МУЛОҚОТЕ, КИ ҚАДРШИНОСӢ МАҲСУБ МЕЁФТ...

Он рўзҳо ҳама умедворона хабару пайки тозаро аз «Қасри Арбоб» интизорӣ доштанд. Ҷангу ҷидоли бемаънӣ, нобасомонӣ, гуруснагӣ, бародаркушӣ Тоҷикистони азизи моро ба тўъмаи хеш афканда буд. Оне, ки дар вуҷудаш як зарра меҳри Ватан дошт, ба нияти сулҳу сафо ба ин макон қадам мениҳод. Зеро вазъ дар саросари кишвар басо муташанниҷ буд, ҳатто фазои Душанбеи дилрабо аз боду борони силоҳ ва сояҳои абри сияҳи навмедӣ намои андуҳу мотамӣ дошт. Дар ин иҷлосия бояд тақдири давлату миллат, ҳастии мамлакат ва бақои миллат ҳал мегардид. Иштирокдорони ин чорабинии сиёсӣ он рўзҳоро ҳаргиз аз лавҳи хотир зудуда намесозанд ва, барҳақ, баъдтар баргузории муваффақонаи онро бахти миллати тоҷик унвон кардаву Иҷлосияро наҷотбахшу тақдирсоз номидаанд.

Воқеан ҳам Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлату миллати мо нақши сарнавиштсоз дошта, дар пойдории сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва сохти конститутсионии мамлакат нақши муҳим бозидааст. Дар баргузории ин чорабинии тақдирсоз, ки аз он рўзҳо 30 сол сипарӣ гардид, намояндагони воситаҳои ахбори умуми ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ низ фаъолона ширкат варзида, онро дар сатҳи баланд инъикос намудаанд.

Дар инъикоси воқеӣ, беғаразонаи Иҷлосияи тақдирсоз беш аз 70 нафар намояндаи ВАО, аз ҷумла, кормандони дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд, адибону рўзноманигорон Додоҷон Раҷабӣ, Ғуфрон Рустам, Мирзоғанӣ Валиев, мухбирони парлумонии рўзномаҳои «Ҷумҳурият» Нозир Ёдгорӣ, Аюби Кенҷа, Муҳаммад Эгамзод, «Ҳақиқати Ленинобод» (алҳол «Ҳақиқати Суғд») Ҳасанбой Шарифов, Мазбут Воҳидов, Ҳасани Порсо, Ҳадиятулло Тўйчизода, Исроилxон Рабиев, Шарифxон Мамадxонов, Ғайрат Ҳаким, радиои «Тоҷикистон» Ҷовиди Аштӣ, ҳайати эҷодиву техникии радио ва телевизиони вилоятии «Ленинобод» (алҳол «Суғд ТВ»), намояндагони хабаргузориҳову оҷонсиҳои хориҷӣ, саҳми шоиста гузоштаанд.

Дар маркази матбуоти Қасри Арбоб барои фаъолияти пурсамар ва саривақтии журналистон 2 телетайп ва 7 нуқтаи телефон гузошта шуда буд.

Баъди он, ки кори иҷлосия ба маром даромаду аз сулҳу оштӣ башорат дод ва Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштанд, аксари онҳо хотирҷамъ шуда, аксар намояндагии расонаҳои хориҷӣ Қасри Арбобро падруд гуфтанд.

Иштирокчии иҷлосия, корманди масъули дафтари матбуоти Ҳукумати вилоят дар он солҳо Мирзоғанӣ Валиев дар як навиштааш барҳақ чунин овардааст: «Баъзе хабарнигорони оҷонсиҳои хориҷӣ ба матонати Раиси Шўрои Олӣ бовар надоштанд, аз ин рў, саволҳои таҳдор медоданд.

‐Оё дар чунин рўзҳои касофатбор ва дар зери борони тири мардумони сангарнишин ба пойтахти мамлакат рафтани Шумо хатарнок нест?

‐Албатта, хатарнок, вале ҳақиқати ҳол чунин аст, ‐ҷавоб дод Раиси навинтихоби Шўрои Олӣ. – Чаро аз ҳақиқат тарсему гурезем. Агар аз ҳақиқат тарсем, корамон ҳеҷ пеш намеравад». Воқеан ҳам аз рўзҳои аввали интихоб шудан ба маснади Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба дасти худ гирифта, савганди садоқат баён намуданд, ки ин эътимоди ҳамаро ба ояндаи неки Тоҷикистон қавӣ гардонид. Рўзноманигор Ҷовиди Аштӣ, ки он замон мухбири парлумонии радиои «Тоҷикистон» буд ва кори иҷлосияро бо таври фаврӣ инъикос менамуд, он лаҳзаҳоро ба хотир оварда изҳор дошт: Санаи 19‐уми ноябри соли 1992 баъди интихоб гардидани Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маснади Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони ватаниву хориҷӣ баргузор гардид. Дар нишаст Акбаршо Искандаров ба намояндагони расонаҳои иттилоотӣ оид ба интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод ва ман аввалин шуда, ба ў савол додам, ки дар бораи ин интихоби вакилон назари худро баён намоед. Мавсуф посухи арзанда дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи хуби роҳбарӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ ва фаросати эзидӣ доранд. Бовар дорам, ки вакилон дар атрофи ин шахс сарҷамъ омада, Тоҷикистонро ба сулҳу ваҳдати комил ва рушду тараққиёт мерасонанд… Дар инъикоси Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар намояндагони воситаҳои ахбори умум мухбирони парлумонии рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» (алҳол «Ҳақикати Суғд») низ иштироки фаъолона доштанд. Сармуҳаррири рўзнома, марди якрўву садоқатпеша Файзулло Атохоҷаев гурўҳи калони кормандони идораро ба инъикоси воқеъбинона ва фаврии ҷараёни иҷлосия вобаста намуда буд.

Ҳанўз дар шумораи ин нашрия аз 12‐уми ноябри соли 1992, №161 қарори Президиуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати 12‐ум дар шаҳри Хуҷанд, дар санаи 16‐уми ноябри соли 1992, изҳороти Раёсати Шўрои Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ба табъ расида буд. Шурўъ аз ин шумора то охири баргузории иҷлосия рўзнома беш аз 110 санад, хабару мақола, мусоҳиба ва таклифу пешниҳодҳоро марбут ба иҷлосия саривақтӣ ва ҳадафмандона ба нашр расонидааст. Фаъолияти хуби кормандони ин нашрияро ба эътибор гирифта, Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони рўзнома мулоқот намуда буданд, ки боиси ифтихори аҳли эҷод мебошад.

Шояд ин мулоқоти Сарвари давлат бо рўзноманигоронро то ба имрўз на ҳама донанд. Дар ин бора нашрияи «Ҳақиқати Ленинобод» дар шумораи №176, аз 5‐уми декабри соли 1992 хабареро таҳти унвони «Вохўрии Э. Раҳмонов бо журналистони рўзнома» ба табъ расонидааст, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Байни журналистон ва раиси парлумони ҷумҳурӣ оид ба вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ, ҷамъбасти Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти минбаъдаи Раёсати Шўрои Олии Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин дигар масъалаҳои муҳими рўз мубодилаи афкор барпо гардид. Эмомалӣ Раҳмонов ба мавқеи рўзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» баҳои сазовор дода, журналистони онро даъват намуд, ки минбаъд низ тамоми қувваю дониш ва ғайрати эҷодиашонро баҳри пойдор гардонидани сулҳу амонӣ дар Тоҷикистон, таъмини ваҳдати мардум ва якпорчагии ҷумҳурӣ равона намоянд». Дарвоқеъ, рўзнома дар таъмини ҳақнигорӣ, адолату волоияти қонун, давлати ҳуқуқбунёд мавқеи устуворе дошт.

Ин мулоқот қадршиносии кормандони рўзнома аз ҷониби Сарвари давлат маҳсуб меёфт. Шукр, ки Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби мардуми кишвар шуълаи умедро барафрўхт ва тулўи офтоби дурахшони саодат эҳёгари миллату давлати навини Тоxикистон гардид.

Мухтори АБДУЛЛО,

Аълочии матбуот ва фарҳанги

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh