МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ ВА ШАШКА БАРГУЗОР ГАРДИД

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар идораи рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» мусобиқаи шоҳмот ва шашка байни дӯстдорон  ва ихлосмандони ин намуди варзиш баргузор гардид.

Дар  мусобика рӯзноманигорони нашрияҳои давлативу мустақил аз ҷумла, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Суғд Ҳақиқати», «Согдийская правда» маҷаллаи «Паёми Суғд»  ва дигар нашрияву оҷонсиҳои иттилоотӣ байни ҳам сабқат намуданд.

Мусобиқаи шоҳмот байни мардон ва шашка байни мардон ва занон дар алоҳидагӣ доир гардид. 

Пас аз ҷамъбаст ғолибони мусобиқа Неъматҷон Мирсаидов, Абдуллоҷон Юнусов ва Обидҷон Каримов дар  намуди шоҳмот ва дар намуди шашка аз байни мардон Амонҷон Раҳматов, Равшан Мирзоёров, Истамҷони Наҷмиддин ва байни занон Сурайё Умарова, Наргис Ҳомидова бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. 

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh