Аксияи «Тозагии шоҳроҳҳо» дар вилоят вусъат меёбад
- Details
- Published on Friday, 16 February 2024 15:58
Дар маҷлисгоҳи Кумитаи идораи замини вилоят бо иштироки роҳбарияти ин сохтор- Тоҳирҷон Толибзода, инчунин сардорони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят- Суҳроб Холзода, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят-Аминҷон Абдуллозода, Сарраёсати кишоварзии вилоят - Маъруфҷон Шарифиён бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати якуми январи соли 2024 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят беш аз 18 миллиарду 400 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2022 -юм 115,1 фоизро ташкил дод.
-Дар давраи ҳисоботӣ бунёди боғу токзорҳои нав беш аз 580 гектар ва барқароркунии боғу токзорҳои куҳна 760,5 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти аз шаҳру навоҳии вилоят дастрасгардида 69 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардид, аз ҷумла, 19 гектар зардолу, ду гектар шафтолу, 14 гектар олу, 16 гектар сиёҳолу, нуҳ гектар себ ва як гектар нокро дар бар мегирад,- иброз дошт М.Шарифиён.
Инчунин сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят С.Холзода маърӯза намуда, афзуд, ки бо мақсади тоза нигоҳдории муҳити атроф, алалхусус дар қадди шоҳроҳҳои асосӣ тибқи нақша - чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз моҳи январ то ҳол 51 маротиба аксияи «Тозагии шоҳроҳ» бо иқдоми бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар миқёси вилоят, алалхусус шоҳроҳи Хуҷанд - Душанбе - Чаноқ, Конибодом - Исфара, Айнӣ - Панҷакент, Хуҷанд - Ашт ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин аксияҳо намояндагони касбу кори гуногун, аҳолии ҷамоату шаҳракҳо, сохторҳои масъул иштирок намуда, беш аз 80 метри мукааб партов бароварда шуд. Дар асоси нақша, ин аксия то охири сол дар миқёси вилоят идома меёбад.
-Танҳо аз ҳисоби воситаҳои махсуси ҳифзи муҳити зисти Сарраёсат соли сипарӣ барои тоза нигоҳ доштани маҳалли зист, кӯчаю хиёбонҳо, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон, ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати экологии марказҳои шаҳру ноҳияҳо наздик 4 ҳазор ниҳоли дарахтони ҳамешасабз, ороишию сояафкан ва 92 ҳазор бех гулҳои гуногун харидорӣ ва дастрас карда мешавад,-афзуд мавсуф.
Масъулини соҳаи Раёсати беҳдоштии замин ва обёрӣ дар вилоят арз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади омода намудани воситаҳои асосӣ ба мавсими обёрӣ ва таъминоти оби полезӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати харидорӣ намудани як дастгоҳи обкашии 52 В-11 бо муҳаррики барқияш барои пойгоҳи обкашии Мирзочӯл-2 ноҳияи Зафаробод аз ҳисоби маблағи талафи истеҳсоли кишоварзӣ ба маблағи 10 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда, аз ҷониби Ширкати Хитойӣ ба ин пойгоҳи обкашӣ дастрас карда шуд.
-Ба санаи 9 феврали соли 2024 тоза намудани хатти шабакаҳои обёрӣ 54 фоиз, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо наздик 60 фоиз ва таъмири дастгоҳҳои обкашӣ 61 фоиз ба иҷро расонида шуда, то санаи 1 марти соли равон пурра корҳои омодагӣ ба мавсими имсолаи киштукор ба сомон расонида хоҳад шуд,- таъкид дошт А.Абдуллозода.
Тоҳир Толибзода низ оид ба фаъолияти Кумитаи идораи замини вилоят дар соли сипарӣ маълумот дода, оид ба ҳолати мелиоративии заминҳо изҳор дошт, ки дар ин давра ҳамагӣ 5419 гектар замини ҳолати мелиоративиаш ғайриқаноатбахш буда, ҷиҳати беҳдошти ин заминҳо зиёда аз 5 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд ва ба санаи 4 декабри соли сипарӣ ҳолати мелиоративи масоҳати 4690 гектар замин беҳтар карда шуд.
-Дар рафти корҳои назоратӣ аз ҷониби нозирони кумита муайян гардид, ки ба санаи 14 декабри соли сипарӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба масоҳати умумии қариб 3 ҳазор гектар, аз он 2660, 1 гектар обӣ ва 300 гектар лалмӣ бо сабабҳои аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоот, ботлоқшавию шӯршавӣ, набудани об ва дигар омилҳо ин заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.
Дар фарҷом роҳбарони сохторҳои болозикр ва масъулини онон ба суолҳои рӯзноманигорон посух доданд.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”