ПАРВАРИШИ КАБК – БОЙГАРДОНИИ ТАБИАТИ КИШВАР

Ҳини сафари кории худ ба вилояти Суғд рӯзи 28-уми июли соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими сар додани 200 сар кабк ба мамнуъгоҳи мавзеи Санги Кӯҳнаи Ҷамоати деҳоти Анзоб иштирок намуданд.

Чуноне ба мухбирамон муовини раиси Идораи хоҷагии ҷангали вилоят Тоҷиддин Насриддинов изҳор дошт, ин амал тибқи дастуру супориши Пешвои муаззами миллат буда, бо иқдоми Идораи хоҷагии ҷангали вилоят дар бахши ноҳиявӣ парвариши кабки кӯҳӣ ба роҳ монда шуд ва дар рӯзҳои сафари кории Сарвари давлат дусад адад кабк ба мамнуъгоҳ сар дода шуд. Минбаъд ин иқдом идома ёфта, теъдоди ин парандаи нодир, ки ба Китоби сурхи кишвар дохил карда шудааст, торафт афзун гардонида хоҳад шуд.

‐Мақсадамон зиёд намудани кабки кӯҳӣ, ки хонишу садои дилфиреб дорад, бой гардонидани маҳалҳои кишварамон бо ин намуди паранда, ҳамчунин ҷалби сайёҳон ба тамошои табиати зебоманзару афсункори ноҳияи Айнӣ мебошад,иброз дошт Тоҷиддин Насриддинов. Имрӯз ин кабкони хушилҳон дар кӯҳсорони деҳоти ноҳия хушхонӣ доранду бо садои форамашон дилҳоро аз фараҳ лабрез мегардонанд. Дар хотирам ҳаст, аввали солҳои дуҳазорум, ки бо эҳтимоми Президенти мамлакатамон баҳри сафари ҳаҷ ба мардуми кишвар роҳ кушода шуд, аз ноҳияи Айнӣ як нафар ҳоҷибобо ба идораи рӯзномаамон нома навиштанд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳангоми сафарашон бо як нафар марди араб ҳамсӯҳбат шуданд. Ӯ пурсон шуд, ки аз кадом кишвар мешавад, ин сарзамин дар куҷо ҷой гирифтаасту обу ҳавояш чӣ гуна асту мардумонаш чӣ хеланд. Вай дар ҷавоб гуфт, дар сарзаминамон рӯду дарёчаҳои шӯху обашон шаффофи кӯҳӣ бо садои форами худ ҷорӣ мешаванду заминҳоро шодоб мекунанд.

Дар боғоти доманфарох меваҳои шаҳдбору хушлаззат парвариш мекунанд. Баъди меҳнати босамар мардуми озодаву меҳнатдӯсту боҳунар дар катҳои кандакоришудаву мурассаъ менишинанду дам мегиранду аз он неъматҳои рӯёнидаашон тановул мекунанд. ‐Оё шумо дар бораи боғҳои биҳишт мегӯед?‐мепурсад марди араб. Ин сарзамин зодгоҳи ман аст,‐мегӯяд ҳоҷибобо. Ана ҳамин лаҳзаҳои сӯҳбаташро бо эҳсоси ифтихор аз тоҷику тоҷикистонӣ буданаш ба рӯзнома навишта буд як нафар шаҳрванди одии ноҳия. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ манзараҳои деҳоти ноҳия, кӯчаву роҳҳо боз ҳам ободтар гаштанд, иншоотҳои бисёри иҷтимоиву фарҳангӣ, таълимиву нигаҳдории тандурустӣ ба хизмати мардум дода шуданд. Ҳини сафари дирӯзаи худ Пешвои муаззами миллат аз намоиши маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан карда,гуфт сардори Идораи кишоварзии ноҳия Мансур Носиров,ба маҳсулоти боғоти мева ва занбӯриасалпарварӣ баҳои баланд доданд. Ҳақиқатан ҳам баъд аз эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30‐солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳия беш аз 11 гектар боғи нави интенсивӣ бунёд карда шуд, ки асосан ба парвариши себ, сиёҳолу, зардолу нигаронида шудааст.

Ҳамаи ин бунёдкориҳо, фаровонии дастархони мардум аз ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ, дастгирии соҳибкорӣ, шароити мусоид фароҳам овардан ба фаъолияти деҳқонону боғпарварон аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст, мегӯяд Мансур Носиров. ‐Аҷоибаш ҳамин аст, ки дар Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия меваҳо дар мӯҳлатҳои гуногун пухта мерасанд, мегӯяд сардори идораи кишоварзӣ. Чунончӣ ҳини сафари Ҷаноби Олӣ дар Ҷамоати деҳоти Анзоб, деҳоти Ғаберуд, Ҷамоати деҳоти Шамтуч ва Фондарё зардолу дар ҳолати ғӯрагӣ буд ва дар ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ ва Рарз зардолу пухта расида. Бо дидани ин манзара аз мӯъҷизаҳои табиати фусункор дар як гӯшаи сарзаминамон Ҷаноби Олӣ ба ваҷд омаданд. Умуман дар ноҳия то охири моҳи сентябр зардолу пухта мерасаду ғунучин мегардад. Дар кӯҳу дараҳои ноҳия анвои бисёри гиёҳҳои шифобахш мерӯяд, зикр намуд сардори идораи кишоварзӣ. Ва аз ин боис таъму лаззати асали кӯҳҳои ноҳия нотакрор мебошад. Ба сифати асал, ки дастранҷи занбӯриасалпарварони ноҳия аст, Ҷаноби Олӣ баҳои баланд дода, тавсия намуданд, оилаи занбӯр ва маҳсулоти он тадриҷан афзун гардонида шавад.

Ҳамин тавр, алҳол баҳри аввали баҳорон бо сабзавоти барвақтӣ таъмин намудани сокинони деҳот бунёди гармхона идома дорад, ки дар он парвариши помидору бодиринги барвақтӣ ба роҳ монда мешавад.

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh