Чашми дил гардида равшан …

Чун ҳамасола санаи 15-уми октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон Рӯзи аъмоён, рӯзи Асои сафед гузаронида мешавад. Имрӯз ин табақаҳои ниёзманди ҷомеа бо кӯмакпулӣ таъмин буда, дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ пайваста бо дастгирӣ ва ғамхорӣ аз тарафи давлату Ҳукумат фаро гирифта мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту суҳбатҳои худ пайваста аҳли ҷомеаро ба анҷоми амалҳои хайр ва ғамхорӣ ба маъюбон даъват намуда, дар таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирии онҳо ҳамеша ба иқдомоти хайрхоҳона даъват менамоянд. Дар ҷомеаи мадании Тоҷикистон ҳамаи табақаи кишвар баробар зисту иқомат доранд. Аз ҷумла, маъюбон як ҷузъи ҷудонопазири ҷамъияти мо ба ҳисоб рафта, пайваста таҳти ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд. Мухбири рўзнома бо кору фаъолияти Маркази иҷтимоӣ - тавонбахшии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд.

Ҳама саргарми кор буданду рӯҳияи болидаву идона доштанду шукргузор аз зиндагии осоишта. Акрам Салимов, раиси филиали Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иброз дошт, киаз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят кормандон пайваста бо кўмакҳои яквақтина ва маблағи пулӣ таъмин буда, ҳамеша дар мадди назари Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қарор доранд. Имрўз дар ҷамъияти аъмоён 476 нафар аъзоён аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истиқлол, Гулистон, Бўстон, Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ маъюбони гурўҳи якум ва дуюм аз ҷиҳати нобиноӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳар нафар мувофиқи имконият бо кору амал машғуланд. Онҳо, сарфи назар аз ноқисии нобиноӣ, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона ширкат карда, ба манфиати халқу Ватан хизматҳои назаррас доранд. Аз ин шумора 40 нафар дар Маркази иҷтимоӣ - тавонбахшии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд бо ҷои кор таъминанд.

Дар марказ имрўз бо дӯхти халтаи сеқабатаи 50 - килограммӣ ва халтачаҳои қоғазии ҳаҷмашон гуногун машғуланд.Халтачаҳои қоғазӣ, ки нисбат ба полиэтиленӣ барои саломатӣ безарар аст, дар ошхонаҳо талабгорони худро доранд. Ашёи хом аз давлати Федератсияи Россия харидорӣ гардида, маҳсулот бо сифати баланд ва ба талабот ҷавобгў омода мешавад. Маоши кормандон аз рўи ҳаҷми кор аст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҷамъияти мазкур аз даврони шўравӣ барои дўхти чунин халтаҳо машғул буда, қувваи корӣ зиёд аст, вале ба фурўш рафтани он имрўз каме суст мебошад. Бинобар ин, тибқи реҷа се рўзи корӣ гузошта шудаасту халос. Дар ҷамъият баробари халтаҳо истеҳсоли боз дигар лавозимоти рӯзгор ба роҳ монда шудаасту талабот аз тарафи соҳибкорону сокинон нисбат ба солҳои пешин кам ба назар мерасад. Имрўз дар як моҳ тақрибан 25-30 ҳазор халтачаҳо ва халтаҳои ҳаҷман калони 50 - килограммӣ ду ҳазор адад истеҳсол гардида истодааст. Ҳамчунин, кормандон бо нақлиёти хизматӣ таъмин ҳастанду шукргузорӣ аз даврони тинҷиву оромии кишвар доранд.

- Аз номи кулли аъмоён аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипос мекунам ва мегӯям, ки мо, аъзои ҳамтақдир баҳри шукуфоии Ватани азизамон то тавонем, саҳмгузор мешавем,- изҳор дошт Акрам Салимов.

Зимни суҳбат бо ҳар як кормандон аз муаммову масъалаҳои пешомада огоҳ шудем ва маълум гардид, ки онҳо нигаронӣ аз набудани гузаргоҳ барои пиёдагардон аз назди бинои ҷамъият то шоҳроҳи асосӣ дошта, гаштугузор барои нобиноён мушкил аст. Бино ба гуфти онҳо, дар ин минтақа роҳгузари аниқ мавҷуд нест. Шоҳиди он гардидем, ки дар ҳақиқат гаштугузори пиёдагардон, хосатан аъмоён, дар минтақаи мазкур мушкил асту ниёз ба тадбирандешӣ дорад. Шукргузор аз қисмати хеш Қаҳрамони навбатии рўзнома Солиҷон Ҷўраев қайд менамояд, ки соли 1997 буд, ба ҷамъият рафтам. Раиси ҳамонвақтина Абдусаттор Ҷалилов маро бо хушнудӣ қабул намуд. Бо мурури замон дар ҷамъият бо зани оқилае шинос гардидам ва оила барпо намудем.Ҳамсарам низ маъюби модарзодии чашм аст, вале ман шод аз онам, ки соҳиби оила ва як фарзанд ҳастам. Дилам дубора ба ҳаёт гарм шуд.Хусусан, барпо сохтани оила ва пайдо намудани дўстони зиёд ба зиндагиам маҷрои нави умедбахш ато кард,-мегӯяд Солиҷон.

 Агар саҳфаҳои умри ин марди шуҷои Ватанро варақгардон кунем, ў соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1975 мактаби миёнаи №14-ум, воқеъ дар шаҳри Хуҷандро то синфи 5-ум хондааст.

Баъдан дар мактаб –интернати хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаев таҳсилро давом дода, баъди хатми синфи 8-ум Омӯзишгоҳи касбӣ - техникии рақами56-уми шаҳри Хуҷанд (ҳозира Литсейи касбӣ - техникӣ) - ро хатм намудааст. Соҳиби ҳунари дуредгарӣ гашта, аз соли 1983 дар заводи мебелсозӣ кор кардааст. Баъди маҷрўҳ гардиданаш аз соли 1997 тоин ҷониб дар Маркази иҷтимоӣ - тавонбахшии «Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон» фаъолият дорад. Солиҷон мегўяд, ки инсон бояд дар ҳама гуна ҳолат рӯҳафтода нагардад. Кам нестанд шахсоне мисли ӯ, вале ҳаёт идома дорад ва баҳри зиндагии шоиста ба сар бурдан доимо дар талош бояд буд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА, 

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh