ТӮЙЧИЗОДА ҲАДИЯТИЛЛО
- Details
- Published on Wednesday, 25 December 2013 17:51
8-уми маи соли 1951 дар деҳаи Лабидарёи ҷамоати деҳаи Қалами ноҳияи Ашт, дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.
Соли 1968 баъди хатми мактаби миёна ба шӯъбаи журналистикаи Донишго-ҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон) дохил шуда, соли 1973 онро хатм кард. Пасон бо роҳхати мактаби олӣ ба идораи рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод” ба кор омада, дар вазифаҳои ходими адабӣ, мухбир, мухбири калон, мудири шӯъбаи кишоварзӣ, мухбири махсуси рӯзнома дар шаҳру навоҳии Ашт, Конибодом, Исфара кор кардааст.
Тӯйчизода Ҳадиятилло аз соли 1980 аъзои Иттифоқи журналистони ИҶШС буда, сазовори унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон шудааст. Моҳи апрели соли 2015 аз олам гузашт.