Захира баҳри муътадил нигоҳ доштани нарх

Захираи маводи хӯрока бо мақсади бе мушкилӣ паси сар намудани фасли зимистон яке аз масъалаи аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳаҷми калон захира намудани маҳсулот дар анбор, яхдон, сардхонаҳо барои таъмини бозори истеъмолӣ дар давраи зимистон ва аввали баҳор то истеҳсоли маҳсулоти нави кишоварзӣ нақши асосӣ дорад. Дар вилоят барои захираи маҳсулот яхдон, сардхона, анбори калон ва ба миқдори зиёд анборҳои хоҷагиҳои деҳқонию шахсони алоҳида истифода мешаванд. Ғалла, картошка, якчанд номгӯи сабзавот, меваю ангур дар ин анборҳо ва сардхонаҳо захира карда, марҳала ба марҳала, аз охири тирамоҳ сар карда, дар зимистон ба бозори истеъмолӣ бароварда мешаванд. Ин омили асосии дар давраи зимистон дастрасӣ доштан ба маводи ғизоии тару тозаи хушсифати кишоварзӣ буда, захираҳо имкон медиҳанд, ки то фасли баҳор ва марҳалаи минбаъда низ бозор бо маҳсулоти зарурӣ таъмин шавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристон сардхонаҳои маъмуливу бобоӣ барои нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ истифода мешаванд.

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ аз анборҳои мавҷуда ва сардхонаҳои нав истифода мебарад.

Мусоидати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба захираҳои молиявӣ аз роҳҳои хариду захираи маҳсулот аз кишоварзон мебошад. Бино ба гуфти сардори Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилоят Иброҳим Мутуллозода, тибқи нақшаи тарҳрезишудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар сардхонаҳо бояд 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира шавад.

- Мо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкорӣ менамоем ва ин ба мо имкон медиҳад, то маҳсулотҳои кишоварзиро арзон ва инчунин бо сифат захира намуда, барои таъмини бозори истеъмолӣ мусоидат кунем. Айни ҳол захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳои мавҷуда беш аз 600 тоннаро ташкил медиҳад, - гуфт Иброҳим Мутуллозода.

Метавон гуфт, ки чунин тарзи корбарӣ имконият медиҳад, дар мавсими сармо кормандону мутахассисони ин соҳа баҳри хизматрасонии хуб ва бо сифати баланду нархҳои нисбатан арзонтар пешкаш намудани маҳсулоти мавриди ниёзи мардум минбаъд низ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки сардхона дар шаҳри Исфара бо ғунҷоиши 350 тонна маҳсулот, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ғунҷоиши 250 тонна маҳсулот, дар ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Истаравшан, Шаҳристон сардхонаҳои ба таври анъанавии ғунҷоишашон гуногун мавҷуд аст.  Мавсуф таъкид кард, ки ҳоло нақшаи захиракунии маҳсулоти кишоварзӣ идома дошта, рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.

Бино ба иттилои масъулин дар сардхонаҳои ҳудуди вилоят танҳо маҳсулоти аз деҳқон харидоригардида, ба монанди картошка, сабзӣ, пиёз ва мевагиҳо захира мешавад. То охири моҳи ноябр дар сардхонаҳои матлуботи вилояти Суғд 600 тонна пиёз ва 250 тонна картошка захира мешавад.

Дар ҳолати кам шудани маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор ва пешгирӣ аз болоравии нархи он, ҷамъияти мазкур пешгирии чунин холатро пешбинӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки ҳадаф аз захира кардани маҳсулоти кишоварзӣ пеш аз ҳама муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозор аст.

Дар минтақаҳои вилояти Суғд соли равон кишоварзон дар масоҳати 7 554 гектар шолӣ кишт карданд. То имрӯз беш аз 1800 тонна шолӣ ҷамъоварӣ гардид. Аз рӯи дурнамо мебояд соли равон беш аз 5 000 тонна шолӣ ҷамъоварӣ карда шавад.

Минатақаҳое, ки дар вилоят бештар ба кишти шолӣ машғуланд шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом ва Панҷакент мебошанд. Аз рӯи маълумоти оморӣ ҷамъоварии шолӣ нисбат ба соли гузашта зиёд аст. 

Ҳамасола бораи дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи зимистон ситод ташкил гардида, дар он нақшаҳо доир ба таъмини аҳолӣ ва иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ бо барқу гармӣ, пешгирӣ аз талафоти барқ ва ҳолатҳои сӯхтор, вусъати кишти тирамоҳӣ, захираи маҳсулоти хӯрока ва маводи сӯзишворӣ ва дар ҳолати мутобиқ ба талабот нигоҳдории иншооти роҳу нақлиёт дастур дода мешавад.

Дар ин замина аз ҷониби ташкилоту сохторҳои давлатӣ ва махсусан аҳолӣ барои бе мушкилӣ паси сар кардани фасли сармо чораҳои мушаххас андешида мешаванд. 

Бино ба иттилои масъулини ситоди вилоятии омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023 - 2024 нақшаи захираи маводи асосии ғизоӣ барои солҳои 2023 - 2024 аз ҷониби сохторҳои дахлдори вилоят омода гардид, ки тибқи он захираи орд 2236 тонна, равған 631 тонна, биринҷ 513 тонна, шакар 212 тонна, консерва 54385 қуттии шартӣ, картошка 1305 тонна, пиёз 419 тонна, сабзӣ 503 тоннаро дарбар мегирад.

Маъракаи харидан ва захира кардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар сардхона ва анборҳои хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонӣ ва нуқтаҳои фурўш, чун ҳамасола аз санаи 1-уми октябри соли ҷорӣ оғоз гардидааст.

 Шаҳбону Олимова,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh