ХУШУНАТИ ОИЛАВӢ - МУАММОИ ҶАМЪИЯТ

- Хушунат дар оила нисбат ба зан мушкилоти танҳо як оила набуда, балки муаммои кулли ҷомеа мебошад. Агар хушунати оилавиро ҳамчун ҷиноят баҳогузорӣ намоем, пас намояндагони ҳифзи ҳуқуқ метавонанд дар пешгирии зуҳуроти мазкур кўмаки худро расонанд, - чунин нукта дар суҳбат гирди мизи мудаввар оид ба зўроварӣ дар оила нисбат ба занон таъкид гардид.   

Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» лоиҳаи «Тақвияти иқтидори шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бо кормандони милитсия барои риояи ҳуқуқҳои қонунии занон дар ҳолати муноқишаи оилавӣ ва вокуниши саривақтӣ ба ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ ва кўшиши сўиқасди занон»- ро оғоз бахшидаанд. Давоми фаъолияти худ марказ зиёда аз 60 лоиҳаро амалӣ кардааст.

- Бо мақсади ҷамъ овардани таклифу пешниҳод барои мукаммал кардани лоиҳа, бевосита бо нозирони минтақавии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров семинари омўзишӣ оид ба паст кардани сатҳи хушунат нисбат ба занон дар оила гузаронида шуд. Айни замон бо кумитаи маҳаллаҳо, Раёсати кор бо занон ва оила, Раёсати тандурустӣ, уламои дин ҳамкориро ба роҳ мондаем, - гуфт  муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии маркази занон «Гулрухсор» Сабоат Бобоҷонова.    

Иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи мазкур ҷиҳати мустаҳкамкунии иқтидори намояндагони шуъбаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба расонидани кўмак ҳангоми муроҷиати занон дар ҳолати гирифторшавӣ ба хушунати оилавӣ равона гардидааст.  

Сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдурофеъ Абдуназарзода зимни маърўзаи худ қайд кард, ки вазъи ҷинояткорӣ дар вилоят давоми нўҳ моҳи соли равон 4 412 ададро ташкил дод, ки аз ин миқдор 678 ҷиноят аз ҷониби занон содир гардидааст.

- Боиси нигаронист, ки аз ҷиноятҳои умумии содиршуда 1002 адад ҷиноят нисбат ба занон равона шудааст. Барои пешгирии сатҳи хушунати хонаводагӣ нисбат ба занон пеш аз ҳама бояд таҳкими маданияту маърифат ва волоияти қонун дар муносибати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзанд ба ҳаёт мустақилона, паст кардани шиддатнокии вазъи ҷинояткорӣ дар оила ва муносибатҳои хешовандонро ба эътидол овард, - гуфт номбурда.

Муовини сардухтури беморхонаи № 1 - уми шаҳри Хуҷанд Саодат Аминҷонова гуфт, ки масъалаи мазкур нигаронкунанда ва боиси таассуф аст. Новобаста аз он, ки имрўз шароит ва имкониятҳо нисбат ба солҳои пешин чанд маротиба беҳтар шуда бошанд ҳам, то ҳол масъалаи хушунат дар оила нисбат ба занону духтарон ҷой дорад. Пас аз муноқишаи оилавӣ шаҳрвандон, бахусус занон муроҷиат мекунанд. Боиси нигаронӣ аст, ки байни муроҷиаткунандагон нафароне ҳастанд, ки сўиқасд ба ҷони худ кардаанд.  

Боиси қайд аст, ки Маркази занон «Гулрухсор» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин институти иҷтимоӣ ба шумор рафта, барои занони ҷабрдидаи зўроварӣ дар оила паноҳгоҳи муваққатӣ пешниҳод менамояд. Занони ҷабрдидаи зўроварии оилавӣ дар паноҳгоҳ, ки барои 14 шабонарўз муайян шудааст, метавонанд курси барқароршавии равонӣ гиранд. Алҳол дар марказ шаш нафар ҷабрдидаи хушунат паноҳ ёфтаанд.                 

Дар рафти суҳбат оид ба амалишавии Барномаи давлатӣ дар самти пешгирии зўроварӣ дар оила, кўмак расонидан ба занон - ҷабрдидагони хушунати оилавӣ, таъсири он ба оила ва ҷамъият мавриди муҳокимаи умум қарор гирифт. 

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh