Қабули шаҳрвандон: “РАВЗАНАИ ЯГОНА”

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ва роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Нахуст раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маркази вилоят дар нимаи аввали соли 2019 маълумот дод.

Зикр гардид, ки ҳадафи чоруми миллии кишвар босуръат саноатикунонии мамлакат буда, дар ин давр дар 162 корхонаи истеҳсолии хурду миёна ба миқдори 589 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Мавсуф сабаби аз кор бозмондани 17 корхонаи истеҳсолиро дар ивази самти фаъолият, тарки кишвар намудани соҳибмулкони коргоҳҳо ва инчунин муқовимат карда натавонистан дар бозори иқтисодӣ маънидод кард. Дар корхонаҳои саноатӣ 92 намуди маҳсулот истеҳсол гардида, 11 корхона ба маблағи 93,3 миллион сомонӣ маҳсулоти хешро ба давлатҳои хориҷи дуру наздик содир намудааст. Дар чор корхонаи саноатӣ ба миқдори 267,8 тонна нахи пахта коркард шудааст.

57 корхонаи хурду калон дар ҳаҷми 150,4 миллион сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол намуд, ки дар маҷмуъ 25,5 фоизи маҳсулоти саноатиро ташкил медиҳад.

Чанд сол аст, ки бо ҷонибдории Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон оилаи ниёзманд бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин мегарданд. Алҳол 300 нафар оилаҳои эҳтиёҷманди маркази вилоят аз шаҳраки Сайҳун бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардида, 4122 нафар барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва 1636 нафар дар навбати гирифтани хонаи истиқоматӣ номнавис гардидаанд.

Дар шаш моҳи соли 2019 - ум 2988 мактуб бо масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои мухталиф ворид гардида, 2450 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуда, ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар асоси хизматрасонии «Равзанаи ягона» қабули шаҳрвандон доир мегардад. Дар нимаи аввали соли равон 617 нафар шаҳрванд муроҷиат намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 - ум 248 нафар кам мебошад.

Дар шаш моҳи соли равон қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба ҷои 86296 ҳазор сомонӣ 91808,5 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки 106,4 фоизи нақша мебошад.

Ҳамчунин, раиси шаҳр доир ба ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 -1945, камбизоатон, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва танзими расму оин ҳозиринро огоҳ сохт.

Сипас рӯзноманигорон ба саволҳои хеш посух гирифтанд. Ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи таъминот бо нақлиёти мусофиркашон зикр гардид, ки он ҳанӯз соли 2015 ба тасвиб расида бошад ҳам, бо баъзе сабабҳо танҳо соли 2018 - ум татбиқ гардид. Баҳри шаффофияти фаъолияти нақлиёти мусофиркашон минбаъд дар автобусҳо камераҳои назоратӣ гузошта, пардохти маблағ тариқи кортҳои пластикӣ сурат хоҳад гирифт.

Рӯзноманигорон ҳамчунин оид ба мушкилот бо оби нӯшиданӣ, қувваи барқ, таъмири роҳҳо дар маҳаллаҳои навбунёди 14 ва 15, таъминот бо оби нӯшокӣ ва сифати он дар хонаҳои истиқоматию баландошёнаи соҳили рост, ободонии маҳаллаҳои 33 ва 34, мумфаршкунии роҳҳо ва дигарҳо пешниҳоди хешро изҳор доштанд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода ширкат варзид.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh