17 қонуншикании меъморӣ ва шаҳрсозӣ ошкор шуд
- Details
- Published on Tuesday, 11 February 2025 15:29
Дар доираи баргузории нишастҳои матбуотӣ дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки раиси ноҳия Нусратулло Салимзода, намояндаи МИҲД-и вилоят Шарифҷон Ахмедов, роҳбарону масъулини сохторҳову мақомотҳои марбути соҳоти гуногуни ноҳия ва рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Конфронсро Н.Салимзода ифтитоҳ бахшида, сараввал оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 мушаххас маълумот дод. Қайд гардид, ки дар ин давра қисми даромади буҷети давлатӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ беш аз 110 фоиз ба иҷро расида, ба ҷойи 612,3 миллион сомонии нақшаи пешбинишуда, ба маблағи 676,9 миллион сомонӣ ба буҷет ворид гардид, ки ин наздик 65 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи иттилоъи расмӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ин марҳала истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 3534,5 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод 102 фоизро ташкил дод.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин низ чораҳои зарурӣ ҷиҳати ташкили гармхонаҳо андешида шуда, дар ҳудуди ноҳия 203 гармхона мавҷуд буда, масоҳати умумии он беш аз 28 гектар мебошад.
Бино ба маълумотҳо соли сипарӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 4121,8 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки он аз соли 2023 ба маблағи 962,7 миллион сомонӣ кам ва суръати афзоиш 81,1 фоизро ташкил дод. Соли сипарӣ аз 208 корхонаҳои истеҳсолӣ 187 коргоҳ фаъолият намуда, 21 коргоҳ бинобар набудани фармоишгар, набудани маблағи гардиш, дигар кардани самти фаъолият ва ба фурӯш нарафтани маҳсулот фаъолият накарданд. Соли 2024 дар ноҳия 36 корхонаи саноатии нав бо фарогирии беш аз 300 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намудааст.
Дар ин давра аз ҷониби бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия вобаста ба сохтмони бино ва иншоот мунтаззам корбарӣ гардида, соли гузашта 17 қонуншикании меъморӣ ва шаҳрсозӣ ошкор шуд, ки зимни он 8 амрнома нисбат ба 10 нафар тартиб дода, тибқи тартиби муайянгардида барои андешидани ҷораҳои қонунӣ ба прокуратураи ноҳия арсол шудааст.
Ҳамзамон бобати масоили фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ гуфта шуд, ки дар ҳамаи намуди муасисаҳои таълимии томактабии ноҳия 6584 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Умуман дар ҳудуди ноҳия 38 кӯдакистон мавҷуд буда, инчунин барои ҳарчӣ бештар фарогирии кӯдакон бо таълим дар 62 муассисаи таълимии ноҳия 116 гурӯҳи Маркази инкишофи кӯдак ташкил шудаанд.
Дар фарҷом байни роҳбарияти ноҳия ва рӯзноманигорон суолу ҷавоб ҷараён гирифта, зимни он дар хусуси масъалаҳои баҳсҳои қитъаи замин, норасоии оби полезӣ, набудани партовгоҳҳову сатҳи пасти хизматрасонии соҳаи комунналӣ, таъмиру тармими Марказҳову хонаҳои фарҳангӣ ва ғайраҳо пурсон шуданд.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”