Иқдоми инсонпарваронаи Пешвои миллат

Субҳи имрӯз корвони кӯмакҳои моддии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ворид гардид. Дар корвони мошинҳои боркаш маводи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна  мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст. Кумаки зикршуда асосан ба  оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркуҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро мегирад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки  кумаки инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дили ҳар сокини минтақаҳои наздисарҳадӣ умед ба фардои нек бахшид. Ин ташаббус боиси ифтихору пайравӣ буда, сокинонро ба ҳамгироӣ раҳнамоӣ мекунад. Зимнан, дар пайравӣ аз ташаббуси созандаи Пешвои миллат фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ иқдомҳои хайрхоҳонаро амалӣ карда истодаанд. 

Бо дастури супоришҳои Пешвои миллат ва Раиси вилоят ситоди махсус ташкил гардидааст, ки барои барқарорсозии хонаҳои сокинони осоишта ва иншооти ёрирасон ҳарчӣ тезтар замина фароҳам меорад.

Файзуллохон Обидов

Add comment


Security code
Refresh