ШИНОСНОМАИ ПЛАСТИКӢ: МУАММО ВА МУШКИЛОТИ ГИРИФТАНИ ОН

Як моҳ инҷониб назди мақомоти шиносномадиҳии шаҳру навоҳии вилоят мардум аз субҳ то шом дар навбат меистанд, зеро тибқи талаботи Фармоиши якҷояи ВКД ва ВКХ - и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Хадамоти шиносномавию бақайдгириро ба танзим медароранд, шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корти пластикӣ иваз карда мешавад. Бояд гуфт, ки муҳлати муқарраршуда барои шаҳрвандон кифоягӣ намекунад ва муаммои зиёд пеш меояд. Аз навбати зиёд ва дилбазан аксар бо роҳи шиносбозӣ масъалаи гирифтани шиносномаро ҳал мекунанд. Нафароне, ки «амаку, тағо» доранд, дар муддати кӯтоҳ, яъне бенавбат ҳуҷҷатҳояшонро супорида мераванд, ки ин боиси норозигии дар навбатбудагон мегардад.

Доир ба масъалаи мазкур аз ҷониби сокинон суолҳои мухталиф ворид гардид, ки сардори шуъбача оид ба корҳои шиносномавии Хадамоти шиносномавии бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Раҳимзода Абдумалик Абдулаҳай ба онҳо посухҳо гуфт.

- Шиноснома аз синни чанд ва ба кӣ дода мешавад?

- Шиноснома ба шаҳрвандони ба синни 16 - сола расида (бори аввал гирифтани шиноснома), гузаштани муҳлати амали шиноснома, гум кардан, дуздида шудан ва ё гузаштани муҳлати истифодабарии минбаъда, гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё барқарор кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иваз намудани ҷойи зист дар ҳолате, ки часпонидани қоғази ширешдор ба корти нав бақайдгирифташуда имконнопазир аст, муроҷиати аризадиҳанда барои иваз намудани шиносномаи намунаи соли 1996 новобаста аз муҳлати эътибор доштани он дода мешавад.

- Муҳлати охирини гирифтани шиноснома кадом моҳ аст? Сифати расми гирифташуда хеле паст аст, оё он намуди шиносномаро намекоҳонад?

- Муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандон оид ба гирифтани шиносномаи дохилӣ 15 рӯзи корӣ муқаррар карда шуда, фарқияти шиносномаи намунаи соли 2014 аз намунаи соли 1996 дар он аст, ки дар шиносномаи нав маълумот оид ба миллат ва фарзандон мавҷуд набуда, аз ҷониби дасггоҳи махсус хонда мешавад ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Сифати расм дар шиноснома ба талаботи стандартҳои ICAO ҷавобгӯй буда, дар ҳолати ба яке аз талабот мутобиқ набудани он шиноснома ба расмият дароварда намешавад.

- Барои беморони барҷомонда ва нафақахӯрон чӣ имтиёз ҳаст? Оё гурӯҳи сайёр амал мекунад?

- Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаршуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 аз пардохти боҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд. Барои тасдиқи озод аз пардохти боҷ бояд маълумотномаи мақомоти таъмини иҷтимоӣ, ки аз тарафи роҳбар имзо ва бо муҳр тасдиқ шудааст, пешниҳод намоянд.

Ба шаҳрвандони имконияти ҳаракаташон маҳдуд дар асоси аризаашон ва ё аризаи намояндаи онҳо, ки ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зист муроҷиат намудаанд, аз тарафи гурӯҳи сайёри Хадамоти Раёсат таъсисдодашуда баррасӣ карда мешавад.

- Имрӯз аз ҷониби ширкатҳои мобилӣ барои муштариён паёмак барои азнавбақайдгирӣ тариқи шиносномаи пластикӣ омада истодааст, оё он зарурат дорад?

- Тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ба хизматрасониҳои вобаста ба он», ки мувофиқи он барои азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаи намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 10 – уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.

- Барои гирифтани шиноснома дар ШКД навбат зиёд аст. Оё намешавад, ки ба ташкилоту муассисаҳои сернуфуз намояндагони Раёсат омада, ҳуҷҷатҳоро ҷамъ ва дар муҳлати муайян онро супоранд?

- Тибқи дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамотҳои шиносномавию бақайдгирии ШВКД - ҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ реҷаи корӣ аз соати 08:00 то 22:00 муқаррар шудааст ва кормандони ташкилоту муассисаҳо метавонанд пас аз фаъолияти корӣ бо ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Хадамоти шиносномавию бақайдгирии маҳалли зист муроҷиат намоянд.

- Оё ивази шиноснома ба шаҳрвандоне, ки шиносномаи хориҷӣ доранд, таъсир мерасонад ва дар шиносномаи пластикӣ ҷойи истиқомат ва фарзандони шаҳрванд чӣ тавр қайд мешаванд?

- Шаҳрвандоне, ки мақсади гирифтан ва иваз намудани шиносномаи шаҳрвандиро доранд ва қаблан шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ гирифта бошанд, бояд ҳатман бо дигар ҳуҷҷатҳои ҷамъовардашуда ба корманди Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ пешкаш намоянд.

Дар ҳолати пешкаш нанамудани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ, он гоҳ маълумоти демографии барои гирифтани шиносномаи шаҳрвандии ба барномаи маълумотҷамъкунӣ воридшуда, аз тарафи масъулини Сарраёсати консулии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда намешавад. Зеро қаблан маълумоти демографии шаҳрванд барои гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии дорои маълумоти электронӣ дар махзани ягона ворид карда шудааст.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh