Ситоди махсуси вилоятӣ ташкил шуда, рафти корҳои барқарорсозӣ таҳти назорат аст

Бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои даргириҳои марзӣ ва сари вақт бунёду барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншооти иҷтимоӣ Ситоди махсуси вилоятӣ таъсис ёфтааст.

Роҳбари Ситоди вилоятӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода буда, ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ таҳти назорат қарор дорад.

Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои шаҳрвандон то 1 ноябр омода гардида, бо ҷиҳози зарурии рӯзғор таъмин карда хоҳад шуд.

Боиси зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои зарардидагони шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кӯмакҳои моддӣ, аз қабили маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас шуда, корҳои сохтмонӣ дар деҳоти минтақаҳои наздисарҳадӣ оғоз ёфтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh