ОМОДАГИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ДАР КАДОМ САТҲ АСТ?

Дар заминаи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат бунёди муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ, таъмиру тармими биноҳои амалкунанда, таъмин намудани муассисаҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ ва маводи хӯрокворию сӯзишворӣ пайваста идома дорад. Бахусус, маблағгузории соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар панҷ соли охир ба андозаи 225,3 миллион сомонӣ афзуда, соли равон аз буҷаи вилоят ба соҳаи тандурустӣ 597,9 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Боиси зикр аст, ки соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмон, таъмир ва азнавсозии 152 муассисаи соҳаи тандурустӣ сурат гирифт. Зимнан, барои муайян кардани сатҳи омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба зимистонгузаронии имсола бо сармутахассиси Раёсати тандурустии вилоят оид ба сохтмон Ҷаъфар Мамадов ҳамсуҳбат шудем.

‐Дар асоси пешниҳоди Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва қарори Раиси вилоят таҳти №143 аз 25 уми апрели соли 2022 барои муассисаҳои тандурустии вилоят 4836,8 тонна ангишт ва 1431,6 м3 ҳезум бояд харида захира шавад.

Иловатан, бо назардошти бақияи ангишт, ҳезум ва маводи сӯзишворӣ барои генераторҳои барқӣ аз давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021‐2022 ва нақшаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022‐2023 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 5016,29 тонна ангишт, 1565,21 м3 ҳезум ва 10664 литр сўзишворӣ бояд захира шавад, ‐иттилоъ дод Ҷаъфар Мамадов.

Мувофиқи нақша – чорабинии ситоди махсуси соҳаи тандурустӣ барои сари вақт таъмин намудани беморхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят бо маводи сӯхт ва хӯрокворӣ корҳои муҳим ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 977 м2 тирезаҳо шишабандӣ шуданд. Ҳамзамон, 1894 адад гармкунаки барқӣ, 1492 печи аловӣ ва 202 адад генератори барқии коршоям муҳайё аст, ки дар ҳолати зарурӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Оид ба нигоҳ доштани маводи сӯзишворӣ барои генераторҳои барқӣ шартнома байни муассисаҳои тандурустӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ баста шуда, дар ҳолати зарурӣ тибқи нақшаи муассисаи тандурустӣ бо сӯзишворӣ таъмин карда мешаванд. Дар муассисаҳои тандурустии вилоят 139 дегхона мавҷуд аст. Барои омода намудани таҷҳизоти барқии гармидиҳӣ, печҳои аловӣ, генераторҳо ва дегхонаҳои муассисаҳо корбарӣ идома дошта, раванди омодасозӣ давом мекунад.

Интизор меравад, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят барои таъмин намудани беморон бо маводи хўрокворӣ 25,1 тонна картошка, 14,4 тонна пиёз, 13,4 тонна сабзӣ, 7870 литр равған, 9,3 тонна орд, 7,3 тонна биринҷ, 3,7 тонна шакар ва 8,1 тонна дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бояд захира шавад.

‐То санаи 1 – уми октябри соли равон дар муассисаҳои тандурустии вилоят 18,25 тонна картошка, 10 тонна пиёз, 9,69 тонна сабзӣ, 5090 литр равған, 6,64 тонна орд, 4,86 тонна биринҷ, 2,65 тонна шакар ва 5,37 тонна дигар маводи хўрокворӣ захира шудааст, ‐афзуд Ҷаъфар Мамадов.

Раёсати тандурустии вилоят дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дахлдор барои муваффақона гузаронидани мавсими зимистонгузаронии имсола чораҳои зарурӣ андешида, талош доранд, ки давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022‐2023 бе мушкилӣ ҷамъбаст гардад.

Файзуллохон ОБИДОВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh