ПЕШГИРӢ ВА МУБОРИЗА БО ВНМО ДАР ВИЛОЯТ

Санаи 1 уми декабр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам қабул шудааст, ки ҳадаф аз он пешгирӣ ва огоҳонидани қишрҳои гуногуни аҳолӣ аз бемории мазкур мебошад. Зимнан, барои муайян кардани ҳолат ва сатҳи пешгирӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам бо директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) дар вилояти Суғд, Абдумавлон Абдуллозода ҳамсуҳбат шудем.

Бино ба гуфти Абдумавлон Абдуллозода кормандони Марказ тибқи талаботи қарору фармоиши амалкунанда оид ба пешгирии ВНМО/БПНМ дар миқёси вилоят фаъолиятро пеш бурда, дар навбати аввал тафтишоти эпидемиологиро ба ҳар як ҳодисаи нави сирояти ВНМО гузаронида истодаанд. Бахусус, назорати эпидемиологии гурӯҳи хатари баланди сироятёбидошта (нашъамандон, кормандони хизмати шаҳвонӣ, маҳбусон), гурӯҳи осебпазир (кормандони тиб, наваскарон, донорҳои хун, муҳоҷирон ва занони ҳомила) ба таври зарурӣ ҷараён мегирад.

‐Давоми 9 моҳи соли 2022 – юм 182 ҳодисаи нави сироят ба ВНМО, ки аз ин ҳисоб 120 нафар мард ва 62 нафар зан аст, ба қайд гирифта шуд. Аз шумораи сироятёфтагон 180 нафар ба табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шуданд. 2 нафар бо сабаби ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан ба табобат фаро гирифта нашуданд.

Бояд ёдовар шуд, ки аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз 2121 нафар ҳомилон ва мубталоёни ВНМО/БПНМ ба табобати зиддиретровирусӣ ҷалб шудаанд. Мутаассифона, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 37 нафар сироятёфта фавтид, гуфт директори Марказ. Тарве иттилоъ доданд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар байни занони қобили таваллуд 63 607 ташхиси ВНМО бо усули тести оҷилӣ гузаронида шуд, ки дар натиҷа 9 ҳодисаи нави сироят ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин вақт 39 нафар зани ҳомилаи сироятёфта таваллуд намудаанд, ки аз ин ҳисоб 15 нафар дар соли 2021 ба қайд гирифта шуда буданд. Айни ҳол 13 нафар зани ҳомилаи сироятёфта таҳти назорати духтурони амрози занона қарор доранд.

‐Дар нӯҳ моҳи соли равон аз 39 нафар зани ҳомила, ки ба ВНМО сироят ёфтаанд, 17 нафар бо роҳи буриши қайсарӣ, 19 нафар бо роҳи таббиӣ таваллуд кардаанд. Ба санаи 1 – уми октябри соли равон шумораи кӯдакони зинда то синни 18 сола – 130 нафарро ташкил медиҳанд. Айни ҳол ба 101 нафар кӯдак ба андозаи 448 сомонӣ ҳар моҳ кӯмакпулӣ дода мешавад. Волидони 25 нафар кӯдаки дар қайдбуда аз гирифтани кӯмакпулӣ даст кашиданд. Ба 4 нафар кӯдаки дар қайдбуда, барои гирифтани кӯмакпулӣ ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад, ‐иброз дошт Абдумавлон Абдуллозода.

Боиси тазаккур аст, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 10 нуқтаи боварӣ барои нашъамандони тазриқӣ, 7 ҳуҷраи дӯстона барои занҳои расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ амал мекунад, ки барои мубодилаи сӯзандоруҳои яккарата, тақсимоти маводи пешгирикунанда, машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои пешгирии сирояти ВНМО хизмат мерасонанд.

Ҳамзамон, кормандони Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО/БПНМ – вилояти Суғд ҷиҳати таъмини доруворӣ ва дастрасии маводи лозимӣ мусоидат карда, омодаи қабул ва ташхису табобати ройгони сироятёфтагон мебошанд.

Файзуллохон ОБИДОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh