"Одам як бор мегӯяд: ё баро аз ин ҷо ё..."

ё шинос биёрам?

Мадина Сангинова зодаи ноҳияи Деваштич асту мехоҳад ба шуъбаи магистратураи донишгоҳ дохил шавад. Барои ин ба ӯ лозим омад, ки боз аз муоинаи тиббӣ гузарад. Вай чанд сол пеш аз муоина гузашта, мисли имрӯз ду рӯзи дароз дар навбат наистода буд.

Рӯзи аввал ба Маркази саломатии № 5 - уми шаҳри Хуҷанд рафтаму барои кушодани варақа 25 сомонӣ супоридам. Барои оиладорон 35 сомонӣ будааст. Намедонам ин чӣ гуна нархнома аст? Соат наздики чаҳордаҳ буд, аммо аксари духтуроне, ки ман бояд аз назорати онҳо мегузаштам, дар ҷои кор набуданд. Фикр кардам, ки онҳо дар рухсатии меҳнатианд, аммо... Рӯзи дигар назди духтури гӯшу бинӣ ва гулӯ рафтам. Хостам аз муоинаи онҳо гузарам, аммо бо шавқ донаи офтобпарастро шикаста нишастани хоҳарони шафқатро дида, аз нияти хеш баргаштам, байни “суҳбати қаймоқин” - и онҳо даромадан нахостам.

Мегуфтам ҳам, суде надошт, зеро ҳамшира машғули фикри дигар буд. "Ягон шикоят доред?" - гӯён пурсиду посухашро нагирифта, имзояшро монд. Барои ташхиси рентгенӣ бояд ман ба беморхонаи дигар мерафтам, зеро дар ин марказ таҷҳизот аз кор баромада буд. Ин ҳам як оворагии беморону корафтодагон аст. Муносибати "хуб" - и духтурони ин ҷо кам буд, ки бар болояш ин масъала зам шуд. Соат шонздаҳ, ки шуд, ночор ба хона баргаштам. Рӯзи дигар соати 8:20 ба беморхонаи шаҳрӣ ҳозир шудам. Хушбахтона, духтур маро қабул карда, саволи болоиро такрор кард. Ду муҳр заду аз ман 10 сомонӣ талаб кард. 5 сомонӣ диҳам бо овози баланд "10 сомонӣ!" гуфт. Бо алам пулро додаму садқаи сар гуфта, аз дар баромадам. Аз он ҷо боз ба Маркази саломатии №5 омадам. Ибтидо ба хазина 57 сомониро супурда, интизори навбат шудам. Аз соати нӯҳ то соати 12:00 дар назди дари ташхисгоҳи беморхона дар навбат истодам. Духтурони "харобакак" - у "меҳрубон" - и он ҷо "чаққонакак" варақаҳои омадаистодаро бо шавқ пур карда, бар ивазаш коғазаке, ки дар онҳо акси Ҳамадониву Сино, Айниву Бобоҷон Fафуров буд, мегирифтанд. Холаҳои “харобакак” - и хилъати сафедпӯш дар даст варақаҳо медаромаданду мебаромаданд. Баъд навбати "амакҳои галстукдор" омад. Ба онҳо дар ҳамин ҷо ҳам "котибаҳо" хизмат мекарданд. Варақаро гирифта медароварду аз қафо онҳоро ҷеғ мезад. Ниҳоят варақаҳои "ҳавоии тиллоӣ" магар тамом шуд, ки навбат ба мо омад. Ба утоқе, ки ду рӯз боз даромаданашро «орзу» мекардам, ворид шудам. Духтурон бо лафзи "ширин" - и заҳргину чеҳраҳои "кушод", ки аз онҳо қариб барфу борон борад, маро қабул карданд. Қариб ба меҳмоннавозии онҳо одат карда будам, ки боз як "холаи хилъатпӯш" даромаду ба ҷайби духтур даст андохту бо овози паст маслиҳат карданд. "Вай одам баъди ним соат мебиёд. Ҳаминро пур карда монед". Духтур камтар аз Худо метарсидагӣ будааст магар ки «ақалан хунашро гирифта анализ кунем охир» гӯён ба ӯ нигоҳ кард. Холаи харобакак "не ӯ даркор не. Ҳаминро пур кунед бас. Чаро ин қадар худатонро азоб медиҳед? Хуб, майлаш - мӣ?".

Маслиҳаташон пухту хола баромада рафт. Духтури чанд лаҳза пеш меҳрубону ширинсухан, дилу бедилон варақаи маро гирифту "ба он ҷо гузашта шинед" - гӯён ба ман фармон дод. Хунро гирифту ду ташхиси дигарро ба фардо монд. Ман, ки чанд лаҳза пеш шоҳиди як воқеаи аҷоиб гардидам, духтуронро хуб шинохта монда будам, гуфтам: "Муаллимаҷон, биёед маро бори дигар овора накунеду ҳамонро навишта диҳед" - гӯён илтиҷо кардам. Бо овози баланд гуфт: "Мумкин не. Чӣ хел анализ насупорида, ман навишта диҳам. Аҷаб одамое!". Ба назди духтури дигар, ки даромади нимрӯзаашро ҳисоб мекард, рафтам. Варақаамро дароз кардам. Бо овози баланд: “Аз наздам дур шав. Ё берун баро ё...” - гӯён сарашро хам карда машғули кор шуд. Симову гуфтори вайро дида, аз духтуру дармонаш дилам монд. Маълум шуд, ки ман усули “амакҳои галстукдор” - ро дуруст истифода бурда натавонистаам.

Боз пагоҳ меоям гӯён баромадам. Ба худ гуфтам, канӣ ман ҳам усули дигари онҳоро истифода барам - чӣ гӯён як холаи халатпӯшро дида, наздаш рафта, вазъиятро фаҳмонидаму ба болои варақаам як расми бобои Ҳамадониро мондам. Холаи меҳрубон ба ман ин усулро ёд доданӣ шуда, онро ба қабати коғазҳо монду рафт. Баъд аз як соат варақаамро пурра карда овард. Ҳамроҳаш ҳамон духтури "меҳрубон" - у "ширинзабон" буд, ки акнун аз муносибати нешдори пештарааш нишоне намонда буд. Вай ба ман нигоҳ карда гуфт: "Укоҷон, ҳама ҳуҷҷатҳоятон шуд".

Хуллас, ҳуҷҷатҳоямро гирифтаму ба ҳамаи холаҳоям раҳмат гуфта баромадам. Аҷаб замоне шуд. Ҳама касу ҳама чиз пул шудааст. Одам мурда равад фарқ надорад, муҳим ки пулашро гирифта бошанд шуд. Албатта, ин ба баъзе аз холаҳои "меҳрубон" дахл дорад. Ҳастанд духтуроне, ки ҳаёти беморон барои онҳо аз ҳама чиз болотар меистад».

Ҳар фарди солим бояд дар давоми сол ақаллан як маротиба аз назорати духтур гузарад, зеро бо ин роҳ худро аз бисёр бемориҳо пешгирӣ мекунад. Аммо, аз рӯи гуфти қаҳрамони мо, барои ин ба ӯ лозим меояд, ки ё вақти зиёди худро сарф кунад ва ё маблағро, ки на ҳама чунин имкониятро доранд. Барои санҷиши хизматрасонии кормандони тиб мо пурсиши афкор гузаронидем, ки зиёда аз 45 фоизи онҳо гуфтаҳои қаҳрамони моро дастгирӣ намудаанд. Пас, мо метавонем бо маблағи муайян муносибати хуби онҳоро харидорӣ намуда бошем.

Ҳафиза БЕГОВА,
рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh