Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила

Фарорасии Рӯзи байналмилалии оиларо ба мардуми шарафманди вилоят табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон хушбахтӣ, сарбаландӣ, хотири ҷамъ ва бахту саодати оилавӣ таманно менамоям.

Оила асоси ҳар як ҷомеаи инсонист ва дар бунёду такомули он аъзои ҷомеа саҳмгузор аст. Бунёди оиладорӣ аз муҳаббати тарафайн ибтидо гирифта ахлоқи нек ҳамчун яке аз муҳимтарин шохаи умри инсонӣ бояд дар равиши зиндагии якҷоя мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад.

Бо шарофати сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини давлатдориамон оила чун рукни муҳими давлатдорӣ эътироф гардида, бузургтарин ҳадафе, ки имрӯз дар назди Ҳукумати мамлакат қарор дорад, бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ мебошад.

Миллати соҳибфарҳангу тамаддунсози тоҷик дар тӯли асрҳои зиёд доир ба одоби оиладорӣ, муносибатҳои хонаводагӣ ва таълиму тарбияи фарзанд суннату меъёрҳое эҷод кардааст, ки онҳо маҳз тавассути занону модарони арҷманди мо барои наслҳои имрӯзу фардо чун мактаби беҳтарини зиндагӣ хизмат мекунанд.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Оила дар фарҳанги мардуми сарбаланди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эҳтирому эътироф шуда, дар он беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ ташаккул меёбад». Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таҳкими оила, бахусус оилаҳои ҷавон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, сафарбарии аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. 

Дар замони муосир, ҳифзу ҳимояи оила ҳамчун асоси солимии ҷомеа аҳамияти бештар пайдо карда, моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, ба тарбияи фарзандон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем, нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем ва ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон заҳмат кашем.

Боварӣ дорам, ки дар соли барои халқу миллат таърихии омодагиҳо ба санаи муҳими 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тадбирҳои муҳим дар таъмини пойдории оилаҳои солиму қавӣ мусоидат карда, заминаҳои заруриро барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳу донишвар, мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз, афроди ватандӯсту соҳибназар ва хидматгузор баҳри фардои боз ҳам шукуфону дурахшони кишвар фароҳам хоҳад овард.

Бори дигар, фаро расидани Рӯзи байналмилалии оиларо ба кулли ҳамдиёрони азиз табрик гуфта, барояшон рӯзгори орому осоишта ва некномиву сарбаландӣ таманно менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!

Add comment


Security code
Refresh