Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои нави таваллудхонаи марказӣ дар ноҳияи Деваштич

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич, ки санаи 21-уми апрел ба вуқӯъ пайваст, рафти корҳои сохтмониро дар бинои навбунёди таваллудхонаи марказӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод.

Бинои таваллудхона дар масоҳати 1,7 гектар бунёд ёфта, дуошёна ва  барои 100 кати беморӣ ва 100 воҳиди корӣ пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки сохтмони иншооти мазкур ибтидои солҳои навадуми асри гузашта оғоз ёфта, сохтмони он бо сабабҳои гуногун нотамом боқӣ монда буд. Соли 2014 бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят азнавсозии таваллудхона дубора сар шуд ва дар назар аст, ки соли равон мавриди истифода қарор дода шавад. Бунёди чунин ишооти тиббӣ барои ноҳияи Деваштич, ки сол то сол аҳолиаш афзоиш меёбад, тақозои замон аст. Зеро бинои кунунии таваллудхонаи марказии ноҳия солҳои 70-умиқарни 20 сохта шуда, шароити он ба талаботи замони муосир чавобгӯ нест.

Фармоишгари сохтмон Идораи сохтмони асосии вилоят ва пудратчии он ширкати сохтмонии “Кордон”мебошад. Давоми солҳои 2014 - 2016 дар иншооти мазкур ба маблағи наздик 1,7 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣба анҷом  расонида шуда, айни ҳол андовакунии дохили бино идома дорад.

Зимни шиносӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаи тандурустӣ дастур дод, ки бо таҳия ва ҷалби лоиҳаҳои дохилию байналмилалӣ масъалаи таъмини таваллудхонаро бо таҷҳизоти замонавии ташхисию табобатӣ ҳаллу фасл намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh