СОҲИБИ ЭЪТИБОРИ АРЗАНДА
- Details
- Published on Thursday, 16 March 2023 14:23
Норхўҷа Дадохўҷаев–ходими давлативу ҷамъиятӣ аз зумраи он нафароне аст, ки аз байни халқ баромадаву бо меҳнати ҳалолу содиқонаву софдилона байни ҷомеаву маҳал мақому эътибори баланди инсониро дарёфтааст.
Зиндагиномааш намунаи ибрату омўзиш барои насли ҷавону шогирдону атрофиён мебошад. Ӯ санаи 14уми марти соли 1953 дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст. Пас аз хатми Институти давлатӣпедагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров), соли 1975 фаъолияти меҳнатиаш дар мактаби миёнаи №17 шаҳри Хуҷанд ҳамчун омўзгору тарбиятгари насли наврас оғоз гардида, сипас солҳои 1976‐1977 хизмати Модар‐Ватанро сарбаландона ба ҷо овард. Баъди хизмат дар Артиши Шӯравӣ ӯро ҳамчун методист ба шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъват намуданд, ки худ нишони заҳмати сидқидилона ва иҷрои софдилонаи рисолати касбии пуршарафи омӯзгории ӯ мебошад, ки минбаъд чун таҷриба ба мактабҳои ноҳия паҳну омўхта шавад.
Масъулияти баланду чашмикордонӣ дар ҳуҷҷатнигориву риояи дақиқкорона санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ буд, ки роҳбарияти ноҳия ӯро ба ҳайси котиби Ҷамоати деҳоти Унҷӣ таъин намуданд ва дар ин вазифаи пурмасъул беш аз 21 сол бомуваффақият ва сарбаландона адои вазифа намуд. Мақому эътибори баланди роҳбариву инсониаш буд, ки соли 2009 Маҷлиси вакилони халқи ҷамоат Дадахӯҷаев Норхӯҷаро ба вазифаи раиси ҷамоат лоиқ донист.
Дар вазифаи раиси ҷамоат чун роҳнамову тўдакаши ҷомеа дар дилу дидаи халқ маскан гирифта, бо сарҷамъиву муттаҳидии сокинон баҳри ободии кўчаву маҳаллаҳои ҷамоат нақши муассиру мондагор гузошт, ки халқ ҳамеша бо некӣ ба забон меоранд. Қасри маданияти Арбоб, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Унҷӣ, паҳлўи ҷамоат воқеъ аст ва чун макони таърихӣ меҳмонони зиёди ватаниву хориҷӣ ва сайёҳон боздид менамоянд, масъулияти бузурги ҷамоат ва роҳбарият он аст, ки баҳри ободии кўчаҳои асосӣ бо сокинон дилу забон ёфтаву зебопарастиву тозагиро ҳамеша тарғиб ва ҷомеаро дар ҳамин руҳия омода намояд. Норхӯҷа Дадохўҷаев, ки таҷрибаи бойи бо халқ кор кардан дошта, аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат, марҳалаҳои мушкили аввали солҳои 90‐ум, баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъулияти бузург кору фаъолият мекард, сарҷамъу муттаҳид намудани сокинон ва ба ободониву зебопарастӣ ҳидоят намудани онҳо барояш мушкилие надошт. Халқ бо эҳтирому самимият сарҷамъона дар паҳлўяш истода, баҳри ободонӣ кўшиш мекард.
Ҷамоати деҳот, ки зинаи аввалин ва пойдевори асосии мақомоти иҷроия ва дастраскунандаи сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ба халқ мебошад, беш аз 25 сол дар ин мақоми давлатӣ фаъолият намудану обрўву эътибори арзандаро соҳиб гардидан аз инсон заҳмати зиёд, дили бузург, асаби устувор, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, дониши фарохро талаб менамояд, ки ӯ ин ҳамаро бе ягон мушкилӣ бо сари баланду номи нек мардонавор тай намуд.
Амали мондагоре, ки баҳри ҷовидонии номи ҷамоат, таърихи пурифтихори гузаштаву имрўзаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, мардуми заҳматкашу мушкилнописанди деҳа бо ҷалби олимону муаррихони шинохта анҷом дод, ин ба табъ расонидани китоб таҳти унвони «Таърихи Унҷӣ ва ҷамоати он» мебошад, ки муҳаббату самимияти баланди ӯ ба халқу деҳаву зодгоҳу ҷамоат, ки чоряк аср умри хешро ба он бахшидаву аз ҳамрозу ҳамдам дар рўзҳои шодиву ғами мардум будан ва ба қадри гузашта расидани ӯ дарак медиҳад. Норхўҷа Дадохўҷаев имрӯз дар ҳалқаи оила, фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад, вале хизмат ба халқу ҷомеаро барои худ роҳат ва истироҳати беҳтарин медонад.
Меҳнатдўстиву ғайрат ва чашмикордониаш буд, ки имрўз ҳам ӯ дар вазифаи муовини раиси Шўрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия кору фаъолият намуда, баҳри ҳифзи иҷтимоиву иқтисодии калонсолону собиқадорон мусоидат менамояд, аз ҳолу аҳволи онҳо пайваста бохабар мегардад ва дар роҳи татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат оид ба ин қишри ҷомеа саҳмгузор ҳаст. Хизматҳои шоистааш бо чандин ифтихорномаҳои ноҳиявию вилоятӣ, медали ҷашнии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нишони сарисинагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ гардидаанд.
Дар ин лаҳзаҳои хотирмони зиндагӣ собиқадори меҳнат, шахси ҳалиму хоксор, меҳнатдӯсту мушкилнописанд Норхўҷа Дадохўҷаевро ба муносибати 70‐умин солгарди баҳори умри бобаракаташ самимона табрику муборакбод намуда, барояш рўзҳои неку босаодати зиндагӣ, саломативу сарбаландӣ, хонаи ободу рўзгори пурнишот ва давлати бегазанди зиндагиро таманно менамоем.
А.ШАРИФЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”