Шиносоӣ бо рафти сохтмони бинои баландошёнаи иловагии маркази ташхисӣ – табобатии “Абдумалик”​

13 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен рафти сохтмони бинои иловагии маркази ташхисӣ – табобатии “Абдумалик”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Бинои иловагии маркази ташхисӣ – табобатии “Абдумалик” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фурқат Абдуҷабборов бунёд шуда истодааст. Сохтмони иншоот моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардида, айни ҳол корҳои пардозии дохили бино ҷараён дорад.

Иншооти мазкур дорои панҷ ошёнаи асосӣ буда, дар ошёнаи якум ташхисгоҳ ва табобатгоҳ ва дар ошёнаҳои ду, се ва чорум 50 кати хоб ташкил карда мешавад. Дар ошёнаи панҷуми бинои иловагӣ ошхона бо 100 ҷой ташкил хоҳад шуд.

Пас аз ба истифода супоридани иншооти мазкур 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh