ВАКСИНА ИНСОНРО НАҶОТ МЕДИҲАД ВА ХАТАРЕ БА САЛОМАТӢ НАДОРАД!

- Ваксинаҳои зидди COVID - 19 бехатар мебошанд, чунки озмоиш ва равандҳои назоратиро гузашта, роҳи асосии муҳофизати ҳар инсон аз сирояти коронавирус ба ҳисоб меравад, – иброз доштанд масъулини соҳаи тандурустӣ дар тренинги омӯзишӣ барои намояндагони васоити ахбори оммаи вилоят.

Бояд тазаккур дод, ки ин тренинг таҳти мавзӯи «Нақши ВАО дар замони пандемияи COVID 19» санаҳои 20‐23 –юми сентябри соли равон дар дои‐раи «Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID 19» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Хуҷандстар»‐и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Ҳини ифтитоҳ сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода бобати нақшаи кории миллӣ оид ба коҳиш додани паҳншавии COVID – 19 маълумот дода, фаъолияти бисёрсоҳавии кормандони тибро дар шароити пандемия басо пурсамар арзёбӣ намуд. Ҳамчунин, дар ин раванд ҳамкории доимии рӯзноманигоронро ҷиҳати инъикоси маводи саривақтӣ дар масоили пандемияи умумиҷаҳонӣ хоса таъкид кард. Дар ҷараёни тренинг намояндагони Ассотсиатсияи тандурустии ҷамъиятии Тоҷикистон дар вилоят Мунира Содиқова ва Мунаввара Бутаева оид ба сирояти коронавирус, эпидемиология ва пешгирии COVID 19 дар ҷаҳон ва Тоҷикистон, омори ҷаҳонӣ доир ба паҳншавии ин беморӣ ва тафсири дурусти нишондиҳандаҳои оморӣ ҳамчун далели муҳим барои ВАО, инчунин Ҳадиса Дадоматова ассистенти кафедраи Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии Тоҷикистон бобати рафтори инсон дар вазъияти буҳронӣ, дастгирии иҷтимоию равонии аҳолӣ дар замони пандемияи COVID 19 маърӯза намуданд.

Раиси Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ва тренер Ҷамшеди Маъруф доир ба инфодемия, консепсия ва хатари он, риояи ҳатмии принсипҳову меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар вазъияти пандемия, эътимоднокӣ ва тафтиши иттилоот ва аҳамияти онҳо, платформаҳои ВАО ҳарф заданд. Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Таҳмина Усмонова оид ба вазъи кунунии раванди иммунизатсия муфассал маълумот дода, қайд кард, ки ба санаи 21 уми сентябр наздик беш аз 33 фисади аҳолии вилоят ваксина гузаронида шудааст.

Мавсуф қайд намуд, ки ваксина яке аз роҳҳои асосӣ ва бехатарии пешгирӣ аз сироятёбии коронавирус буда, ваксинаҳо дар байни 184 давлати ҷаҳон қабул шудааст. Баҳри муҳофизати аҳолӣ аз сироятёбии коронавирус Ҳукумати ҷумҳурӣ ваксинаҳои бехатар ва самаранокро ворид намуда истодааст. Танҳо дар асоси тадқиқоти илмии васеъ, дақиқ ва ҳамаҷониба ваксинаҳои зидди COVID – 19 дар ҷумҳурӣ барои тавсия ва амалӣ мегарданд, изҳор дошт Т.Усмонова.

Дар фарҷоми барномаи омӯзишӣ ба иштирокчиён аз ҷониби ташкилкунандагони он сертификатҳову туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh