Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан

12 марти соли 2021 дар меҳмонхонаи “Суғдиён” Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳайати дастаи футболи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан мулоқот намуд.

Раиси вилоят зимни мулоқот иброз дошт, ки футбол яке аз намудҳои оммавитарини варзиш ба ҳисоб рафта, он дар ҷаҳони имрӯза ҳамчун қосиди сулҳ, омили муҳими таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифи кишварҳо шинохта шудааст. Бо назардошти ин, бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди футбол таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ барои рушди футбол дар вилоят тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст ва дар Лигаи олии кишвар аз вилояти Суғд се даста - “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан ва дастаи футболи “Эсхата” бозӣ мекунанд.

Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Истаравшан кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ба рушди соҳаи варзиш дар шаҳр шароитҳои мусоид фароҳам оварад ва дастаи футболи шаҳрро барои иштирок дар бозиҳои Лигаи олии кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ ва омода намояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар таърихи клубҳои футболи Тоҷикистон, Клуби футболи “Истаравшан”-и шаҳри Истарвашан яке аз қадимтарин клуб ба шумор меравад. Он соли 1938 бо номи "Спартак" (Ура-Тюбе) таъсис ёфтааст. Дар мавсими дебюти худ дастаи Спартак ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфта буд.

Дастаи футболи шаҳри Истаравшан бори аввал соли 1950 дар Чемпионати мамлакат ширкат варзидааст.

Солҳои 1981-1984 клуби футбол бо номи "Трикотаж" амал карда, 4 сол пай дар пай ғолибиятро дар Чемпионати Тоҷикистон ба даст оварда, соли 1981 соҳиби Ҷоми ҷумҳурӣ гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дастаи футболи шаҳри Истаравшан соли 1992 яке аз аввалинҳо шуда, ба Лигаи Олии кишвар шомил гардид ва то имрӯз яке аз дастаҳои пурқувват ва номдор дар сатҳӣ ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Раиси вилоят дар охир ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва шахсони масъул супориш дод, ки барои муҳайё намудани шароити мусоид ва дастгирии доимии даста тамоми чораҳои муассир андешида шаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh