Раиси вилоят собиқадори меҳнат Ширин Қамбаралиеваро аёдат кард

Дар доира сафари корӣ ба шаҳри Конибодом рӯзи 12 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Ширин Қамбаралиеваро аёдат намуд.

Ширин Қамбаралиева солҳои зиёд дар соҳаи хизмати давлатӣ, соҳаи маориф ва ҳам кишоварзӣ фаъолият бурда, сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аст. Ӯ  соҳиби 5 фарзанд, 12 набера, 10 абера буда,  3 июли соли 1949 ба дунё омадааст.

Мавсуф зиёда аз 13 сол ҳамчун раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, баъдан муовини раиси корхози ба номи Ашӯрмат Қодиров ва раиси коперативи истеҳсолии «Истиқлолият” фаъолият намудааст.

Раиси вилоят ба собиқадори меҳнат тансиҳативу саодати рӯзгорро таманно карда, ба ӯ кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh