Табрики Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Дар тақвими кишвари мо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 26 апрел Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ таҷлил карда мешавад.

Ҳукумати кишвар ҳамасола ба рушди минбаъдаи низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар самти таълим, тайёр намудани кадрҳо, инчунин, иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба нақши моликияти зеҳнӣ, ҳавасмандгардонӣ, ҳифзи дастовардҳои таҳқиқоти илмӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд.

Бо мақсади истифодаи васеи дастовардҳои илмӣ дар ҷодаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ҳанӯз бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июни соли 2014, № 371 «Стратегияи рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» қабул гардида буд. Чунин иқдоми наҷиб заминаи ҳуқуқии инкишофи ин пешаи пурифтихорро дар шароити муосир фароҳам овард.

Бо баррасии амиқи нишондиҳандаҳои назарраси илмӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ аз ҷумла, чунин таъкид намуданд: «Дар панҷ соли оянда фаъолияти ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди нерӯи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад».

Аз ин нуқтаи назар, моро зарур аст, ки бо эҳсоси муҳимияти рушди илмҳои бунёдӣ дар марҳалаи кунунӣ кору фаъолият барем ва дар истифодаи амалии ихтироъ ва навоварӣ дар истеҳсолоти ватанӣ кӯшиш намоем.

Add comment


Security code
Refresh