Ҷавонони бедор – дар корзор!

Санаи 13 майи соли равон дар шоҳроҳи марказии шаҳри Хуҷанд роҳпаймоии ҷавонони бедору бофарҳанг таҳти унвони «Ҷавонон-ҷонибдори рушди босуботи кишвар» баргузор гардид. Бори дигар метавон итминон варзид, ки ба чунин наслҳои оқилу дурандеш такя намудан ифтихор аст. Зеро таҷаммўъи ҷавононро дида, дили кас моломоли фараҳ мегардад, ки эшон аз имрўз набзи фардои Ватани азизамонро эҳсос мекунанд, якдилона сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ менамоянд.

Нигоҳҳои шўълавари сулҳ

Дар даст Парчами давлатии Тоҷикистон, шиорҳои ояндабинона ва бовар ба фардои дурахшон ва гузашта аз ин, чашмҳои моломоли умеди ҷавононро наззора карда, метавон дилпур буд, ки воқеан сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти маърифат ва фарҳанг дурандешона мебошад ва ҳамеша такя ба ҷавонон менамояд.

Борҳо Сарвари хирадманди тоҷикони дунё дар баромадҳояшон гуфтаанд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд. Банда, ки бевосита шоҳиди раҳпаймоии осоиштаи ҷавонон будам, бори дигар ба фардои гулгулшукуфони кишварам боварӣ ҳосил намудам.

Истамҷони Наҷмиддин, ки яке аз ҷавонони фаъоли Суғдзамин мебошад, ин раҳпаймоиро маънии фазои мусоиди сулҳу Ваҳдати миллӣ унвон кард.

- Нисбат ба ҷавонони солҳои нахусти Истиқлолият имрўза ҷавононро ман бедортару оқилтар дарёфтам. Чеҳраи ҳар раҳгузари раҳпаймоии осоишта нишони як идеро мемонд, ки дили кас мехоҳад, ба қатори онҳо даромада, ҳамовозӣ намояд. Мо низ қатори дўстон ғайриихтиёр ба ҳамоиш ворид шудем ва китф ба китфу даст ба даст ҳуввият ва муҳаббати ватандориро бо тамоми вуҷудамон эҳсос намудем,-мегўяд Истамҷони Наҷмиддин.

Сабақ аз таърих

Ба гуфтаи шоҳидон, донишу савияи баланди сиёсие, ки ҷавонони имрўза доранд, аз ҷавонони солҳои 80-уму 90-ум дида баландтар мебошад.

Зеро имрўза ҷавонон хатогии гузаштаи баъзе ҷавонони солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро ҳамчун як сабақи таърихӣ дар вуҷуди худ ҳазм намуда, ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз бо чашми умед нигоҳ мекунанд. Ин таҷаммўъи хушбахт, ки асосан зодагони даврони истиқлоланд, талхии ҷанги шаҳрвандиро бо дардҳои носури он дар умқи қалбашон эҳсос мекунанд, аз чеҳраи малакутиашон аён аст, ки иштибоҳи падарони худро такрор намесозанд ва гирди парчами сулҳу ваҳдат ва ба - хусус пиромуни сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як овоз ҷамъ омадаанд.

Зеро ин насли ҳушёр медонад, ки ҳамеша дасисаҳои беруна дар камин аст ва зудбоварии баъзе аз падарони мо солҳои навадум чӣ гуна талафоти бузургеро пешорўи миллат овард. Ин насли ҷавон, ки дар даст шиори сулҳ дорад, ҳеҷ гоҳ онро ба силоҳу дастгоҳҳои сиёсии ғаразнок иваз намекунад. Ин насл тамоми дунёро бо муҳаббати сулҳофар ва пайғоми ҳамдилӣ маҳз бо шиору ливои сулҳпарваронааш тасхир мекунад. Воқеан, дар даст шиори ин ҷавонони барўманд нишонгари он аст, ки ба муқобили он ягон яроқу аслиҳа баробар шуда наметавонад. Ягон яроқи бузургтарини ҳастаӣ дар ҳузури парчами сулҳи ҷавонони Тоҷикистон муқобилат карда наметавонад. Зеро бар муқобили бадӣ бо некӣ пирўз шуданро ҷавонони имрўз омўхтаанд. Мисли Ҳурмузд бар муқобили Аҳриман бо самимияту беолоишӣ зафар ба даст оварданро ин ҷамъи хушбахт бо тамоми вуҷудашон дарк кардаанд.

Тоҷикистон-институти сулҳи ҷаҳонӣ

Дар қиёси чунин паёмадҳои хубу созанда, мутаассифона, бархе аз ҷавонони гўлу гумроҳ табиати биҳишти ҷовидонаи Тоҷикистонро ба дасисаҳои хоҷагони хориҷӣ иваз намудаанд.

Далели ин гуфта шомил шудани бархе аз онҳо ба аҳзобу равияҳои экстремистию террористӣ ва дастаҳои ҷангии «ДИИШ»-у «Ал-Қоида»-ву «Толибон» мебошад. Мутаассифона, ин гурўҳи ҷавонони манқурт домани поки Ватани моро доғдор намуда, боиси хатари глобалии ҷаҳонӣ гаштаанд. Тавре дар урфият мегўянд, «гўшт бе устухону гул бе хор намешавад».

Аммо баъзе нохалафоне, ки номи миллати моро паст карданӣ мешаванд, ба мисли саге, ки аз наҳри бузург об менўшаду оби он пок боқӣ мемонад, мебошанд. Зеро таҷаммўъ ва ҳамоиши идонаи ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон-ҷонибдори рушди босуботи кишвар» ба ҷаҳониён пайғом фиристод, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша бо таърихи таҷрибаи сулҳ бар муқобили ҳама гуна бадиҳо пирўз мешавад. Исботи ин гуфта сулҳи беназири тоҷикон дар соли 1997 мебошад, ки ҷаҳониёнро ба ҳайрат оварда буд. Аз ин ҷост, ки имрўз баъзе кишварҳои ҷангзада коршиносони Тоҷикистонро ба хотири ба даст овардани сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамоянд ва аз таҷрибаи ғании мо истифода мебаранд.

Ба ин хотир, тамоми кишварҳои ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун институти сулҳ мешиносанд ва бо шомил шудани чанд нохалаф ба дастаҳои террористии Ироқу Шом мазмуни он нест, ки кулли ҷавонони Тоҷикистон террористанд. Бе ин ҳам ҷаҳониён медонанд, ки миллату халқиятҳои Тоҷикистон аз азал дорои хиради фавқулодда мебошанд ва ҳеҷ мафкураву равияи ифротӣ наметавонад,  пеши роҳи сулҳи моро рахна занад.

Бовар ба Асосгузори сулҳу Ваҳдат

Бахшида ба Рўзи ҷавонон ҳамасола баргузор шудани Даҳ Рўзи ҷавонӣ, баргузории Рўзи дави миллӣ, қадршиносии ғолибони олимпиадаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба - хусус бевосита мароқ зоҳир намудани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар баъзе каҷфаҳму кўрдилоне, ки сулҳи нозанини моро нодида мегиранд, нишонгари қадрношиносии онҳо бояд бошад.

 Зеро дар кишварҳои ҳатто пешрафта ҳукуматашон ба ҷавонон тавре, ки дар мо ғамхорӣ зоҳир мешавад, дар онҳо дида намешавад. Агар боваратон наояд, марҳамат, тамоми системаҳои ҷустуҷўи интернетиро саҳифагардон кунед, дар ягон кишвари дигар мисле, ки дар мо таваҷҷўҳ ба ҷавонон аст, дар эшон дида намешавад. Дастовардҳои илмиву амалии ҷавонон яке аз маҳакҳои аслӣ ва ҳадафҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки далели ин гуфта дар донишгоҳҳои байналмилалӣ аз ҳисоби буҷети Ҳукумати кишвар таҳсил намудану соҳиби маълумотҳои ҷаҳонӣ шудани ҷавонон аст. Агар касе муғризона ҳатто далел дошта бошад, ки кадом ҳукумати дигар кишваре донишҷўёнашро дар хориҷи кишвараш аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил кунонидааст, марҳамат, ман омодаи баҳсам. Ҳама аз ҳисоби худ мехонанд, аммо сиёсати дурбинона ва бо дарназардошти ояндаи миллат таваҷҷўҳи хосаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои ҷавон исботи он аст, ки ин миллат воқеан баъди ҳазорон сол бори дигар соҳиби каёни худ гардидааст.

Гузашта аз ин, мактубҳои бесобиқаи ҷавонон дар расонаҳои хабарӣ нисбати сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва изҳори сипосгузории онҳо дар чунин ҷамъомадҳо шаҳодати он аст, ки ҷавонон низ дар бадали некиҳои Сарвари давлат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодаанд, барои имрўзу фардои Тоҷикистони азиз ҷонашонро фидо созанд. Албатта, боварӣ дар зиндагии ҳама кас нақши муҳимро мебозад, ки хушбахтона, ин ҷавҳар дар муҳити Тоҷикистони тозаистиқлол арзи вуҷуд дорад. Хушо, ба ҳоли давлату миллате, ки чунин Сарвари ғамхору чунин ҷавонони бедор дорад!

Паём ба миссионерҳо

Мубаллиғони андешаҳои ғайр, хидматгорони хоҷагони хориҷӣ, фурўхташудагони бозори касифи дасисабозӣ! Бори дигар шумо дидеду шоҳид шудед, ки фарзандони барўманди миллату халқиятҳои Тоҷикистони азиз ба иғвоҳои шумо бовар намекунанд. Вагарна, ин гуна худҷўш ба кўчаҳои шаҳр бо эҳсоси нишоти Истиқлолияти кишвар ва сулҳи нозанини Ватан мутантан намебаромаданд. Бори дигар тири нохалафи сиёсии шумо хок хўрд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бовар кард, ки Тоҷикистон ва насли ҷавони он мисли ибтидои солҳои навадум гўлу гумроҳ нест! Ҷавонони баору номус ва бедори миллат дар корзоранд, шумо пеши ҳама хоҷагонатон мисли мурғи посўхта давед ҳам, онҳо бори дигар мўътақид шуданд, ки ин сафи оҳанини ҷавононро шикаста наметавонанд!

Ҷавонони Ватан, ҷавонони бедор, ба пеш!!!

Набиюллоҳ Суннатӣ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh