ДОРУВОРИИ БЕСИФАТ ВА ҒАЙРИСТАНДАРТӢ НОБУД КАРДА ШУДАНД

Низоми фаъолияти соҳаи тандурустӣ ҳамеша дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар Паёми навбатии худ бобати паҳлуҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ ҳарф зада, таъкид карданд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоиро ҷоннок намуда, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ва соҳибкорон дар самти таъмин кардани рушди саноати дорусозӣ, аз ҷумла истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Аз тарафи мутахассисони шуъбаҳои Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд маъракаи несту нобудсозии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиении муҳлати истифодабариашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботи стандартӣ ҷавобгўй набуда, ҳамагӣ 1146 номгў, ба миқдори беш аз 265 ҳазор бо таври сўзонидан дар партовгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров несту нобуд карда шуд. Зимни суҳбат сардори Сарраёсати Хадамот Илҳом Пўлодзода гуфт, ба назорати сахти кормандони Сарраёсат нигоҳ накарда, ҳанўз ҳам ҳодисаҳои доруворию маводи ороишии муҳлаташон гузашта ва ё сертификати мутобиқати сифат надошта дар қаламрави вилоят ба назар мерасанд.

‐Мо тасмим гирифтем, дар ин ҷабҳа фаъолиятамонро ҷоннок намуда, нагузорем, ки аз дорувор ва маводи ороишии муҳлати истифодаашон гузашта ва ё бе сертифакати сифат аҳолӣ зарар бинад,‐гуфт И.Пўлодзода,ҳарчӣ ҳам бошад, ин ҳама барои саломатии инсон истифода мешавад ва заррае бемасъулиятӣ метавонад ба қимматтарин неъмат саломатии инсон таъсири манфӣ расонад.

Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон дар асоси 31 қарор дар 32 муассисаи фарматсевтӣ, тибқи 57 қарор дар 65 муассисаи табобатию профилактикии давлатӣ ва ғайридавлатии вилоят санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ гузаронида шудааст. Аз санҷишҳои ғайринақшавӣ тибқи 39 қарор 84 муассисаи фарматсевтӣ ва табобатию профилактикии вилоят бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷиш гузаронида шудааст.

Ҳамагӣ аз тарафи Сарраёсати Хадамот дар нуҳ моҳи соли равон нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон дар муассисаҳои фарматсевтӣ, МТПҳои давлатӣ, МТП‐ҳои ғайридавлатӣ ва мағозаҳои зери санҷиш қароргирифта 123 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳамагӣ ба маблағи 252216 сомонӣ ҷарима ба фоидаи буҷаи давлат ситонида шудааст. Ба 65 муассисаи фарматсевтӣ, МТП‐и давлатӣ ва МТП‐и ғайридавлатӣ амрномаҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳо ирсол гардида, ҷавоби он оид ба бартараф намудани камбудиҳо сари вақт ворид гашт. Оид ба таъмини иҷрои фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи «Қоидаҳои ба расмият даровардани дорухат ва талабот нисбати он» ва «Оиди истифодабарии дорухатҳо дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ» дар бораи андешидани чораҳои интизомӣ нисбат ба 11 корманди тиб тибқи пешниҳоди Сарраёсати Хадамот муҷозоти интизомӣ татбиқ гардидааст.

Дар маҷмўъ оид ба амалисозии чораҷўии интизомӣ аз тарафи роҳбарони муассисаҳо нисбат ба 72 нафар корманд сарзаниш татбиқ шудааст. Аз тарафи ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ 141 ариза оид ба гирифтани рухсатномаҳои якдафъаина дида баромада шуда, 141 рухсатномаи якдафъаина дода шуд. Ҳамагӣ маблағи умумии воридот беш аз 4 миллиону 320 ҳазор доллари амрикоӣ бо вазни зиёда аз 2 миллиону 100 ҳазор килограмм мебошад. Аз тарафи ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродии воридкунандаи маводи ороишию гигиенӣ 164 ариза оид ба гирифтани рухсатномаҳои якдафъаина дида баромада шуда, 164 рухсатномаи якдафъаина дода шуд.

Ҳамагӣ маблағи умумии воридот наздик 4 миллиону 445 ҳазор доллари амрикоӣ ба вазни 5100759 килограмм мебошад. Инчунин, ҷаласаи аккредитатсионӣ оид ба бинои муассисаҳои фарматсевтӣ ва мағозаю дўконҳо гузаронида шуда, ҳамагӣ 584 ариза барои гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсионӣ дида баромада, ба 584 муассисаи фарматсевтӣ ва мағозаю дўконҳо шаҳодатномаи аккредитатсионӣ дода шуд.

‐Дар ин замина мо мекўшем, фаъолияти худро баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтару хубтар ба роҳ монда, барои саҳми арзанда гузоштан дар солимии аҳолии кишвар қувва ва неруи худро сафарбар созем, гуфт дар хотима Илҳом Пўлодзода.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh