ХИЗМАТИ ВАТАН ШАРАФ АСТ!

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вазифа ва қарзи ҳар ҷавонмарди тоҷик мебошад. Ҳифзи хоки диёр, ҳимояи манфиатҳои кишвар рисолати муҳими ҷавонмардист. Боиси хушнудист, ки имрӯз даҳҳо ҷавонони бонангу номуси Ватан ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ равонанд.

Яке аз чунин ҷавонони бонангу номус, ки баъди хатми донишгоҳ адои хизмат намуд, Саидмухтор Сангинов мебошад. Ӯ баъди хатми шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ихтиёран ба хизмати Модар - Ватан рафт. Саидмухтор Сангинов дар қисми ҳарбии 04533-юми Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич муддати як сол адои хизмат намуда, бо сари баланд баргашт. Бо ӯ суҳбат доштем, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.

Ҳамчун як ҷавон қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан дар чӣ мебинед?

- Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард буда, бояд ин рисолатро ҳар шахси ватандӯст адо намояд.

Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ муносибати сарбозон бо ҳамдигар чӣ гуна аст?

- Муносибати сарбозон бо ҳамдигар бародарона ва дӯстона аст. Тартибу интизом аз рӯи оиннома буд. Дар қисми ҳарбӣ агар муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни сарбозон рух диҳад, аз рӯи низомнома ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Тӯли як соле, ки хизмат намудам, ин гуна ҳодисаҳо рух надоданд. Қисми зиёди сарбозон аллакай маълумоти олӣ доштанд ва дӯстона адои хизмат менамуданд. Инро ҳам бояд гуфт, ки то аз худат ягон рафтори ноҷо ба амал наояд, касе ба ту кордор намешавад.

Шароиту муҳити хизмат чӣ гуна буд?

- Барои он нафароне, ки аввалин маротиба меоянд, каме душвор аст, чунки аз муҳити дигар ба ҷои дигар, ба мактаби мардонагӣ меоянд. Ба сарбозони навомада давоми як моҳи аввал курси тайёрии наваскарӣ омӯзонида мешавад. Сипас ҳар яке ба взвод ва ротаҳо тақсим мешаванд. Дар қисми ҳарбӣ шароит хеле хуб аст. Се маҳал хӯроки гарм, либосҳои мавсимӣ дода мешавад. Ҳатто хонаи дидорбинии волидайн бо тамоми шароитҳо фароҳам шудааст, ки волидайни сарбозони ноҳияҳои дурдаст метавонанд, омада то як ҳафта аз дидори фарзандашон сер шаванд. Дар қисми ҳарбӣ ҳар ҳафта бозиҳои варзишӣ гузаронида мешаванд, инчунин китобхонаи дорои китобҳои зиёд дар хизмати сарбозон аст.

Ба ҷавонон чӣ гуфтаниед?

-Гуфтаниям, ки агар мо Ватанамонро ҳимоя накунем каси дигар омада ҳимоя намекунад. Бигзор, раванд, аз мактаби мардонагӣ гузаранд, рӯҳан ва ҷисман солим гарданду обутоб ёбанд.

Ташаккур барои суҳбат.

-Саломат бошед.

Суҳбаторо,

Суман ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh