БО ҶОЙИ КОРӢ ТАЪМИН КАРДАНИ КОРҶӮЯНДАГОН

Дар давоми шаш моҳи соли сипарӣ 22374 нафар ба мақомоти шуғли аҳолӣ муроҷиат карданд, ки 11223 нафарашон занон мебошанд. Аз ҳисоби муроҷиаткунандагон 15323 нафар ҳамчун корҷӯй дар сохтори мақомоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифта шудаанд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Шермуҳаммад Нодирӣ.

Бино ба иттилои масъулин, мувофиқи “Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ҷойи корӣ таъмин намудани 19500 корҷӯй ва бекор ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа ба 10355 нафар барои бо ҷойи корӣ таъмин намудан мусоидат карда шуд, ки ин нишондод 53,1 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

- Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин кардани нафароне, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд ва дар ҷустуҷӯи кор душворӣ мекашанд, ҷойҳои кории холии пешакӣ бандкардашуда, яъне квота муқаррар мегардад, ки дар соли 2022 – юм 2100 ҷойро ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввал аз рӯи квотаи муқарраргардида 980 нафар бо кор таъмин гардиданд, аз ҷумла маъюбон, ятимон, ҷавононе, ки аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсат шудаанд, нафароне, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ озод шудаанд, волидони яккаву танҳо ё шахсоне ки дар тарбияашон фарзандони ноболиғ доранд, волидони серфарзанд, шахсони ба синни 18 расида, ки бо сабаби вафоти волидайн сарпарастии оиларо ба уҳда доранд ва амсоли инҳоро ташкил медиҳанд, гуфт Шермуҳаммад Нодирӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки ба 1791 нафар ба маблағи 832,5 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохт шуд, ки ҳисоби миёнаи кӯмакпулии пардохтгардида 464,8 сомониро ташкил медиҳад. Барои бо ҷойи корӣ таъмин кардани корҷўяндагон аз ҷониби корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳо ҳар моҳ ҷойҳои холии корӣ пешниҳод мешаванд.

Дар соли сипарӣ 4071 ҷойи холии корӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва алоқа, сохтмон, савдо ва хизматрасонии маишӣ, манзилию коммуналӣ, тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳо пешниҳод гардиданд.

- Мувофиқи маълумоти бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан дар давоми шаш моҳи соли равон 98142 нафар ба хориҷи кишвар сафар намуданд, ки 27401 нафари онҳо занон мебошанд. Баробари ин аз хориҷи кишвар 65140 нафар ба Ватан баргаштанд. Аз шумораи умумии баргаштагон 58074 нафарашонро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд, гуфт сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Камолзода Саид Олим. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади муайян кардани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ пурсиши ҳавлӣ ба ҳавлӣ гузаронида шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки 222 ҳазору 115 нафар дар муҳоҷират қарор доранд. Шумораи бештари муҳоҷирон аз шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт ба қайд гирифта шудаанд.

Дар рафти нишасти матбуотӣ рўзноманигорон доир ба фаъолияти ду ниҳод суолҳо дар бобати таъминот бо ҷойи корӣ, сатҳи бекорӣ дар вилоят, бо шуғл фаро гирифтани нафарони бекор ва корҷўй, муҳоҷирати дохилӣ, ҳолати кунунии муҳоҷирон, тақдири аз маҳбас озодшудагон, гирифтани ҳукми манъи воридшавии шаҳрвандони вилоят ба хориҷи кишвар ва амсоли ин пешниҳод гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh