Заминҳо ба ҳолати аввала баргардонида шуданд
- Details
- Published on Tuesday, 27 February 2024 13:11
Дар маҷлисгоҳи Прокуратураи вилоят бо иштироки васеи рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар он прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Фурқат Хоҷазода оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2023 гузориш дод. Мавсуф қайд намуд, ки кормандони прокуратураи вилоят дар соли 2023 ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳ зоҳир намуда, 4797 нафар шаҳрвандро қабул карда, дар маҷмӯъ, аз 9839 муроҷиати воридшуда 2810 адад ё 28,6 фоиз бевосита баррасӣ ва 748 адад ё 26,6 фоиз қонеъ карда шуданд.
Бо самтҳои назорати прокурорӣ аз натиҷаи санҷишҳо 33848 қонунвайронкунӣ ошкор ва баҳри бартараф намудани онҳо 13530 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, 19118 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида ва 11440 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шуданд.
Прокурори вилоят изҳор кард, ки дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ 5800 гектар заминҳои худсарона ишғол ва ё ғайриқонунӣ мавриди истифода қарордошта ба ҳолати аввала баргардонида шуданд, ки аз ин 335 гектар ба манфиати давлат мебошад.
Бар илова 340,9 миллион сомонӣ зарар ва қарздорӣ барқарор шудааст, ки аз ин 255,4 миллион сомонӣ ба манфиати буҷет ва корхонаҳои давлатӣ мебошад. Аз ҷумла, аз натиҷаи санҷишҳо дар бораи буҷет ва молияи давлатӣ 236 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 57 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 2,3 миллион сомонӣ зарар ба манфиати буҷети давлатӣ рӯёнида шудааст.
Вобаста ба таъмини ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз натиҷаи санҷишҳо 247 санади эътиноӣ оварда шуда, 2931 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ ва маъмурӣ кашида, нисбат ба 105 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуданд.
Ҳамзамон, прокурори вилоят оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо вобаста ба самаранок ва оқилона истифода бурдани замин фикру андешаи худро баён намуда, таъкид кард, ки дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намуда, ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии қонунвайронкуниҳо 4408 вохӯриву суҳбат гузаронида, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 26 мақола ба табъ расонидаанд.
Вале то ҳоло қонунвайронкуниҳо ҷой дошта, аз натиҷаи санҷишҳо 1877 санади эътиноии прокурорӣ бароварда шуда, 2376 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ ва маъмурӣ кашида ва 270 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Аз ҷумла, оид ба худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин ва сохтмони худсарона 147 парвандаи ҷиноятӣ ва вобаста ба ғайриқонунӣ додани замин 97 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Ҳамзамон, дар нишасти матбуотӣ оид ба ҳолатҳои аз кишт берун мондани қитъаи заминҳо, изофанависии кишти зироатҳо ва ғайриқонунӣ қонунигардонии дороиҳо ҷой дошта, баҳри бартараф намудани онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудаанд. Вобаста ба риояи қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон ҳолати иҷрои қонунгузориҳо дар бораи маориф, масъулияти падару модар, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон, уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ санҷида, аз натиҷаи онҳо 1812 санади эътиноӣ бароварда шуда, 3086 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 302 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 4,2 миллион сомонӣ зарар барқарор шуд.
Аз натиҷаи баррасии ариза ва иттилоот 262 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии коррупсионӣ ошкор ва ба қайд гирифта, аз натиҷаи баррасии онҳо 259 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 175 парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол шудааст.
Дар охир рӯзноманигорон ба суолҳои худ посух гирифтанд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”