Ҳомиёни марзу бум

Ҳар сол санаи 23‐юми феврал рӯзи таъсисёбии Артиши миллиро дар тамоми қаламрави кишвар таҷлил менамоянд.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замоне арзи ҳастӣ намуд, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт. Зеро баъди барҳам хӯрдани давлати абарқударати Иттиҳоди Шӯравӣ кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ‐сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буданд. Ана дар ҳамин даврони нобасомони рӯзгор, муноқишаҳои дохилӣ Артиши миллӣ таъсис дода шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар он даврон дар кишвар барои бунёди Артишӣ миллӣ ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт.

Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. Ҳукумати мамлакат, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шуруъ намуд.

Артиши миллӣ бо вуҷуди надоштани заминаи моддию техникии пуриқтидор дар солҳои душвори муқовиматҳои дохилӣ таҷриба андӯхта, дарси ҷангию муҳорибавиро ҳамаҷониба омӯхт. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артишимиллӣ марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳ бударо бартараф карда, давра ба давра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, таҷрибаандӯхта, ва яке аз муқаддасоти миллӣ– рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад, ки мо аз он басо ифтихормандем. Ҳарчанд мушкилот вуҷуд доштанд, аммо давлати ҷавону соҳибистиқлол тавонист мардонавор қадам зада, баҳри таъсиси Артиши миллӣ ва ягонагии кишвар тамоми қувваю имконияти худро масраф созад.

Имрӯз ҳар як ҷавони соҳибмаърифатро зарур аст, ки баҳри ояндаи неки кишвар, тинҷиву осоиштагии он сина сипар намуда, дар ҳифзу осоиштагии он саҳми беназири худро гузорад.

Фирӯз АЛИЕВ,

муфаттиши шуъбаи

прокуратураи ҳарбии

гарнизони Суғд,

лейтенанти хурди адлия

Add comment


Security code
Refresh