Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон
- Details
- Published on Tuesday, 27 February 2024 13:13
‐ Алҳол, аз 1 миллиону 436,5 нафар зану духтари вилоят 22750 нафарашон занони роҳбарикунанда ва 1207 нафарашон хизматчиёни давлатӣ мебошанд. Аз 40 ҳазору 553 нафар духтаре, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил менамоянд, 467 нафарашон тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғули омӯзиш буда, 550 нафар гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80 нафар гирандаи стипендияи Раиси вилоят мебошанд. Ҳамзамон, дар вилоят 188 ятимдухтар зиндагонӣ мекунад, ки аз имкониятҳои даврони соҳибистиқлолӣ бархурдоранд, ‐ қайд намуд дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода.
Гуфта шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, маърифати оиладорӣ, либоспӯшӣ, таҳкими оила, танзими муносибатҳои оилавӣ, тарғиби фарҳанги оиладорӣ ва ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, талқини ғояҳои хуби ахлоқиву маънавӣ маҳфили вилоятии «Оила – кошонаи меҳру муҳаббат» баргузор гардид. Ҳамчунин, то кунун дар 18 шаҳру ноҳия байни сокинон бо усули «Хона ба хона» вобаста ба масъалаҳои тарғибу ташвиқи сиёсати имрӯза, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонону занон, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, муҳоҷират, зӯроварӣ дар оила, даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон ва сӯиқасд ба он, бемориҳои сироятӣ ва рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо мақсади таъмини амнияти охуқаворӣ, захираи кофии маводи хӯрока дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва пешгирии баландравии нарху наво дар бозорҳо, истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист пайваста корҳои профилактикӣ гузаронда шуд.
Ҷиҳати муайян намудани беҳтарин бонувони хизматчии давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» гузаронида шуда, 4 нафар соҳиби диплом гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади омода намудани духтарон ба оиладорӣ ва кадбонугӣ чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ, аз қабили «Наврӯзӣ», озмунҳои «Маликаи Наврӯзӣ», «Таомҳои миллӣ», «Угробуррӣ», «Ҳафт сину ҳафт шин», аксияи «Тоҷикона мепӯшем» ва «Суманакпази беҳтарин» баргузор карда шуд. Баргузории озмуни «Нон – зеби дастархон» бошад, бо мақсади ҳавасманд кардани шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани нонҳои гуногуни миллӣ, ҳарчи бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани намудҳои нон ва маҳсулоти нони парҳезӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуда, ҳунари кадбонугии занону духтарон ба маърази тамошо гузошта шуд.
Дар охир намояндагони васоити ахбори омма ба суолҳои худ аз масъулин ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»