САРНАВИШТИ ИБРАТОМЎЗ

Дар рӯзҳои Поси хотир ва арафаи Иди Fалаба дар Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии маркази вилоят ба муносибати ҷашни 90-солагии яке аз фарзандони фарзонаи миллат, доктори илмҳои таърих, профессор, шодравон Шукур Султонов ва 80-солагии сарвари Ҷамъияти русзабонҳо дар вилояти Суғд Надежда Кондратйевна Леонтйева бо ташаббуси Кумиҷроияи Ҳизби коммунисти вилоят бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ, олимон ва устодони макотиби олӣ ва пайвандони ин фардони барӯманд конфронс баргузор гардид. Онро раиси Кумиҷроияи вилоятии Ҳизби коммунист Қурбонҷон Мирзоева ифтитоҳ намуда, дар бораи хизматҳои ин шахсиятҳо, ки баҳри пешрафти кишварамон анҷом додаанд, андешаронӣ намуд.

Номзадони илми таърих, дотсентон Алиҷон Одинаев, Сафаралӣ Эркаев ва фарзанди Шукур Султонов – номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДҲБСТ Сулҳия Қобилова оид ба хизматҳои олими таърихнигор ва сиёсатмадори асил Шукур Султонов дар назди халқу Ватан сухан карданд. Ба ҷуз аз таълифи асар-ҳои зиёди илмӣ, таҳқиқотӣ, таърихӣва дастурҳои методӣ ин инсони шариф беш аз панҷ сол ба ҳайси Вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон (солҳои 1985-1989) фаъолият бурда, амали беҳтарин ва шоистае, ки дар роҳбарӣ ба соҳаи маорифи мамлакат анҷом додааст, ба доираисалоҳиятияк вазорат қарор додани се ҷузъ-мактабҳои ҳамагонӣ, университету институтҳо ва техникуму омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ буд, ки минбаъд (аз соли 1990) фаъолияти ҳамаи ин муассисаҳо ба доираи як Вазорат – вазорати маориф фаро гирифта шуд. Номи бонуи номвар Надежда Леонтйеваро имрӯз дар саросари вилояти Суғд ҳамагон медонанду ҳамчун дипломат, ки баҳри мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстӣ ва равобиту ҳамкориҳои ду кишвар-Федератсияи Россия ва Тоҷикистон беш аз шаст сол инҷониб саҳми шоиста мегузорад, ҳамчун омӯзгор, ки ба насли наврас забони русиро меомӯзонад, мешиносанду ба заҳматаш арҷ мегузоранд.

Ин зан бештар аз шаст солинҷониб дар Тоҷикистон умр ба сар бурда, ин сарзаминро Ватани хеш мешуморад ва баҳри пешрафту шукуфоии он саҳми арзанда мегузорад. Ӯ аъзои фаъоли Шӯрои ҷамъиятии вилоят мебошад. Боиқдоми шоистаиӯ давоми солиёни зиёд даҳҳо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳудуди вилояти мо аз дастгириҳои моддиву маънавии давлати Федератсияи Россия бархурдор шудаанд. Ҳамчунин бо ташаббуси ӯ Маркази русзабонҳои вилоят таъсис дода шуда, тӯлиин солҳо барои фароҳам овардани шароити мусоиди зист баҳри русзабонҳои вилоят пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Бо ибтикори ин бону ҳазорон ҷавонон ва насли навраси вилоят забони русиро омӯхта, ба макотиби олии Федератсияи Россия дохил гардиданд, иштирокчиёни олимпиадаҳои байналмилалӣ шуданд. Танҳо овардани ҳамин далел низ аз ташаббускорӣ, ташкилотчигӣ ва ғамхории пайвастаи ӯ дар ҳаққи сокинони вилоят дарак медиҳад, ки дар арафаи сисолагии Истиқлолияти давлатии мамлакатамон боиқдомиӯ дар маҳалли истиқоматиаш-маҳаллаи 32-юм, «Дӯстии халқҳо» майдончаи варзишӣ бо зиёда аз бист намуди аттраксионҳо бунёд ва мавриди истифодаи тифлон қарор дода шуд.

Дар арафаи Иди Fалаба баргузор намудани ҷашни табарруки ин ду шахсиятибарӯманди мамлакат ва вилоят басо рамзист. Зеро зиндагӣ ва сарнавиштичунининсонҳонамунаи пайравӣ ва ибрат баҳри имрӯзиён аст. Тавре худи соҳибҷашн- Надежда Леонтйева зикр намуд, ӯ тифли айёми Ҷанги Бузурги Ватанӣ буда, дарвилояти ОренбургиФедератсияи Россия ба дунё омадааст. Талхиҳо, маҳрумиятҳои замони ҷангро аз сар гузаронидааст. Вале лаҳзае меҳру муҳаббат ба ҳаёт, муҳаббат ба инсонҳоро гум накард ва давоми умри пурбаракати хеш фақат ба инсонҳо некӣ кардааст.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh