ҲАДАФ: РАСИДАН БА МАҚСАДИ ДАРПЕШГУЗОШТА

Варзиш омили дӯстиву рафоқат ва пайвандгари халқу миллатҳост. Аз ин рӯ, имрӯз тавассути варзиш варзишгарони давлатҳои гуногун байни ҳам дӯстиро пойдор ва худро муаррифӣ мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тавассути варзишгарони бомаҳорату номдораш дар ақсои олам номдор шудаву мақому манзалати худро пайдо намудааст. Маҳз тавассути варзишгарон парчаму суруди миллии кишвар аз минбарҳои баланд бардошта, қалби ҳазорон нафарро бедор менамояд.

Мубинҷон Ахмедов аз чунин варзишгаронест, ки тавонист дар чандин мусобиқаи дунё шарафи кишвари худро ҳимоя намуда, ба ҷаҳониён исбот намуд, ки ӯ тоҷик аст. Ӯ аз хурдсолӣ ба варзиш шавқу рағбати зиёд дошт. Шавқ ва малакаи зиёд ӯро ба гӯштини тарзи юнонӣ – румӣ пайваст намуда, аз рӯи ин намуди варзиш чандин маротиба қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизадори мусобиқоти байналмилалӣ низ гардидааст.

Ҳангоми суҳбат маълум гардид, ки ӯ на танҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ, балки дар хориҷи кишвар парчами ватанро боло бардошта, соҳиби зинаҳои ифтихорӣ гардидааст. Масалан, соли 2019 дар гран-прии кишвари Фаронса иштирок намуда, аз байни варзишгарони 85 кишвари олам мақоми панҷумро касб намуд. Инчунин, худи ҳамон сол дар шаҳри Мадриди кишвари Испания низ дар рақобатҳои гуногун ширкат намуда, зинаи ҳафтумро соҳиб шуд. Аснои суҳбат қайд намуд, ки моҳи феврали соли 2020 дар мусобиқаи Ҷоми Осиё ширкат намуда, дар байни чандин варзишгарони шӯҳратманд бо нишон додани маҳорату малакаи баланд мақоми сеюмро соҳиб гардид ва парчами кишвар парафшон шуд. Пас аз ин натиҷаҳои баланд ӯ Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин намуди варзиш гардид. Ин зинаи ифтихорӣ ба М. Ахмедов даст дод, ки ӯ роҳхати иштирок дар Чемпионати ҷаҳонро соҳиб шавад. Ҳамаи дастовардҳо ва натиҷаи баланди варзишиаш буд, ки соли 2020 ба чандин Сипосномаву ифтихорномаҳо мушарраф гардид.

Аз ҷумла, аз рӯи фарзияи ширкати «Формула - 55» Мубинҷон Ахмедов беҳтарин варзишгари сол эътироф ва соҳиби ифтихорномаву мукофоти пулӣ шуд. Ҳамчунин, ин варзишгари умедбахш аз ҷониби роҳбари ширкати ватании «Барс» Бахтиёр Мирзобаҳодуров пайваста аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ ёфта, берун аз кишвар ба тамрин фаро гирифта мешавад. Алҳол тайи чанд вақт мешавад, ки ин варзишгари ҷавон бо устоди дараҷаи байналмилалӣ, ду карат ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон байни устодон ва собиқадори гӯштини юнонӣ – румӣ Мирзомуҳиддин Қутфиддинов ба тамрин машғул аст.

Бино ба гуфти мураббии ӯ, М.Ахмедов ҷавонони таҷрибадор ва дорои заковати баланд буда, кӯшиш мекунад, дар роҳи интихобнамудааш муваффақ бошад. Ҳамин аст, ки ӯ пайваста мекӯшад, дар мусобиқаи олимпӣ ширкат намуда, парчами кишвари азизи худро боло бардорад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh