Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо сохмони иншооти соҳаи тандурустӣ
- Details
- Published on Wednesday, 04 December 2024 10:58
3 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи тандурустӣ шинос гардид.
Бояд қайд намуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма ҳамчун соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба касилиҳои гуногун, беҳдошти фаъолияти беморхонаву муолиҷагоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ чораҳои муассир андешида мешаванд. Дар ин раванд, айни замон дар вилояти Суғд бунёди бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд ва бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нав сатҳи хизматрасонӣ боз ҳам беҳтар гардонда хоҳад шуд.
Бинои иловагии Маркази саратоншиносии вилояти Суғд аз 6 ошёна иборат аст ва он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, фармоишгар Идораи сохтмони асосии вилоят ба ҳисоб меравад. Дар бинои нав ҳуҷраҳо барои 150 кат, шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳӣ ҷойгир карда мешаванд. Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд хизмат мерасонад. Беморхона дорои шуъбаҳои эҳё, мулоиҷа, ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимёвӣ, табобати нурафканӣ буда, барои қабул, ташхису муоина ва пешгирии беморӣ мутахассисони баландихтисос, ки мунтазам дар кишварҳои перафта таҷрибаомӯзӣ мекунанд, фаъолият доранд.
Бинои иловагии Маркази клиникавии эндокринологии вилояти Суғд низ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сохта шуда, барои 120 кат бо тамоми шароит ба истифода дода хоҳад шуд. Фароҳамсозии шароити мусоид барои табибони марказ имкон медиҳад, ки қабулу ташхис ва табобати беморонро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар таъмини солимии ҷомеа беш аз пеш саҳмгузорӣ намоянд.
Бинои иловагии Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд бошад аз таҳхона ва ҳафт ошёна иборат аст ва барои 120 кат пешбинӣ шудааст. Беморхонаи клиникавии бачагонаи вилояти Суғд аз калонтарин беморхонаҳо дар вилояти Суғд буда, дорои 12 шуъбаи махсусгардонидашудаи ташхисию табобатӣ ва 290 кат мебошад. Дар он 52 нафар табибон ва 135 нафар кормандони миёнаи тиб кору фаъолият дошта, ба кӯдакон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ ба масъулин барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳо супоришҳо дода, ба кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати пешгирии ҳамагуна бемориҳо, тарбияи кадрҳои ҷавон ва фарогирии онҳо ба таҷрибаомӯзӣ дар кишварҳои пешрафати ҷаҳон тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд