БОНУВОН ВА МАСИРИ ИСТИҚЛОЛ

Бо чунин унвон конфронси вилоятӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид.

Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят Хуршедахон Хоҷазода ҷамъомадагонро бо фарорасии ҷашни ҳумоюнӣ шодбош гуфт. Қайд карда шуд, ки Истиқлолият хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан буда, нақши занон дар ҷомеа басо бузург аст ва онҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат дастгирии ҳамаҷониба мебинанд. Ин аст, ки занону духтарон ҷавобан ба ғамхориҳои рузафзӯни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт заҳмати беандоза мекашанд.

Баъдан сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба муҳоҷират дар даврони соҳибистиқлолӣ», сарвари Маркази солими репродуктии вилоят Раъно Меҳмонова дар мавзӯи «Солимии зан дар даврони Истиқлолият», шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаҳои Камоли Хуҷандӣ ва Маҳастӣ, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Паёми Суғд» Гулноз Тоҳириён дар мавзӯи «Истиқлолият ҳамчун муқаддасоти миллӣ» ва директори ташкилоти ҷамъиятии «Насл» Орзухон Ғаниева дар мавзӯи «Зи Истиқлол сарфарозем» (татбиқи сиёсати гендерии Ҷумҳурии Тоҷикистон) сухан гуфтанд.

Дар фарҷом як қатор фаъолон ва мудирони шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳру ноҳияҳо бо Сипосномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят тақдиронида шуданд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh