ЧАРО ОИЛАҲО ҶУДО МЕШАВАНД?

Ибтидои ҳар оила аз бунёди маънавии ҳар шахс оғоз мегардад. Оиладорӣ аз бастани ақди никоҳи ду нафар ибтидо гирифта, тақдири минбаъдаи он ба дасти ҳарду: мард ва зане, ки бо ҳам аҳд баста, оила бунёд намудаанд, вогузор аст. Сарчашмаи пешбурди ҳаёти оилавӣ бошад, ба маърифат, ҷаҳонбинӣ, дониш, ақлу заковати навхонадорон вобастагии қавӣ дорад. Агар аз рӯзҳои нахустини оиладоршавӣ дар байни зану шавҳар самимият, меҳру муҳаббат, эҳтирому эътиқод, муомилаи хушу рафторҳои оқилона вуҷуд дошта бошад, ба насли навине, ки аз ин оила бармеояд, таъсири мусбӣ мерасонад, зеро фарзандон дар оила аз муносибатҳои волидайн бархурд менамоянду барои худ сабақ мегиранд.

Хушбахтона, дар кишвар оилаҳое умр ба сар мебаранд, ки солҳои тӯлонӣ ҳаёти хушбахтонаро барои худ ихтиёр кардаанду намунаи ибрати дигаронанд. Дар баробари ин, дар мамлакат ҷудошавии оилаҳо низ ба назар мерасанд, ки нигаронкунанда буда, ҳар фарди ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад. Мо бо суоли «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳоро дар чӣ мебинед?» бо чанд нафар аз масъулин ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи онро манзури Шумо мегардонем.

Хоҷазода Хуршедахон Усмон – Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд:

- Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробарии амалигардонии онҳо», Барномаҳои давлатии «Пешгирии зӯроварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунандаи кишвар барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа нигаронида шудаанд. Давоми шаш моҳи аввали соли 2022‐юм 2107 ҳолати бекоркунии ақди никоҳ, аз ҷумла 1482 ҳолат бо қарори суд бекор карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 148 ҳолат кам аст.

Ҳарчанд ки рақамҳо шарҳи ҳол мегӯянд, ин масъала бояд дар доираи пеш аз ҳама, ҷомеа: раисони маҳалла, ҷамоат, шӯроҳои гуногуни он, фаъолони маҳал, собиқадорон ва дар як вақт бузургсолони оила, ки эътибори сухани онҳо дар ҷомеа баланд аст, ҳаллу фасл шавад. Зиёда аз ин дар ҳар шаҳру ноҳия ҷамъияти «Шӯрои муросо» амал мекунанд, ки мақсади асосиашон пешгирии ҷудошавии оилаҳо мебошад. Аъзои ин ҷамъият ҳамарӯза бояд дар маҳалҳо корбариро ба роҳ монанд, ба зану шавҳаре, ки ҷудошавиро ихтиёр кардаанд, муқаддас будани оиларо дуруст фаҳмонанд. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ба ҷомеа мутааллиқ ҳамарӯза баҳри пешгирии оилаҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.

Асоси бекоршавии ақди никоҳро асосан ду мақомот: мақомоти судӣ, ки қариб шаш моҳ ва мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ, ки барои ҷудо нашудани оилаҳо 1 моҳ муҳлат медиҳад, ба уҳда доранд. Муҳлати муайянкардаи ин ду мақомот асосан барои хубтар фикр кардану аз ҷудошавӣ даст кашидани оилаҳост. Хушбахтона, имрӯз фаъолияти ҳам мақомоти судӣ, ҳам мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳам ҷамъияти «Шӯрои муросо» аст, ки бештари муроҷиаткунандагон ба мувофиқа оварда шуда, аз ҷудошавӣ даст мекашанд ва имрӯз зиндагии хушбахтона доранд.

Мунзифа Расулова – мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Бӯстон:

- Гумон мекунам, ҷудошавии оилаҳо аз каммаърифатии узви он мебошад. Агар зан ва ё марди хонадон соҳиби ақлу тамиз, донишу маърифат ва хислатҳои хуби инсонӣ бошанд, оила ба ҷудошавӣ намерасад. Имрӯз дар самти баланд бардоштани нақши занон дар рушди пешрафти ҷомеа, фарогирии онҳо ба омӯзиши касб ва истеҳсолот натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд. Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар ҷиҳати эҳё намудани ҳунарҳои миллию касбомӯзӣ ба занону бонувони хонашин шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Ҳамарӯза дар утоқи кории бахш бо гурӯҳи мурососозӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар ин раванд ҳашт оилае, ки дар марҳалаи пошхӯрӣ қарор доштанд, ба муросо омаданд. Ҳамчунин бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо раисони Шӯрои занони маҳаллаҳои шаҳр вохӯрӣ бо занону бонувон ва ҷавондухтаронро ба роҳ мондааст, ки барои баланд бардоштани маърифатнокии занону духтарон мусоидат мекунад. Ҳамчунин, дар ин вохӯриҳо сухан дар бораи пешгирии даст задани шаҳрвандон ба падидаҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткориву худкушӣ, зиёд намудани ихтиёриёни ҷавон дар маъракаҳои даъвати ҳарбӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ‐террористӣ, маърифати оиладорӣ рафта, фаъолон ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят менамоянд.

Шоира Қосимова – раиси ҷамъияти «Шӯрои муросо»‐и деҳаи Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

Чун нафаре, ки солҳои тӯлонӣ дар пойдории оилаи хушбахту сазовори ҷамъият ҳисса гузоштаам, волидонро ҳушдор доданиам, ки барои хонадор кардани ҷавонон саросема нашаванд. Зеро сабаби асосии вайроншавии оилаҳои ҷавон дар бармаҳал оиладор шудани ҷавонон, ки ба оиладорӣ омода нестанд, мебошад. Ҷавонони имрӯз аз оддитарин душвориҳои зиндагӣ рӯҳафтода мешаванд, сабру таҳаммулашон ба бардошти пастию баландиҳои ҳаёт намерасад, ҳарчанд ки тамоми шароити зиндагӣ барояшон муҳайёст. Инчунин камсаводии ҷавонон, бахусус духтарон баъди оиладоршавӣ ба таври возеҳ аён мегардад.

Духтари бомаърифат оянда модари бомаърифат, зани оқила мешавад. Дар оила зан, модар, ки бомаърифат шуд, оила ободу солим гардида, ҷомеа рӯ ба тараққиёт меорад. Аз ин андешаҳо бармеояд, ки дар оиладорӣ низ саводнокӣ нақши муҳим дорад. Албатта, ҳаёт пастиву баландиҳои худро дорад, на дар ҳама оилаҳо муҳити созгору солим ҳукмфармост. Заруратҳои иҷтимоӣ бархе аз бунёдгузорони оилаҳоро ба шароите гирифтор месозад, ки на дар фикри тарбияи фарзанду на дар фикри мисоли хуб шудан барои фарзандон ҳастанд. Имрӯз на танҳо ҷавондухтарон, балки ҷавонписаронро низ аз нозукиҳои оиладоршавӣ бохабар бояд кард. Зеро зани зери фишор ва ё хушунат қароргирифта, наметавонад фарзандони солеҳ ба дунё орад ва онро шоистаи ҷамъият тарбия намояд. Якдигарфаҳмӣ дар оила мавқеи муҳим дошта, зану шавҳарро мебояд, ки пеш аз ҳама, ҳамдигарро ҳурмату эҳтиром намоянд, падару модари якдигарро ба ҷои падару модари худ донанд ва сабур бошанд, зеро «сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво мепазад» гуфтаанд.

Таборакхон Раҳимзода – мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Исфара:

- Сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳо ин рост наомадани хулқу атвори ҳамсарон ба якдигар, дахолати бевоситаи волидон ва хешовандони наздики ҳамсарон ба оилаҳои онҳо, тайёр набудани ҳамсарон ба зиндагии мустақилона ва вазъи номусоиди шароити зиндагонии онҳо, дар муҳоҷират қарор доштани яке аз ҳамсарон ва солҳои тӯлонӣ беэътиборӣ нисбат ба оилаи худ, ҳамчунин хиёнати ҳамсарон мебошад. Агар дар оиладорӣ якдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббат ва садоқати ҳамсарон дида шавад, оила пойдору побарҷо хоҳад монд. Занону духтаронро мебояд, дар гурӯҳҳои касбомӯзие, ки аз рӯи ихтисосҳои дӯзанда, кафшергар, бофанда, қаннод, қолинбоф, қуроқдӯз, омӯзиши компютер, сабадбоф, кулолгар, забономӯзӣ бо мақсади ҷалби занони хонашин ба ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳӣ таъсис ёфтааст, ширкат варзида, дар таъмини эҳтиёҷоти оилавӣ ҳиссагузор бошанд.

Зӯҳро Мирзоева – ҳамоҳангсози лоиҳаи «Нури рӯшноӣ» дар ташкилоти ҷамъиятии ҷаҳонӣ:

- Гумон мекунам, яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ин, пеш аз ҳама, ба хушунат дучоршавии аъзои оила ба шумор меравад, зеро нафаре, ки зери хушунат қарор дорад, наметавонад лаҳзае ҳам бо ин оила бошад. Ҳодисаеро ба хотир оварданиам, ки бо яке аз хонадонҳои кишвар сурат пазируфта буд.

Духтари ноболиғро падару модар ба шавҳар доданд. Дар хонадони дигар арӯси ҳанӯз ба оиладорӣ номутобиқ дучори мушкилоти оилавӣ гардид. Ӯ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои завҷагӣ ва корҳои рӯзгор баромада наметавонист ва бинобар ин доимо шаттаву шаллоқ мехӯрд. Вақте ҳомила шуд, хусуру хушдоман фикр накарданд, ки ин духтараки наврасу бетаҷриба ба ғамхорӣ ва меҳру шафқати онҳо ниёз дорад. Рӯзе арӯси ҳомила аз камхунӣ сусту беҳол шуда, натавонист, ки хамир кунад ва гов дӯшад. Барои ин хушдоман ва шавҳараш ӯро зери мушту лагад гирифта, чунон заданд, ки арӯсак аз ҳуш рафт.

Ба ҳуш омада, худро дар беморхона, дар зери чакрарез дид. Муддати табобат касе аз оилаи шавҳараш ба хабаргирӣ наомад. Рӯзи ҷавобшавӣ аз беморхона духтурон ба ӯ гуфтанд, ки кӯдакаш фавтидааст ва ӯ наметавонад дигарбора модар шавад. Албатта, ба ин ҳукми тақдир арӯси ҷавону бетаҷриба чандон сарфаҳм нарафт, вале баъдан аз ин зиндагии бемаъно азият кашид ва чанд маротиба қасди худкушӣ кард. Хушбахтона, нафароне пайдо шуданд, ки ба ин ҷавонзане, ки лаззати ҷавониро начашида, барвақт пир шудааст, дасти мадад дароз намоянд. Ҳоло ӯ ноумед нест, саломатиаш барқарор шудааст, фаъолу мустақил аст, рӯзҳои гузаштаро ба ёд оварданӣ нест, аммо масъала бо ҳамин тамом намешавад. Бо овардани ин ҳодиса хулосаро ба худи хонанда ҳавола месозем.

Бале, сабабҳои ҷудошавии оилаҳо хеле зиёданд. Яке онро дар якдигарнофаҳмӣ, дигаре дар барвақтхонадоршавӣ, сеюмӣ дар хушунат, чаҳорумӣ дахолати волидону хешовандони наздик, тайёр набудани ҳамсарон ба зиндагии мустақилона, шароити номусоид, муҳоҷират, хиёнат ва дигар омилҳо медонад. Қазоват ба дасти худи шумост!

Шоира КАРИМЗОДА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh