Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилояти Суғд баргузор гардид

10 май дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси вилояти Суғд доир шуд. 

Дар ҷаласаи Шӯро, ки таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараён гирифт, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарият ва кормандони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳо, ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Раиси вилоят, Раиси Шӯрои кор бо ҷавонон Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки дастгирии ҷавонон дар меҳвари сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба масъалаи амалӣ намудани иқдомҳои неку созандаи ҷавонон, ҷалби онҳо ба мақоми роҳбарикунанда ва амсоли онҳо таваҷҷуҳи пайваста равона карда мешавад. 

Қайд карда шуд, ки ҷавонони  мо аз сиёсати бобарору умедбахш ва ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу илҳоми тоза гирифта, бо иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми арзишманд гузошта истодаанд. Ҷавонони саодатманду ватандўсти кишвар дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар садоқату меҳри беандозаашонро ҳамчун пайравони ҳақиқии Пешвои муаззами миллат собит намуданд.  

-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонпарваронаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонон як қатор тадбирҳо андешида, пайваста дар самтҳои гуногуни фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ имкон фароҳам меоварад.

Мавриди зикр аст, ки имрўз ҷавонони мо таҳаввулоту равандҳои ҷаҳони муосирро дуруст дарку таҳлил менамоянд, барои омўзиши илму дониши муосир кўшиш мекунанд, ба забономўзӣ машғуланд ва дар мусобиқаву озмунҳои минтақавию байналмилалӣ ширкат варзида, пайваста баҳри ноил гардидан ба дастовардҳои шоиста ва муаррифии фарҳанги пурғановати миллӣ ҷаҳду талош мекунанд. 

Имрўзҳо ҷавонони соҳибкасбу ихтисосманд идомабахши кору пайкори неку созанда буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти шоиставу назарраси онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарин боқӣ мемонад,-иброз дошт роҳбари вилоят.

Таъкид гардид, ки баробари дигар масъалаҳои муҳиму калидӣ донишманду босавод, соҳибфарҳангу хештаншинос ба камол расидани насли наврасу ҷавон дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати кишвар қарор дошта, бо ин мақсад бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор шуда истодааст. Баргузории ин озмунҳо воқеан ҳам барои афзун гардондани майлу рағбати наврасону ҷавонон ба китобу китобхонӣ, таваҷҷуҳ ба арзишҳои волои миллӣ, дарёфти чеҳраҳои наву ҳунармандони варзида аз ҳисоби наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад. 

Ҳамасола хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок ва мақоми намоёнро сазовор шуда истодаанд.  

Аз ҷумла, соли хониши 2021-2022 894 нафар хонандагони мо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок ва 250 нафар сазовори ҷойҳои якум, 120 нафар сазовори ҷойҳои дуюм ва 524 нафар сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд. 

Бо мақсади дастгирии моддию маънавии ғолибони озмунҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим дорад, барои ғолибони озмунҳо ва омўзгорони онҳо аз 350 ҳазор то 450 ҳазор сомонӣ  мукофоти пулӣ ҷудо намояд.  

Ҳамзамон, тибқи қарори Раиси вилоят барои хонандагон ва омўзгороне, ки дар олимпиадаҳои мамлакатҳои хориҷии дур ба гирифтани медали тилло сазовор мешаванд, ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ, ба онҳое, ки соҳиби медали нуқра мегарданд, 7 ҳазор сомонӣ ва ба соҳибони медали биринҷӣ 5 ҳазор сомонӣ мукофот дода мешавад. 

Таваҷҷуҳ ба рушди бонизоми тарбияи ҷисмонӣ, оммавигардонии варзиш ва инкишофи намудҳои варзиши миллӣ низ дар авлавият қарор дошта, имрўз яке аз масъалаҳои муҳими давлату Ҳукумат ин байни сокинон, бахусус наслҳои наврасу ҷавон, ривоҷу равнақ додани тарбияи ҷисмониву варзиш ва бо ин роҳ мусоидат ба ташаккули тарзи ҳаёти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Баргузории мусобиқаву чорабиниҳои гуногунсатҳи варзишӣ, сафарбаркунии варзишгарон ба мусобиқаҳо, пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба варзишгарон ва хоса ҳар ҳафта рўзҳои шанбе таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!” баргузор гардидани машқҳои пагоҳирўзӣ яке аз намунаи баланди фаъолияти шоиста дар ин раванд маҳсуб меёбад.

Варзишгарони вилоят Комроншоҳи Устопириён, Ҷаҳон Қурбонов, Абдусаттор Ғафуров, Муҳаммадалӣ Абдураҳмонов, Муҳридин Ҳасанов, Ҳамроз Раҷабов, Маҳмад Миров, Ҷамшед Қодиров ва дигарон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ ба гирифтани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ мушарраф гардиданд, ки намунаи равшани пайравӣ ва ибрати варзишгарони наврасу ҷавон маҳсуб меёбанд.

Бо таҳлили вазъи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раиси вилоят ба  Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини иҷрои сифатноки дурнамои соҳа ва барномаҳои давлатӣ, баргузории озмунҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандўстии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ - тадқиқотӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани онҳо, ба роҳ мондани бозомўзии кадрҳои омўзгорӣ, такмили базаи моддию техникӣ, беҳтар намудани сифати фаъолияти илмии устодон, беҳтар намудани шароити иҷтимоии донишҷўён, ҷоннок намудани фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ - созмони ҷавонон, шўрои духтарон, бо кор таъмин намудани мутахассисон, барқарор, таъмиру тармим ва ба истифода додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо,таъмир, бунёд, эҳё, таҷдиди майдонча ва толорҳои варзишӣ дар маҳалли истиқомат, муассисаҳои таълимӣ, идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ супоришҳо дод.

Сипас, чанде аз ҷавонони фаъол сухан гуфта, барои дастгириҳои доимии Сарвари давлат ва фароҳамсозии шароити мусоид барои кору таҳсил миннатдории худро баён доштанд.

Дар охир ба як қатор ҷавонони фаъоли вилоят туҳфаҳои Раиси вилоят супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh