Ҷабҳаи созандагӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент

Солҳои соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои шаҳри бостонии Панҷакент бо қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи замонавӣ ва иншооти таъиноташон гуногун зебову назаррабо гардида, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст.

Бояд гуфт, ки ин шаҳри бостонӣ рӯз аз рӯзу лаҳза ба лаҳза чеҳраи худро ҳамчун шаҳри замонавию ҷолиб бо санъати меъмориаш тағйир медиҳад, ки албатта, ин нахуст аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолист ва баъдан аз муҳити орому сулҳу субот аст.

Имрӯз сафар кардан ба ин шаҳри қадиму ҳамзамон чун замони соҳибистиқлол ҷавон тавассути роҳҳои ҳамвору ҷавобгӯй ба талаботи давру замон мумфаршшуда ба кас ҳаловату фараҳ бахшида, ифтихор аз соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ мекунед.

Шабонгоҳон нури чароғакони ду канори роҳ он қадар зебову рӯшан паҳн мешаванд, ки нақлиёти гуногун бемалол, аз ду ҷониб бо кафолати бехавфии роҳҳо дар ҳаракатанд. Дар ҳар масофаи муайяни роҳ, дар ин ё он мавзеъ бо талаботи давру замон истгоҳҳои замонавии таъмин бо сӯзишворӣ ва дар ҳамон ҷо нуқтаи савдои ғизову нӯшобаҳо ба кас шодиву хурсандӣ мебахшад ва худро бо ифтихор як тан ҷузъи ҷудонашавандаи кишварҳои рӯ ба рушд тасаввур мекунед.

Воқеан, ҳоло дар тамоми ҳудуди кишвар авҷи сохтмон ба мушоҳида мерасад ва дар ин радиф роҳсозӣ низ мақоми махсус пайдо кардааст. Хусусан, соли равон роҳсозон ҷиҳати иҷрои рисолати хеш ба дастовардҳои муассир ноил мешаванд. Ҳоло на танҳо роҳҳои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявидошта, балки роҳҳои дохили рустову байни маҳаллаҳо, кӯчаҳо пурра азнавсозиву таъмир ва ба гаштугузори пиёдагардону нақлиёт басо мувофиқ мешаванд.

Иқдоми бо усули ҳашар таъмиру азнавсозии иншооти дорои аҳамияти гуногуни иқтисодидошта ба Паҷакенти бостонӣ ҳам омад. Тавре Муҳаммадраҳим Пиров, сардори Идораи Муассисаи давлатии роҳҳои автомобили шаҳри Панҷакент иброз медорад, тасмими таъмири роҳҳои дохили шаҳриву байни маҳаллаҳои рустои Панҷакент зиёдтар бо фарогири масоҳати дароз амалӣ мешаванд.

Соли равон, мушаххасан, дар давоми наздик 10 моҳ дар ҳамаи Ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Панҷакент, дар маҷмӯъ зиёда аз 16 километр роҳ ҷавобгӯй ба талаботи замон мумфарш шуданд ва ин раванд рӯз ба рӯз миёни мардум вусъати тоза касб мекунад.

Ҳамчунин, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории соҳибкорону сокинон роҳҳои маҳаллии ҳудуди деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент мумфарш карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол бо саҳмгузории сокинон ва ҷалби техникаи роҳсозӣ 2,5 километр роҳҳои дохилии деҳа мумфарш шуда, давоми ду соли охир дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоати деҳот дар масофаи беш аз 16 километр роҳ мумфарш карда шудааст.

Ҳоло бошад, бо истифода аз обу ҳавои мусоид мумфаршкунии роҳҳои дигар деҳаҳои ҷамоати деҳот идома дорад.

Бо ибтикори соҳибкорону сокинони деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр роҳи байни маҳаллаи навбунёди деҳа дар масофаи 3 километр мумфарш карда шуд.

Тавре ташаббускорони ин иқдом иброз доштанд, аз ин кори хайр пеш аз ҳама даҳҳо нафар хонандагон, ки ҳар субҳ аз тариқи он роҳи обод ба мактаби деҳа мераванд, хурсанд ҳастанд, ҳамчунин дар ду канори роҳ ҷӯйи обрави бетонӣ низ сохтаанд.

-Мардуми маҳал ба хубӣ фаҳмиданд, ки роҳҳои таъмиршуда чӣ қадар ба кас рӯҳу табъи болида мебахшанду бар деҳаҳо ҳусни нав зам мекунанд,-бо қаноатмандӣ мегӯяд М.Пиров, - бо мурури давр мутахассисони маҳаллии роҳсоз ҳам афзун хоҳанд шуду ҳам техникаи муосир ва дер нест он рўз, ки ҳама роҳҳои пиёдагарду мошингарди мо низ чун дигар кишварҳои пешрафта зебо гардида, бе гарду хок гашту гузор мекунанд, муҳимаш ин иқдомҳоро тақвият бояд бахшид.

Дар самти бунёди иншоот-корхонаву биноҳои маъмурӣ ва манзилҳои истиқоматӣ низ имрӯз Панҷакент аз дигар мавзеъҳои кишвар ақиб нест. Шаҳр ҳам ба шарқу ва ҳам ба ғарб доман паҳн мекунаду биноҳое рӯйи кор меоянд, ки хеле ҷолибу мувофиқ ба замонанд. Хусусан, ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони чун дар дигар манотиқи мамлакат дар Панҷакент ҳам ба таври умум зиёда аз 1000 иншоти гуногуни хурду калони истеҳсоливу иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва хизматрасонӣ бунёд хоҳанд шуд. То моҳи октябри соли равон дар ҳудуди шаҳр тибқи нақша 84 сохтмони иншоот ба нақша гирифта шуда буданд, аз қабили 38 коргоҳи истеҳсолӣ, 24 сохтмонӣ, 36 маориф, 18 варзишӣ, 9 фарҳангӣ ва 15 иншооти сайёҳию, меҳмонхонаҳо, марказҳои савдою хизматрасонӣ мебошанд, ки қисми зиёди онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Бо ширкати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода биноҳои истиқоматии нӯҳошёна бо ҷойгирии тарабхона, маркази дандонпизишкию дигар намуди химатрасонӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз ҷониби соҳибкор Шавкат Бобоев ба истифода дода шуд, ки симои шаҳрро куллан тағйир дод. Ҳамзамон, дар фосилаи вақт тариқи ҳашар дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош беморхонаи минтақавӣ, дар шаҳраки Суғдиён нуқтаи фурӯши сӯзишвории соҳибкори инфиродӣ Анвар Саидов, пули калони мошингард бо иқтидори борбардории 60 тонна дар мавзеи Дуобаи Ҷамоати деҳоти Суҷина, синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи таълимии Ҷамоати деҳоти Саразм, бинои манзилии 7-ошёна бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби соҳибкор Муродулоҳи Асадулло дар кӯчаи Навободи шаҳр, бинои нӯҳошёна бо тамоми ҷузъиёташ: тарабхона. Маркази савдо аз ҷониби соҳибкор Абдумаин Қодиров дар хиёбони Рӯдакии шаҳр, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Некнот, боз як пули нави замонавӣ бо иқтидори борбардории 60 тонна дар мавзеи Дуобаи деҳаи Шинг баҳрабардорӣ шуданд.

Дар ин шабу рӯзҳо бошад, корҳои сохтмонӣ дар авҷанд. Сохтмони бинои беморхонаи минтавии деҳаи Ғӯсар, бинои мактаб барои 320 хонанда дар деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг бо суръат идома доранд.

Тибқи иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Панҷакент Раҳматулло Ҷумъаев аз тарафи соҳибкорони бонангу номус ва ширкатҳои алоҳида боз зиёда аз 35 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ идома доранд, ки то 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ пурра бунёд ва ба истифода қарор мегиранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўшиш намуда, ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хубу хотирмон таҷлил менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh