Кафили бехатарии мардум

Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад.

Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ дошта, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад. Солҳои охир ҷавонони мо ин нуктаро ба хубӣ дарк намуда, ихтиёрӣ барои хизмат кардан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар шомил мегарданд, то ин ки қарзи фарзандии худро дар назди Модар‐Ватан ба ҷо оранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем.

Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишвари моро халалдор намояд.

Аз ин рӯ имрӯз бояд ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша зиракии худро аз даст надода, баҳри тинҷию осоиштагии кишвари азизамон сина сипар намоянд. Зеро онҳо ба хубӣ дарк намудаанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

Илова бар ин, мардуми шарафманди кишвар бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватан, муҳофизони марзу буми худро мебинанд.

Имрӯз ҷавонони мо ба хубӣ дарк кардаанд, ки онҳо ояндагони ин миллати куҳанбунёду диёри биҳиштосоянд ва пайваста талош доранд, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ хизмати шоиста намоянд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст.

Маҳз, ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Аҳмадҷон ЁРОВ,

муфаттиши шуъбаи

тафтишотии прокуратураи

ҳарбии гарнизони Суғд

Add comment


Security code
Refresh