Хизмати Ватан – Модар муқаддас аст
- Details
- Published on Friday, 23 February 2024 11:34
Ҳар сол санаи 23‐юми феврал дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Артиши миллӣ, бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад. Артишро макони мардонагию ҷасоратмандӣ мегӯянд, ки он ҷо сарбозон ҳамарӯза тамрини низомӣ мегузаранд ва бо посбониву ҳушёрӣ ва зиракӣ марзи кишвари азизамонро ҳифз менамоянд. Дар хотир бояд дошта бошем, ки тақдири миллат, ободиву осудагӣ ва ҳифзи ин марзу бум аз ҳар як сокини кишвар вобастагии калон дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонон бояд як нуктаро дарк намоянд, ки хизмат ба ВатанМодар қарзи фарзандӣ аст. Аз ҳидоятҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки вазифаи ҷонии ҳар шахси бомаърифат аз он иборат мебошад, ки Ватанамон–Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоят намоем ва онро азизу муқаддас донем: «Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳар яки шумо, фарзандони далери Ватан, ба нангу номуси шумо, ба эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии шумо ва азму иродаи ҷавонмардонаи шумо итминони комил дорам».
Агар ба таърих рӯ оварем, аз нав таъсис додани Қувваҳои Мусаллаҳ кори осон набуд. Баъди барқарор намудани ин сохтори бениҳоят муҳим соли 1993 нахустин гузашти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз майдони марказии пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе қадамҳои қатъӣ дар ҷодаи таъсис додани Артиши миллӣ гузошта шуд ва дар як муддати кӯтоҳ ба ниҳоди пурқудрати давлатӣ табдил ёфт. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳ бударо бартараф карда, давра ба давра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлоли давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем.
Таҳким бахшидан ва неруманд сохтани Артиши миллӣ аз тарбияи хуби ҷавонон дар рӯҳияи ҳарбӣ‐ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагӣ ба шумор рафта, онҳо маҳз дар ин ҷо далеру шуҷоъ тарбия меёбанд ва ба халқу Ватан содиқона хизмат менамоянд. Дар самти ҷалби ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола тадбирҳои нав роҳандозӣ ва татбиқ мешаванд.
Афсарону сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан–Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз сафарбар месозанд. Ҳамин сипоҳиёни Ватан ҳастанд, ки мо ором мехобем ва аз ин лаззати тинҷиву оромӣ мечашем ва мегӯем, ки шукри обу хокат, шукри амну суботат, шукри як пораи нонат, Тоҷикистони соҳибистиқлоли ман.
Ҷавонони ояндаи кишварро мебояд аз ин далерию шуҷоати афсарон дарси ибрат гиранд, чунки суботу оромии кишвар ва ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ аз ҷавонони чолоку ҳушёр вобастагии зиёд дорад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиклоли мо бо ҷавонони боору номусаш ва бо далерони шуҷоаш беш аз пеш ободтару шукуфонтар мегардад.
Ҳамчунин, маврид ба зикр аст, ки сафи ҷавонони ихтиёран ба Қувваҳои Мусаллаҳ даъватшаванда сол аз сол зиёд мегардад ва ин нишони баланд гардидани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллии насли ҷавон мебошад. Ҷавонони мо дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона хизмати Модар–Ватанро иҷро карда, бо матонату шуҷоати худ собит менамоянд, ки ҳифзи марзу буми аҷдодӣ қарзи фарзандии онҳост.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сох тани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашанд ва бо эътимоди комил, дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймоянд. Сад шукр, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин ҳама пастиву баландиҳои рӯзгорро паси сар намуд ва имрӯз бо роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайи ободкориву созандагист. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин ҳама тинҷиву оромӣ бирасем ва шукргузор аз ин неъмат бошем.
Бахтиёр ФАЙЗАЛИЗОДА,
ёрдамчии калони прокурори ҳарбии
гарнизони Суғд, капитани адлия