобиқа беш аз 110 варзишгар ширкат намуданд. Варзишгарони тоҷик бошанд, дар ҳама намуди вазн 17 медал, аз ҷумла 6 медали тилло ба даст оварданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба варзишгарони дигар давлатҳои иштирокчӣ беҳтарин аст. Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо тӯҳфаҳои молӣ низ сарфароз гардонида шуданд. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқа маҳорати баланд нишон дода, бештари зинаҳои ифтихориро аз они худ намуданд. Барои ҷойи якум 40 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 20 ҳазор ва барои ҷойҳои сеюм 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд. Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо аз соли 2013 доир мешавад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh