Ифтитоҳи бинои беморхонаи сироятӣ пас аз таъмиру бозсозӣ дар Панҷакент

22 ноябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент бинои беморхонаи сироятӣ пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд. 

Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои се шуъбаи табобатӣ - калонсолон, бачагона ва эҳё мебошад.

Беморхона дорои 70 кат буда, 85 нафар кормандони соҳаи тиб ба мардум хизмат мерасонанд. Иншооти мазкур бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, беҳтарин шароити кору хизматрасонӣ дар он муҳайё карда шудааст.

Баробари таъмиру навсозӣ ҳамзамон муассиса бо дастгоҳу таҷҳизот ва дигар мебелҳои замонавӣ таъмин гардидааст, ки ин боиси боз ҳам боло рафтани сатҳи хизматрасонӣ тиббӣ ба аҳолӣ мегардад. 

Раиси вилоят дар суҳбат бо кормандони соҳаи тиб аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳа ёдовар шуда, аз табибон даъват намуд, ки сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд бардошта, дар таъмини солимии миллат беш аз пеш талош намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh