ДУОИ ПАДАР - НЕЪМАТИ БЕБАҲО

Шиносоии ман бо ин инсони шариф соли 1992, айёме, ки дар муассисаи таълимии №15- уми шаҳри Исфара чун омӯзгор фаъолият доштам, ба амал омада буд. Рӯзе чанд нафар намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр бо мақсади санҷиши рафти таълиму тарбия ба мактаб омаданд, ки байни онҳо устод Исматҷон Пӯлодов низ буданд. Он кас бо мо - омӯзгорон чун шиноси дерин самимона вохӯрӣ ва ҳолпурсӣ карданд. Баъдтар аз гуфти муаллим Абдушукур Воҳидов фаҳмидам, ки Исматҷон писари амаки Пӯлодҷон, ҳамкори падарам будаанд. Онҳо солҳои тӯлонӣ дар муассисаи нақлиёти автомобилии №35 ҳамроҳ чун ронанда фаъолият доштанд ва ман туфайли падар он касро хуб мешинохтаму борҳо меҳмонашон гашта будам.

Аз байн солҳои зиёд сипарӣ гашт. Ману Исматҷон бо ҳам унс гирифтем, душворие пеш ояд, ҳатман ба устод муроҷиат мекардагӣ шудам ва он кас то имкон доштанд, аз дастам мегирифтанд. Бобати баланд бардоштани сифати таълим маслиҳатҳои судбахш медоданд. Таъкид менамуданд, ки то имкон дорам, бештар китоб хонам. Маводи навиштаамро гаштаю баргашта мутолиа намоям, то он муъҷазу хонданӣ гардад.

Ин сатрҳоро менависаму суханҳои боре аз таҳти дил гуфтаи корманди рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Суғд” Рафоатхон Мӯъминова ба хотир меояд: “ Исматҷон Пӯлодов дар ақлу заковат ва одамгарию одамият баландмартабаанд. Мо - ҳамкурсон ифтихор доштем, ки чунин инсони хоксор, боистеъдод, дилсӯзи забони тоҷикӣ ва ташкилотчию дилрав ҳамроҳи мо таҳсил мекунанд”.

Ҳанӯз айёми донишҷӯӣ аввалин навиштаҳои Исматҷон, ки бештарашон ба масъалаҳои омӯзиши забони модарӣ дахл доштанд, дар рӯзномаҳои гуногун чоп ва манзури муштариён гардида буд. Бо гузашти вақт сабку услуби муаллим такмил ёфту бо маънои томаш соҳибқалам гардиданд. Паси ҳам як силсила китобу дастурҳои муфиди таълимиашон пешкаши хонандагон гардид, ки то ба ҳол мавриди истифода қарор доранд.

Соҳиби маҳорати хосаи ташкилочигӣ ва истеъдоди фитрӣ будани Исматҷонро аз он ҳам метавон қиёс кард, ки он кас фароҳамовар ва муҳаррири маҷмӯаи мақолаҳо, конфренсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, муҳаррири як қатор китобҳои илмӣ, дарсӣ, методӣ, публитсистӣ ва бадеӣ мебошанд. Беш аз 70 мақолаи илмию методиашон аз соли 2012 инҷониб дар рӯзномаву маҷаллаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва матолиби конфренсияҳо интишор шудаанд.

Бояд гуфт, ки Исматҷон соли 1976 риштаи филология ва таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷандро бо дипломи аъло хатм кардаанд. Фаъолияти меҳнатии устод дар мактаби миёнаи №29, шаҳри Исфара оғоз меёбад ва минбаъд дар мактаби миёнаи №5, таълимгоҳе, ки худ таҳсил карда буданд, идома меёбад. Ин ҷо тӯли 11 сол бомуваффақият вазифаи муовини директори муассисаро иҷро мекунанд. Аз соли 1991 то соли 1994 директори мактаби миёнаи №13, чор сол омӯзгори Мактаби олии техникии таҷрибавии шаҳр, панҷ соли дигар директори литсейи техникии №1 буданд.

Соли 2002 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба кор даъват шуданд. Тӯли беш аз даҳ сол вазифаҳои мудирии бахши кор бо дин, шуъбаи идеологӣ ва сарварии раёсати ташкилиро бо камоли масъулият ба ҷо оварданд. Минбаъд ба нафақаи беморӣ баромаданд. Лек дили беқарорашон нагузошт, ки истироҳат кунанд ва қарор доданд, ки фаъолияти меҳнатиашонро давом медиҳанд. Ду сол дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳр чун равишшинос ва ду соли минбаъда чун омӯзгор дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистони шаҳри Исфара фаъолият намуданд. Аз моҳи май то декабри соли 2015 бошад, мудири кабинети методии раёсати маорифи шаҳр, ду соли пасин сардори раёсати ташкилии кумитаи шаҳрии ҲХДТ буданд. Алҳол омӯзгори филиали Донишгоҳи технологӣ мебошанд.

Соли 2014 Исматҷони табиатан ташаббускор ба иқдоми неки дигаре даст заданд. Бо ҳамдастии фаъолони раёсати маорифи шаҳр аввалин шумораи рӯзномаи соҳавии “Хазинаи маърифат”-ро чоп ва пешкаши хонандагону омӯзгорон гардониданд. Инак, наздик 7 сол сипарӣ гашт. Муштариён, ки асосан кормандони маориф мебошанд, рӯзномаро писандиданд, бобати пурмазмуну хонданбоб шудани он бо навиштаҳояшон саҳм гирифтанду мегиранд. Ҳоло теъдоди нашри ҳафтавор ба беш аз 2150 нусха расидаасту он дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии шаҳри Исфара мавқеи хосаро соҳиб шудааст. Ҳайати эҷодӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо замона ҳамқадам бошанд. Дар ҳар маврид фикру мулоҳиза, таклифу пешниҳоди хонандагон ба инобат гирифта мешавад.

Ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз рӯйи одат ба хабаргирии дӯсти падарам, амаки Пӯлодҷон, ки синнашон ба 95 расида бошад ҳам, худро бардам ҳис мекунанд, рафтам. Амак чун дафъаҳои гузашта давраҳои ҷавониро ба ёд оварданд. Одамдӯстӣ, боғайратӣ ва дӯстони зиёд доштани падарамро таъриф карданд, ки аз ин сарам ба осмон расид. Хостам, фикри мӯйсафедро оид ба фарзандонашон бифаҳмам. Саволҳои маро шунида, чеҳраи нурониашон гул-гул шукуфт ва даст ба дуо бардошта гуфтанд:

- Ман аз фарзандонам як бар даҳ миннатдорам. Пайваста аз ҳолам хабар мегиранд, аз пайи табобатам мешаванд. Ба ҷое рафтанӣ шавам, бо мошинаашон мебаранд. Исматҷон дар дигар ҳавлӣ ҳамроҳи фарзандону оилааш умр ба сар мебарад. Лек қариб ҳамарӯза пагоҳу бегоҳ аз ҳолам хабар мегирад. Бо вуҷуди серкорӣ фурсат ёфта, пагоҳиҳо ҳамроҳам чой менӯшад. Қатори дигар фарзандон пайваста дуо мекунам, ки бо аҳли оилааш тинҷ бошад, Худованд кушоиши корашро ато фармояд, умри дароз, давлати пириро насиб гардонад.

Абдуҳафиз ДОМУЛЛОЕВ,

омӯзгори собиқадори шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh